ИСТИҚЛОЛИЯТ РАМЗИ ДУСТИЮ САОДАТ

0 5

    Дар рўзҳои ҷашни истиқлолият ҳамаи мо бояд шукрона кунем, ки ормонҳои ҳазорсолаи давлатсозиву давлатдории ниёгони озодихоҳамон бо талошу пайкор ва бурду бохтҳои бешумор оқибат ҷомаи амал пўшиданд ва мову шумо имрўз соҳиби давлати мустақили миллии хеш ҳастем.                      Мо бори дигар итминон пайдо менамоем, ки он ҳама талошу муборизаҳои гузаштагонамон ба хотири озодиву истиқлолият чун мероси аҷдодӣ аз насл ба насл интиқол ёфта, боиси умри ҷовид пайдо намудани суннатҳои пурқимати таърихиву фарҳангӣ ва забону адаби ғановатманди мо гардидаанд. Ҳамагон аз фарози асри бистуяк бояд ҳеҷ гоҳ фаромўш насозем, ки озодӣ ва истиқлолият муқаддастарин ва волотарин дастоварди миллат буда, саҳифаҳои пурифтихори озодихоҳиву ватанпарастии мардуми мо бо хуни ҳазорон далерону родмардони ватанпарвар навишта шудаанд.

   Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат Истиқлолиятро азизтарини неъмат, рамзи саодат, асолати миллат, шарафу номуси ватандорӣ ва нишони пойдории бақои давлат номида, мардумро барои ҳифзу нигоҳдории он чун гавҳараки чашм роҳнамоӣ намуда, онро тантанаи адолати таърих ва бо силсилаи давлатдориҳои чандинҳазорсолаи ниёгонамон пайвастани оини давлатдории навини миллиамон меномад: ба андешаи Роҳбари давлат «Маҳз Истиқлолият ба мо имконияти таърихие фароҳам овард, ки Ватани худро соҳибӣ кунем, давлатдории миллии худро барпо намоем, суннату арзишҳои миллиамонро эҳё созем, ормонҳои деринаи халқамонро амалӣ гардонем ва зиндагии озодонаи мардумамонро ба роҳ монем».

   Бояд қайд намоем, ки бо шарофати Истиқлолият муҳимтарин дастоварди мо дар ин давра таъмини сулҳу оромӣ, аз хатари нобудӣ наҷот додани давлатдории миллиамон ва аз парокандагӣ раҳо бахшидани миллатамон мебошад.

     Ба туфайли Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон мардуми меҳнатқарини тоҷик дар соҳаҳои мухталифи хоҷагии халқ, аз ҷумла иқтисодиёт, маориф, фарҳанг, техникаву технология, энергетика, тиб, иҷтимоиёт ва самтҳои дигар ба пирўзиҳо ноил гардида истодаанд.

     Метавон қайд намоем, ки баҳри рушду нумўи созандагиву бунёдкорӣ, соҳибкорӣ дар шароити кунунӣ имкониятҳои фаровонро ба миён овард.

      Истиқлолият ба мо пеш аз ҳама озодӣ дод, ки аз ҷумла он озодии пурраи фикру амал ва тафаккури шаффофи маънавию моддӣ мебошад, ки барои ҳар як инсон мисли обу ҳаво муҳиму муқаддас аст. Шукри беҳамтост, ки дар шароити истиқлолият зиндагиамонро бо ормонҳои худ мустақилона пеш бурда истодаем.

   Истиқлолияти давлатӣ ҳамаи қишрҳои ҷомеаро дар интихоби касбу ҳунар ва ҷойи кор пурра озод намуд. Барои амалӣ гардидани орзуҳои ҳар як шаҳрванд шароиту имкониятҳои зарурии воқеиро фароҳам сохт.

    Истиқлолияти тоҷикон нахуст дар заминаи давлатҳои навтаъсиси Иттиҳоди Шуравӣ арзи ҳастӣ намуда, бо вуҷуди беадолатиҳои марзию ҷуғрофӣ алайҳи тоҷикон алоҳида ташаккул ёфта сабзида буд. Бо мурури замон баъди пош хӯрдани Иттиҳоди Шуравӣ 9-  сентябри соли 1991 Тоҷикистон низ дар баробари дигар ҷумҳуриҳои собиқ Шуравӣ истиқлолияти давлатии худро эълон карда буд. Вале мутаасифона дар ҷомеа шахсон ва қувваҳои сиёсие зуҳур карданд, ки ин масъулияти таърихиро нодида гирифта, ҳадафҳои ғаразноки худро аз манфиатҳои давлатӣ болотар гузошта, Тоҷикистонро ба гирдоби ҷанги шаҳрванди кашиданд. Роҳҳои обод вайрон, купрукҳо таркиданд, хонаҳо сӯхтанд, корхонаҳо ғорат шуданд, даҳшати гуруснагӣ дар ҷумҳурӣ он вақт доман афрохта буд.

     Дар натиҷа Конститутсия ва қонунҳои нави қабулгардидаи мамлакат поймол, Президент ба зури силоҳ аз вазифа барканор, ҳукуматро ночор ба истеъфо маҷбур намуда, тамоми шохаҳои ҳукуматдорӣ фалаҷ гардида буданд. Кор ба ҷое расид, ки доир намудани Иҷлосияи Шӯрои Олӣ дар шаҳри Душанбе ғайриимкон гардид, зеро ҳеҷ кас кафолати амнияти вакилонро дар он вақт дода наметавонист.

    Дар чунин шароити вазнин иҷлосияи таърихии шонздаҳуми Шӯрои Олии ҶТ дар шаҳри бостонии Хуҷанд баргузор гардида, барои хотима гузоштан ба ҷанги бемаънӣ таҳкурсии устувор гузошта буд. Ин имкон дод то раванди барқарорсозии шохаҳои ҳукумат, истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ, баргардонидани гурезаҳо, эҷоди санадҳои нави ҳуқуқӣ шурӯъ карда шавад.

        Тоҷикистон дар муҳлати кӯтоҳтарин оид ба ин раванд ба ҷомеаи ҷаҳонӣ пайваста, аз рӯзҳои аввалини давлатдориаш ин намуди ҷиноятҳоро маҳкум намуд ва ба қонунҳои амалкунанда тағйироту иловаҳо ворид карда, ба ташкилотҳои байналмилалии давлатию ғайридавлатӣ дар ин раванд ҳамроҳ шуда, ҳамагуна зуҳуроти террористӣ ва экстремистиро қотеъона маҳкум кард. Барои ба ҳадафҳои сиёсӣ расидан аксаран ташкилотҳои экстремистӣ ба эътиқоди динии шахсон таъсир расонида мардумро бовар кунониданиянд, ки сиёсати давлатдорӣ бар зидди ақидаҳои динии онҳост ва ин роҳу воситаро истифода бурда, мехоҳанд дини мубини исломро барои ба ҳадафҳои нопоки худ ноил шудан истифода баранд. Ин гуфтаҳоро метавон нисбат ба баъзе шахсони алоҳидаи радикалӣ мансуб донист, ки худро ҳомии дини мубини ислом муаррифӣ намуда, кӯшиш менамоянд, ки дар байни пайравони Эмоми Аъзам, ки аксаран мардуми тоҷик пайравашон мебошанд, тухми кинаву адоват кошта, боз мардумро ба вартаи ҷудоиандозиҳо бикашанд. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар баромадҳояшон чандин маротиба аз минбари баланди Созмони Миллали Мутаҳҳид ва дигар ташкилотҳои бонуфузи байналмилалӣ таъкид мекарданд, ки Тоҷикистон ва тоҷикистониён дар ҳама давру замони давлатдориашон зидди зуҳуроти терроризм ва экстремизм буданд ва ҳастанд, террорист, ватан, миллат ва дину мазҳаб надорад. Ин андешаҳои Президенти кишварамон ба ҷомеаи ҷаҳонӣ писанд омад ва имрӯз дар баромадҳои роҳбарони давлатҳои гуногун ин нуқта пайваста садо медиҳад.

ЛАТИПОВ САФАРАЛӢ ШЕРАЛИЕВИЧ

Сардори шуъбаи таълими МДТ «Коллеҷи

тиббии ш.Кӯлоб ба номи Раҳмонзода Р.А.»

Дигар маълумотҳои ин категория

Шарҳ додан

Суроғаи почтаи электронии шумо нашр карда намешавад.