30-СОЛИ ФАОЛИЯТИ ПУРСАМАР БАРОИ МАНФИАТҲОИ МИЛЛӢ 0 13 Мубодила кардан Санаи 5-уми декабри соли 2024 дар толори маҷлисгоҳи Муассисаи давлатии таълимии «Коллеҷ итиббии ш.Кӯлоб ба номи Раҳмонзода Р.А» Конференсияи илми-назариявӣ бахшида ба 30-солагии таъсисёбии Ҳизби Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон зери унвони “30-соли фаолияти пурсамар барои манфиатҳои миллӣ” баргузор гардид. Дар чорабини меҳмонон, муовини раиси ш. Кӯлоб Даминзода А., раиси КИ ҲХДТ дар ш.Кӯлоб Сайвализода Салим, роҳбарияти муассиса ва донишҷӯён иштирок доштанд. Чорабинӣ бо суруди миллӣ оғоз гардид. Бо сухани ифтитоҳӣ директори коллеҷ д.и.т. Азиззода З.А. баромад карда, ҳозиринро бо ин санаи таърихӣ табрику таҳният гуфт. Зимни суханронӣ Азиззода З.А. оид ба фаолияти 30- солаи пурсамар ва созандаи ҲХДТ гуфта гузашта, дастовардҳои фаъолияти онро дар самти барқарорсозии сулҳу ваҳдати миллӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, замина гузоштан ва ноил гаштан ба ҳадафҳои созанда, аз ҷумла баровардани ҷумҳурӣ аз бунбасти коммуникатсионӣ, таъмини истиқлолияти энергетикӣ, амнияти озуқаворӣ ва оғози саноатикунонии босуръати кишвар мисол оварданд. Ноил гаштан ба ин мақсадҳо албатта аз заҳматҳои шабонарӯзии роҳбари муаззами ҲХДТ Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ раҳмон сарчашма мегиранд. Маҳз талошҳои Президенти кишвар дар доираи амалисазии барномаи созандаи ҲХДТ имконият дод, ки Тоҷикистони азизи мо аз як ватани ҷангзада ва нообод имрӯз ба кишвари рӯ ба тараққӣ табдил ёбад ва мардумаш дар фазои сулҳу ваҳдат ва амонӣ зиндагонӣ кунанд. Ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Ворисони Сино”, ки дар муассиса фаолият дорад саҳми худро дар татбиқи ҳадафҳои ҳизбӣ гузошта истодааст ва минбаъд низ кӯшиш ба харҷ бояд диҳем, ки фаъолият дар самти боз ҳам ободу зебо гардонидани кишвар пурзӯр карда шаванд. Сипас бо сухани табрикотӣ раиси КИ ҲХДТ дар ш.Кӯлоб Сайвализода С., баромад карда дар бораи фаолиятӣ 30- солаи ҲХДТ нуқтаҳои мушахасро баён намуданд. Салимзода С. инчунин дар бораи фаолияти ташкилоти ибтидоии ҳизбии “ Ворисони Сино”-и муассиса ҷиҳати ҳамкориҳои пайваста бо КИ ҲХДТ дар ш. Кӯлоб ва саҳми назарраси ташкилоти ибтилоии ҳизбӣ дар татбиқи ҳадафҳои барномавии ҲХДТ изҳори сипос намуданд. Баъдан дар рафти чорабинӣ бо маърӯзаҳои мукаммал оид ба фаолияти ҲХДТ, дар самтҳои гуногуни ҳаёти ҷомеа омӯзгорон: Абдураҳмонов К.Ҷ. ва Ҳусайнов Ф.Р. баромад карда, аз таърихи таъсисёби ва фаолияти ҲХДТ дар давоми 30- соли бо барор гуфта гузаштанд. Дар қисмати охири чорабинӣ аз тарафи донишҷӯёни муассиса дар мавзӯҳои Ватан, Ваҳдат, Истиқлолият порчаҳои шеърӣ қироат карда шуд. Дар ҷамбасти чорабини як қатор фаолони ҳизб аз тарафи КИ ҲХДТ дар ш. Кӯлоб бо сипоснома ва туҳфаҳои хотиравӣ қадрдонӣ карда шуданд. Котиби ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Ворисони Сино” Абдураҳмонов К.Ҷ. Пеш 1 то 37 саҳифа Баъдӣ 0 13 Мубодила кардан