МОДАРОНИ СОҲИБИЛМУ ДОНИШМАНД-КАФИЛИ НАСЛИ СОЛИМУ СОЗАНДА

0 13

     Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо такя ба модарони заҳматқарини кишвар дар суханронии худ ба ифтихори Рӯзи Модар иброз намуда буданд: “Ман ба неруи ақлонию зеҳнии занону модарони кишвари хеш такя месозам, чунки пешрафту шукуфоӣ ва ояндаи ҳамин миллати тамаддунсоз, сарзамини биҳиштосо, фарҳангу арзишҳои миллӣ ва ояндаи наслҳои имрӯзу ояндаи миллат ба занону модарон вобаста аст”.

Зан-Модар офарандаи ҳаёт аз азал дар бунёд гузоштану обод кардани зиндагии инсоният нақши бориз дорад. Ишқу муҳаббат, самимияту вафодорӣ, дӯстдорию меҳрварзӣ, оромишу осоиш, амсоли ин, вожаҳоеанд, ки аз модар сарчашма гирифта, ба атроф реша паҳн месозанд. Модар олиҳаи ҳусну таровати зебоӣ, бо ҳастии худ ҳаёти моро мунаввару зиндагиамонро шодмон месозад. Модар сарчашмаи муҳаббатти беканор, аз ҷумла қиматтарину азизтарин шахс дар олами ҳастӣ мебошад. Меҳри беҳамтои модар ба мисли хуршеди олам аст, ки ба тамоми олам саховатмандона нур мепошад ва ишқи поки модар ба мисоли чашмаҳои пурҷӯшест, ки дашту биёбонро гулистон мекунад.

Зан агар олиҳаи ҳусни замин гӯям кам аст,

Зан агар дар хонадон ҳуснофарин гӯям кам аст.

Гар набошад зан барои мо ҳаёту шодӣ нест,

Зан чароғи нозанини зиндагӣ гӯям кам аст.

            Дар тамоми ҷабҳаҳои зиндагӣ — иҷтимоиёт, иқтисодиёт, сиёсат, илм, маориф, фарҳанг ва ғайра нақши занон бағоят бузург аст. Зан — модар, тарбиятгар, кадбону, завҷа; зан — омӯзгор, олима, ходими илм, арбоби илму фарҳанг; зан — ходими давлатию ҷамъиятӣ, сиёсатмадор. Дар ин бобат номи садҳо бонувони тоҷикистониро метавон номбар кард, ки ифтихори давлату миллати куҳанбунёду тамаддуновари мо ҳастанд.

Дар рушду таҳаввули бахшҳои мухталифи ҳаёт, бахусус илму маориф саҳми занони Тоҷикистон назаррас ва шоёни таҳсин аст. Дар соҳаҳои физикаю техника, кимиёву биология, тиббу равоншиносӣ, иқтисоду сиёсат, таъриху филология, ҳуқуқу фалсафа, педагогикаю санъат ва бахшҳои дигари илм дастоварҳои олимаҳои тоҷикистонӣ қобили таърифу тавсиф аст. Занҳои Тоҷикистон соҳиби дараҷаи илмӣ (номзаду доктор), унвонҳои илмӣ (дотсенту профессор, ходимони калону пешбар), арбобони шоистаи илму маориф, аъзои вобаста ва академикҳои Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва академияи дигар мамолики олам, раҳбарони муассисаҳои илмиву таълимӣ (ректору муовини ректор, директору декан, мудири озмоишгоҳҳову кафедраҳо) мебошанд.

Дастовардҳои олимаҳои тоҷикистонӣ дар тамоми бахшҳои илм хеле ҷолиб ва қобили қайданд. Дар байни олимаҳои мо махсусан олимаҳои бахши илми тиб нисбатан сершумор ва хеле фаъол буда, онҳо дар бартараф, пешгирӣ ва муолиҷа намудани бисёр касалиҳо корҳои зиёдеро ба сомон расонидаанд. Асарҳои бузургҳаҷму дорои аҳамияти калони илмидоштаи онҳо дар соҳаҳои гинекология, терапия, педиатрия, офталмология, кардиология, фармакология на танҳо дар кишвари мо, балки берун аз марзи он ҳам маълуму машҳуранд.

Дар соҳаҳои риёзӣ, физика, кимиё, биология, адабиёт, таърих, фалсафа, иқтисод низ олимаҳои тоҷикистонӣ корҳои илмии шоиставу арзандаро анҷом додаанд. Илова бар ин, онҳо бо олимони бурунмарзӣ робитаҳои илмиро барқарор карда, дар бисёр тадқиқоти илмӣ ҳамкории бевосита доранд.

Назарова Зулфия      декани факултети кори момодоягӣ

Дигар маълумотҳои ин категория

Шарҳ додан

Суроғаи почтаи электронии шумо нашр карда намешавад.