ПАЁМИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ-РАҲНАМОСОЗИ ҶОМЕА БА ФАРДОИ НЕКУ СОЗАНДА

0 10

      Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, яке аз санадҳои муҳимми расмӣ, барномавӣ ва муайянкунандаи самтҳои фаъолияти давлатдории миллӣ буда, як силсила масъалаҳои ҳаёти ҷамъиятию сиёсӣ ва иҷтимоию иқтисодии кишварро ҳамаҷониба таҳлил намуда, барои рушди устувори ҳар як соҳа ва рафъи камбудиҳои ҷойдошта, дастуру супоришҳои мушаххас дода мешаванд.

       Паёми навбатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ 28–уми декабри соли 2023 ироа гардид. Моҳияти Паёми имсола дар муқоиса ба дигар паёмҳо фарогир ва дар низоми сиёсӣ, иҷтимоӣ–иқтисодӣ ва фарҳангии кишвар таҳаввулофар буд.

         Саҳм гузоштан дар иҷрои ҳар як нуктаи Паём – ҳисси ватандӯстии ҳар яки моро ба Ватани худ ва сидқан вафодор буданро нишон медиҳад. Инчунин, барои ба даст овардани бузургтарин неъматҳои инсонӣ, бунёдкориву созандагӣ, замина гузоштан ба пояҳои рушди дурнамои давлатдорӣ ҳидоят менамояд.

Аз Паёми Сарвари мо бӯи Ваҳдат мерасад,

Бӯи гулбоғи муҳаббат бо саодат мерасад.

Мешавад ободу зебо ҳурмакони тоҷикон,

Чун сафои Пешвои халқу миллат мерасад.

Сарфарозиҳои мо аз Ваҳдату созандагист,

Иттиҳод оне, ки дорад бар саломат мерасад.

     Паёми Пешвои муаззами миллат мустақиман дар кулли шабакаҳо пахш гардида, тамоми идораҳо, донишгоҳҳову мактабҳо, китобхонаҳову марказҳо ва ҳама нуқтаҳову корхонаҳо шароити хуб фароҳам оварда, ҳамагӣ якҷо ба Паём бо шӯру шавқи хос ва эҳсоси баланд гӯш медоданд. Ҳар нафаре бардошт ва фикру ақоиди худро иброз намуда, дар шабакаҳои иҷтимоӣ паҳну нашр менамуд. Ин сана нишасти одиву содаи солона набуда, дар таърихи миллат ҳамчун ид ва санаи муборак боқӣ хоҳад монд.

      Пешвои маҳбубу накӯсириштамон ҳамеша дар сиёсати худ маорифро дар ҷойи аввал мегузоранд ва дар Паёмашон низ зиёде аз суханҳову ишораҳояшон зимни ин масъала буда зикр намуданд, ки маориф калиди пешрафти ҳама соҳаҳост. Сарвари давлат ба масъалаи илму маорифи миллӣ ва рушду тараққии он пайваста таваҷҷуҳ зоҳир намуда,таъкид менамоянд, ки олимону мутахассисони ҷавонро кашф ва тарбия намудан вазифаи асосии ҳар як фарди соҳибхиради ҷомеа мебошад. Рушду ташаккул ва эҳёи давлатдории миллӣ, инкишофи илму техника ва истифодаи васеи дастовардҳои он дар соҳаҳои гунонуни ҳаёти ҷамъиятӣ аз ҷумлаи амалҳоест, ки танҳо бо воситаи истифодаи нерӯи зеҳниву ҷисмонии насли ҷавон иҷро гардиданашон имконпазир мегардад.

    Сарвари давлат аснои ироаи Паёми худ ба масъалаи донишандӯзӣ ва фаъолияти густурдаи занону бонувон диққати махсус зоҳир намуданд. Қайд карда шуд, ки солҳои пеш дар ҷомеаи мамлакат фарогирии камтари духтарон ба таҳсилоти пурра ба назар мерасид. Аммо бо ташкил гардидани квотаҳои президентӣ барои духтарону бонувон сатҳи саводнокии онҳо ба таври назаррас боло рафта, тӯли ин солҳо зиёда аз 15000 ҷавондухтарон муассисаҳои олӣ ва миёнаи касбиро тавассути квотаҳои президентӣ хатм намуда, дар пешбурди сиёсати давлатии Ҳукумати кишвар саҳми худро гузошта истодаанд. Новобаста ба ин сатҳи саводнокӣ ва дараҷаи ба таълиму тадрис фаро гирифтани духтарон дар кишвар ҳоло ҳам дар сатҳи қонеъкунанда қарор надорад. Аксаран ин мушкилот ба таълими нопурра гирифтан ва дар муассисаҳои олии таълимӣ таҳсил нанамудани духтарон вобаста аст. Сарвари давлат роҳи ҳалли мушкилоти мазкурро дар тарбияи дурусти оилавӣ ва дарки масъулияти волидон дар назди фарзанд ва ҷомеа меҳисобанд. Ба қавли Пешвои миллат, барои баланд бардоштани сатҳи саводнокиву маърифатнокии ҷомеа моро зарур аст, ки аввал саводнокиро дар оилаҳо баланд бардорем то падару модарон худ соҳибхирад гарданду дар роҳи таълиму тарбияи саривақтӣ ва дурусту пурраи фарзандони худ восита бошанд.

     Месазад, ки мо, аҳли омӯзгорон ва тарбиятгарони насли ҷавон суханҳои марворидгунаи Пешвои азизамонро сармашқи кори худ қарор дода, дар ёду ҳофизаи худ барои ҳамеша сабт намоему мӯҳр занем, зеро ин гуфтаҳову ин таъкидҳову ин тавсияҳо равшангару зебоибахшанда ва раҳнамои масири имрӯзу фардои мо хоҳад шуд. Зиҳӣ Пешвои миллат!

Назарова Зулфия — декани факултети Кори момодоягӣ

Дигар маълумотҳои ин категория

Шарҳ додан

Суроғаи почтаи электронии шумо нашр карда намешавад.