НАҚШИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ МУҲТАРАМ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН ДАР РУШДИ ҲХДТ

0 10

Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон яке аз ҳизбҳои муҳими сиёсии кишвар ба ҳисоб рафта, имсол он 30-солагии таъсиси худро ҷашн мегирад. Ҳизби мазкур дар давраи душвори пас аз ҷанги шаҳрвандии Тоҷикистон таъсис ёфта, бо роҳбарии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомали Раҳмон он ба яке аз қувваҳои пешбарандаи ҷомеа баҳри таҳкими сулҳ, суббот ва рушди устувори кишвар табдил ёфт.

            ҲХДТ 10-уми декабри соли 1994 бо ташабуси сарвари давлат дар даврае таъсис ёфт, ки Тоҷикистон пас аз ҷанги шаҳрванди дар ҳолати душвор қарор дошт. Бо ташаббуси Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои барқарор кардани сулҳ, суббот дар кишвар ва рушди иҷтимоию иқтисодии кишвар як ҳизби тавоно таъсис ёфт. Он бо шиор ва ҳадафҳои муайяншуда-  сулҳ, вахдат ва рушди устувор ба саҳнаи сиёсӣ ворид шуд ва кӯшиш ба харҷ дод, ки ҷомеаро барои барқарории сулҳ ва дастгирии амнияти миллӣ мутаҳид созад.

              Саҳми Пешвои миллат дар рушди ҲХДТ

     Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон натанҳо муассиси ҲХДТ балки раҳбари маънави ва ин ҳизб ба ҳисоб мешаванд. Дар тули 30 сол Президенти кишвар таввасути ин ҳизб тавонист сиёсати сулҳу суботро дар кишвар такмил диҳанд ва баҳри беҳбуди шароити зиндагии мардум барномаҳои муҳимро рӯи даст гирад.

            ҲХДТ зери роҳбарии сарвари давлат ба татбиқи стратегияҳои рушди миллӣ аҳамияти хоса медиҳад. Кӯшишҳои сарвари давлат натанҳо барои беҳбуди иқтисодиёт, балки ба пешрафти соҳаҳои маориф, тандурустӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ низ равона гардиданд. Бояд гуфт, ки ҳизб инчунин давоми 30 сол тавонист макоми як ҳизби мардумиро соҳиб гардад, ки манфиатҳои миллат ва давлати Тоҷикистонро ҳамеша дар мадди аввал мегузорад.

          Дастовардҳо ва нақши ҲХДТ дар ҳаёти сиёсии кишвар

    Таҳти роҳбарии муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҲХДТ дар тули 30 сол ба дастовардҳои назарраси сиёсӣ иқтисодӣ ва иҷтимоии ноил гашт. Аз ҷумла, сулҳу суббот дар кишвар рушди иқтисодиёт беҳбуди сатҳи зиндагии мардум ва таҳкими нуфузи байналмиллалии Тоҷикистон бо ташаббуси ин ҳизб амали гардиданд.

      ҲХДТ имрӯз низ ба ҳадафҳои устувори худ баҳри рушди устувор ва некуаҳволи мардум ҳадафмандона саҳм мегузорад. Бо шарофати Президенти кишвар, муҳтарам Эмомалӣ РахмонРрррр

Раҳмон  ҳамчун роҳбари ҲХДТ Ҷумҳурии Тоҷикистон ба як кишвари рӯ ба тарақиниҳода табдил ёфта, шаҳрвандон дар фазои ором ва сулҳу субот умр ба сар мебаранд.

Қурбонмадова  Ш.М.

Омӯзгори кафедраи «Тарбияи ҷисмонӣ ва мудофиаи шахрвандӣ»

Дигар маълумотҳои ин категория

Шарҳ додан

Суроғаи почтаи электронии шумо нашр карда намешавад.