Дар шароити кунунӣ, маҳз дар марҳилаи босуръат тағйир ёфтани авзои ҷомеаи ҷаҳонӣ, муҳимтарин иқдоми Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар роҳи ҳифзи дастовардҳои истиқлолият, ин мубориза бо унсурҳое чун терроризму экстремизм ва тафриқаандозию бегонапарастӣ мебошад. Маҳз дар чунин шароит вазифаи ҳизб ва ҳар як аъзои он иборат аз он аст, ки мардум ва бахусус ҷавононро аз фирефта шудан ва гаравидан ба ақидаҳои ифротӣ ҳимоя кунанд ва онҳоро ба роҳи рост ҳидоят намоянд. Эҳсоси ватандӯстию меҳанпарастиро дар вуҷуди ҷавонон бедор намоянд.
Рисолати Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон аз он иборат аст, ки бояд ҳарчӣ бештар ба халқ наздик бошад, яке аз муваффақиятҳои ҳизб ҳам дар ҳамин аст. Имрӯз яке аз самтҳои муҳими кори ҳизб аз он иборат аст, ки ҳамаи ҳизбиён, бояд сиёсати пешгирифтаи давлату ҳукуматро миёни мардум таблиғу ташфиқ намоянд, ба ҳама ангезаҳои номатлуби ҷомеа ва ақидаҳои носолим саривақт баҳои воқеи ва сазовор диҳанд. Яъне вазифаи ҳизбиён ҳамеша миёни мардум будан аст.
Чуноне, ки маълум аст 30-соли сипаришуда, аз фаъолияти Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон собит сохт, муваффақияти асосии ҳизб дар он аст, ки аз рӯзҳои аввали ба майдони сиёсат омаданаш ба халқ такя кард ва бо роҳандозии барномаҳои мукаммал тавонист нерӯи тавонои халқро ба самти ободии Ватан равона созад.
Дигар муваффақияти ҳизб аз он иборат аст, ки тавонист дар ҳама манотиқи кишвар халқро атрофии ғояҳои созандагию бунёдкорӣ муттаҳид созад. Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон баъд аз таъсис ёфтан фаъолияти хешро дар се самти муҳим амалӣ мегардонад. Аввалан, саъю талоши ҳизб ин бо мақсади ба эътидол овардани вазъи сиёсии кишвар аз роҳи ҳифзи манфиатҳои миллӣ. Дуюм, ин ташаккули афкори ҷомеа дар роҳи шинохти моҳияти давлатдории миллӣ. Сеюм, ин сафарбар кардани нерӯи бузурги халқи меҳнатқарини тоҷик ба ободонии Ватан ва ташаккули таффакуру завқи баланди созандагии мардум.
Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон воқеан дар ин се самти зикршуда ба муваффақиятҳои бузург комёб шуд. Чун ҳар се омили дарҷ гардида ба суботи сиёсӣ, рушди андешаи миллӣ ва созандагиву ободонии Ватан мусоидат карда, ба таҳкими истиқлолияти давлатӣ заминаҳои устувор фароҳам оварданд.
Чуноне, ки Раиси муаззами ҳизб, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид мекунанд «Истиқлолият ин хонаи обод, сари баланд, зиндагии осоишта ва рӯзгори осудаҳолонаи ҳар фарди соҳибдавлату соҳибватан аст». Ин сухани ҳикматомези Пешвои муаззами миллатро ҳар як узви ҳизб бо масъулияти баланд қабул намуда, дар роҳи пешбурди сиёсати давлат ва таҳкими дастовардҳои истиқлолият саҳми худро мегузоранд.
Бояд қайд кард, ки рисолати аслии ҳар як нафар узви ҲХДТ дар замони имрӯза аз он иборат аст, ки саҳми худро дар роҳи таҳкими дастовардҳои истиқлолият, ин пеш аз ҳама ватандустӣ, ҳимояи шаъну шарафи давлат, фаъолиятнокӣ дар корҳои ҷамъиятӣ, тарбияи дурусти фарзандон, асолатмандӣ, дури аз тақлиду бегонапарастӣ устувор мондан дар муқобили ҳама гуна фитнаву даъсисаҳои душманони миллат, анҷом додани амалҳои бунёдкорона ва амсоли инҳо мебошад.
Хулосаи ин андешаҳоро чунин маънидод бояд кард, ки вазифаи ҳизбиён дар замони имрӯза бояд аз инҳо иборат бошад;
— Манфиатҳои миллиро аз ҳама боло гузошта, ҳисси ифтихор аз давлати соҳибистиқлолро бештар намоянд.
— Сиёсати сулҳҷуёнаву башардӯстонаи давлату ҳукуматро тарғиб карда, дар зеҳни ҳар як фарди ҷомеа, ҳисси инсондӯстӣ, аҳамият ва қадру қимати сулҳу Ваҳдатро тарбия намоянд;