БА ТАБРИКИ ШОИР 0 26 Мубодила кардан Аз субҳ ҳамеша ҷониби шом равем, Зи оғоз ҳамеша сӯи анҷом равем. Бо ном агар равем, ҳеҷ аст аҷал, Тарсем аз он аҷал, ки бе ном равем. Ин мисраҳои машҳури Ҳақназар Ғоиб рӯзноманигор, шоир, тарҷумон, узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон, Шоири халқии Тоҷикистон, барандаи Ҷоизаи давлатии Тоҷикистон ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ ва Ҷоизаи ба номи Шамсиддин Шоҳин мебошанд. Устод 7 январи соли 1943 дар деҳаи Офтоблиқои ноҳияи Кӯлоб чашм ба олами ҳастӣ кушодааст. Намояндагони раёсати коллеҷ ба хонаи устод барои табрики ӯ ташриф оварданд. Ба устод Ҳақназар Ғоиб сиҳатию саломатӣ, умри дароз ва дар эҷодиёташон мувафақиятҳои нав ба навро орзумандем. Пеш 1 то 2 саҳифа Баъдӣ 0 26 Мубодила кардан