ҲХДТ – ҲИЗБИ ҲАМҚАДАМИ ҶОМЕАИ МУОСИРИ ТОҶИКИСТОН

0 11

Тамоми сайю талоши ҲХДТ «Барои Ваҳдати миллӣ, сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ, созандагиву ободонӣ, рушди устувори иқтисодӣ ва зиндагии шоистаи мардум»Эмомалӣ Раҳмон

Воқеан, ҳам Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон таҳти роҳбарии Раиси муаззами ҳизб, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, имрӯз ба як неруи созандаю бунёдкор ва масъулиятшинос табдил ёфтааст.

Дар он марҳилае, ки Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, ҳамчун як тифли навзод по ба арсаи ҳаёт гузошт, давраи пур аз мушкилоту ноумедӣ ва санҷишҳои вазнин буд. Мардум на ба созмонҳои сиёсӣ бовар дошту на ба афроди ѓайриҳизбӣ, маънавиёти ҷомеа рӯ ба хароби оварда буд, баъзе гурӯҳҳо дар зери ниқоби ислом, ҳизбу ҳаракатҳо ташкил дода, даст ба амалҳои фитнаю дасисабозӣ зада буданд.

Ҳамин буд, ки боварии ҷомеаро ба даст овардан, онҳоро бо роҳи рост ҳидоят кардан, кори саҳлу осон набуд. Ин вазъият, маҳорат, малака, истеъдоду ҷонфидоӣ талаб мекард.

Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ба сифати як ниҳоди фаъолу низоми сиёсии ҷомеа аз рӯзи нахустини таъсисёбиаш бо дарки баланди масъулиятшиносӣ ва мақсадҳои волои амалӣ намудани ормонҳои мардуми шарифи Тоҷикистон дар майдони сиёсат қадамҳои устувор монда, дар тули фаъолият ҳизб зимни иштироки бевосита дар раванди инкишофи кулли соҳаҳои ҳаёти иқтисодию иҷтимоӣ тавонист қариб ҳама ҳадафҳои барномавиашро тадбиқ созад. Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон аз рӯзи аввали таъсисёбиаш боварии мардумро ба даст оварда, дар муддати начандон тулонӣ мардуми шарифи Тоҷикистон бовар ҳосил кард, ки Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон воқеан ҳам, ҳизби мардумӣ мебошад ва ҳадафҳои ниҳоиаш баҳри сулҳу суббот, ваҳдату ягонагӣ, созандагӣ ва рушди босуботи Тоҷикистони соҳибистиқлол равона шудааст. Маҳз бо кору пайкораш Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон собит кард, ки метавонад рисолати имрӯзу ояндаи миллатро ба даст гирифта, ҳамчун ҳифзи пешоҳанг ҷомеаро ба сӯи ояндаи дурахшону пурсаодат раҳнамои кунад ва то имрӯз ин рисолату масъулияти бузурги таърихи бар души ӯ мебошад.

Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар тули фаъолияти 30-солаи хеш мушкилот ва ҳодисаву таҳаввулотҳои зиёдеро паси сар намуда, ҷиҳати ташаккули ҷомеаи шаҳрванди ва муттаҳидсозии мардум, пешрафту тараққиёт ва тақвияти соҳаҳои мухталифи ҷомеа, вобаста ба тақозои ҷаҳони муосир нақшаву барномаҳо ва стратегияҳои миллии ояндадорро рӯи кор овард, ки ба пешрафти Тоҷикистони муосир мусоидат намуданд. Он дастовардҳое, ки дар даврони соҳибистиқлолӣ ба даст омадаанд, натиҷаи заҳматҳои шабонарӯзи аъзо ва ҷонибдорони Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон зери роҳбариву ҳидоятҳои судманди Раиси муаззами ҳизб, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон амалӣ гардидаанд.

Воқеан, талаботи замон ин аст, ки ҷомеаи моро дигар бо суханпардозиву ваъдаҳои пуч пешрафт нашояд. Балки вақти он аст, ки ақлу фаросат, донишу маҳорат, ҳидояту ҷалби мардум ба корҳои созандагиву бунёдкорӣ амалӣ карда шаванд. Имрӯз сатҳи фарҳангиву маърифати сиёсиву ҳуқуқии мардум боло рафтааст. Бинобар ин зарур аст, ки ба талаботи ҷомеа мутобиқ бошем.

Бояд гуфт, ки Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон аз рӯзҳои аввали ба фаъолият шурӯъ кардан дар хизмати мардум аст. Зеро ин ҳизб аз иродаи мардуми шарифи Тоҷикистон маншаъ гирифта, ҳамчун ниҳоди боэътимоди мардуми ба арсаи сиёсати кишвар ворид шуд. Яке аз муваффақиятҳои ин ҳизб дар он аст, ки барномаву нақшаҳои давлату ҳукуматро миёни мардум тарғибу ташвиқ мекунад.

Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар тули фаъолияти 30-солаи худ садоқати худро ба соҳибистиқлолии кишвар ба таъмину амнияти ҷомеаи Тоҷикистон таъкид намуда, мунтазам дар пайи ҷустуҷӯи роҳҳои ҷадид барои пешрафти рушди Ватани маҳбуби мо Тоҷикистон мебошад.

Яке аз сабабҳои асосии маҳбубияти бузурги ҷомеаро соҳиб шудани Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ба дарди мардум хурдани ҳадафҳои барномавии он мебошад, ки муҳимтарини онҳо таъмини сулҳи пойдор, таҳкими давлатдорӣ бар асоси рукнҳои қонун фароҳам овардани рӯзгори сазовор эҳёи анъанаҳои фарҳанги миллати қадимаи тоҷик мебошанд.

Хурсандибахш ҳаст, ки сиёсати пайгирона ва хирадмандонаи Раиси муаззами ҳизб, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон давлату ҷомеаи моро зина ба зина ба сӯи қуллаи мурод раҳнамун месозад.

Аз ин хотир масъулияти мо ҳизбиён бештар гардида, бояд барои амали шудани ҳадафҳои олии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон тамоми талоши худро карда бошем, зеро Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ҳизби халқ буда, ҳамеша бо халқ аст ва барои ҳаёти бо саодату дурахшони халқ талош мекунад.

Лоҷварбии Амирзод.

Омӯзгори кафедраи «Табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ»

Дигар маълумотҳои ин категория

Шарҳ додан

Суроғаи почтаи электронии шумо нашр карда намешавад.