КОНСТИТУТСИЯ САНАДИ САРНАВИШТСОЗИ МИЛЛАТ 0 7 Мубодила кардан Конститутсия шоҳсутун, бахтномаи миллат ва тақдирсози имрӯзу фардои дурахшони давлати Тоҷикистон ба ҳисоб меравад. Ҳифзу эҳтироми он барои ҳар як фард қарзи шаҳрвандӣ аст. Ин санади тақдирсоз ҳамчун шаҳодатномаи адолатхоҳӣ, бунёдкорӣ ва ваҳдаталабӣ маҳсуб ёфта, барои бунёди давлатдории миллӣ ва мустаҳакам нигоҳ доштани пояи он Конститутсия ҳамчун ҳуҷҷати устувори таърихӣ эътироф гардидааст. Ин санади муқаддас бо азму иродаи халқ роҳи рушду такомул ва ҷомеаи моро муайян менамояд. Ба ҳайси ҳомии қонуни асосӣ, кафили истиқлолияти миллӣ ва пойдориву бардавомии давлат Конститутсия ҳамчун баёнгари таносуби ҳама нерӯҳои иҷтимоии ҷомеа ва ҷавобгӯи манфиатҳои ҳамаи онҳо буда, чунин давлатеро бунёд гузошт, ки ба ҷузъ хидмат ба мардум ва амалӣ намудани ормонҳои он дигар мақсаде надорад. Пешрафт, инкишоф ва рушди ҷомеа ба шарофати Конститутсия буда, пеш аз ҳама таъмини волоияти қонун асоси воқеии ин ҳуҷҷати таърихӣ ба шумор меравад. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паём ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон санаи 28.12.2023 қайд намуданд, ки: … Бинобар ин, пешниҳод менамоям, ки соли 2024 ба ба ифтихори 30-юммин солгарди Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон «Соли маърифати ҳуқуқӣ» элон карда шавад». Аз ин лиҳоз, тарбияи ҳуқуқии шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон яке аз самтҳои афзалиятнок ва муҳимми сиёсати пешгирифтаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шумор рафта, асоси бунёди ҷомеаи шаҳрвандиро ташкил медиҳад, ки он аз Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки соли 1994 қабул гардидааст, Тоҷикистонро ҳамчун давлати демократӣ ва ҳуқуқбунёд эълон мекунад. Мавриди зикр аст, ки дар ташаккули давлати ҳуқуқбунёд ва ҷомеаи демократӣ нақши Конститусия басо созгор аст. Зеро Конститутсия дар бунёди давлати ҳуқуқбунёд ҷавҳари ҳама гуна муносибатҳои ҷамъиятӣ буда, волоияти қонун ва низоми муаяйни ҳуқуқиро таъмин менамояд. Конститутсия ҳамчун санади сарнавиштсоз ва пайвастани он бо ҷомеаи ҷаҳонӣ, ҳифзи манфиатҳои миллиии давлатдорӣ дар таъмини сулҳу субот, ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд нақши муҳими таърихӣ дорад. Инкишофу пешрафти ҷомеа бахусус давлатҳои рушдёбанда талаб менамояд, ки низоми мақомоти ҳокимияти давлатӣ, муносибату ҳамкориҳои мутақобилаи онҳо таҳким ёбад. Идоракунии давлатӣ боз ҳам муназзаму мукаммал ва самараноку пурмаҳсул гардад, то ки ҷомеа боз ҳам пеш рафта, сатҳи зиндагии мардум беҳтару хубтар гардад. Бунёди давлати ҳуқуқбунёд ҳар яки моро вазифадор месозад, ки риояи ҳатмии қонун пеш аз ҳама меъёрҳои Конститутсиониро таъмин намоем, зеро риояву иҷрои қонун, яъне волоияти қонун шарти муҳимтарини эъмори давлати ҳуқуқбунёд ба шумор меравад. Мусаллам аст, ки қариб тамоми давлатҳои ҷаҳон Конститутсияи худро доранд ва дар он хусусиятҳои давлатдории миллии онҳо дарҷ гардидааст, зеро Конститутсия ба инъикоси воқеияти давлатдории миллӣ нигаронида шуда, давлатро рушд ва ташаккул медиҳад. Ҳамзамон, давлат дар навбати худ, Конститутсияро ба вуҷуд оварда, мазмуну ҳудуди амали онро муқаррар менамояд. Аз ин рӯ ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон се маротиба: 26-уми сентябри соли1999, 22-юми июни соли 2003 ва 22-юми майи соли 2016 таѓйиру иловаҳо ворид гардидааст. Дар таҳия ва омодасозии Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон нақши Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ниҳоят назаррас аст. Конститутсия рамзи олии ватану ватандорӣ, ҳомии сулҳу субот ва ягонагиву якпорчагии давлати тоҷикон ба шумор меравад. Конститутсия ба ҳар кас ҳаққи зиндагӣ дода, аз номи давлат дахлнопазирии шахсро кафолат медиҳад. Конститутсия вобаста ба хислати худ ҳуҷҷати барномавие, мебошад, ки дурнамои пешрафт ва рушди Тоҷикистонро барои имрӯзу ояндаи кӯтоҳмуддат, миёнамуҳлат ва дарозмуҳлат муаяйн менамояд. Нақши Конститутсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ташкили давлатдории миллӣ ҳамчун ҳуҷҷати муҳимми сиёсӣ дар байни вазифаҳои мафкуравию муассисӣ, сиёсиву ҳуқуқӣ ва дигар вазифаҳои худ беш аз ҳама вазифаи муқаддастарин, яъне муттаҳидгардонии давлат, ҷомеа ва халқи тоҷикро инъикос менамояд. Бо ифтихор ва фараҳмандӣ метавон иброз дошт, ки Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун як дастоварди беназири таърихӣ ба шумор рафта, нақши он дар бунёд ва поягузории давлати соҳибихтиёру демкоратӣ ва озоду ҳуқуқбунёд басо созгор аст. Ҳакимова Фирӯза. Омӯзгори МДТ «Коллеҷи тиббии ш.Кӯлоб ба номи Раҳмонзода Р.А» 0 7 Мубодила кардан