ШОДИЮ СУРУР АЗ НЕЪМАТҲОИ ИСТИҚЛОЛ!

0 7

    Санаи 6- сентябри соли ҷорӣ дар Муассисаи давлатии таълимии «Коллеҷи тиббии ш.Кӯлоб ба номи Раҳмонзода Р.А.» ҷашни 33- солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо шукуҳу шаҳомати баланд таҷлил карда шуд. Дар чорабанӣ муовини раиси шаҳри Кӯлоб Даминзода Арафамо Искандар, директори коллеҷ доктори илмҳои тиб, Азиззода Зубайдулло Абдулло ва омӯзгорону донишҷӯйёни муассиса иштирок намуданд.

    Нахуст бо иштироки  меҳмонон Маркази омӯзишии дӯзандагии «Дастони моҳир» мавриди истифода қарор гирифт. Маркази дузандагӣ дар доираи Нақшаи чорабиниҳо ба истиқболи  ҷашни 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, барои донишҷӯдухтарони муассиса бунёд карда шудааст. Мақсади бунёди муркази дузандагӣ ин дар амал татбиқ намудани дастуру супоришҳои Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати ташвиқу тарғиб ва омӯзонидани ҳунарҳои мардумӣ дар байни ҷавондухтарон буда, барои беҳтар намудани сатҳи зиндагии минбаъдаи онҳо мусоидат хоҳад намуд.

     Ҳамон руз инчунин, дар бинои Беморхонаи Наркологии шаҳри Кӯлоб дар доираи дастгириҳои бевоситаи роҳбарияти Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, роҳбарияти шуъбаи тандурустӣ дар минтақаи Кӯлоб ва роҳбари муассисаи номбурда синфхонаи лексионӣ дорои 60 ҷойи нишаст ва 3 ҳуҷраи таълимӣ барои гузаштани дарсҳои амалӣ дорои 45 ҷойи нишаст мавриди истифода қарор дода шуд. Ташкили чунин толорҳои лексионӣ муҷаҳҳаз бо технологияву айниятҳои таълимӣ албатта боиси боз ҳам беҳтар гаштани сатҳу сифати таҳсилот ва омодасозии мутахассисони миёнаи тиббӣ хоҳад гашт.

   Сипас, дар саҳни муассиса бо иштироки меҳмонон чорабинии сиёсӣ-фарҳангӣ баргузор гардид. Чорабиниро муовини раиси шаҳри Кӯлоб Даминзода Арафамо ифтитоҳ намуда, паёми табрикотии раиси шаҳри Кӯлоб, муҳтарам Назарзода Бахтиёр Худоёрро ба аҳли омӯзгорону донишҷӯён, бахшида ба рӯзи Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон расонид. Даминзода А.И. зимни суханронияшон аз ҷумла иброз доштанд, ки стиқлолият барои мо рамзи олии Ватану ватандорӣ, бузургтарин неъмати давлатсозию давлатдории мустақил, кору пайкори пайгиронаи созандагӣ, азму талошҳои фидокоронаи расидан ба истиқлолияти сиёсӣ, иқтисодӣ ва фарҳангиро омӯзонда, меъёрҳои ҷомеаи шаҳрвандиро таҳким бахшид ва дар як вақт ҳаёти озодонаи ҳар фард ва олитарин дараҷаи бахту саодати воқеии миллатро таъмин намуд.

    Сипас, директори коллеҷ доктори илмҳои тиб, Азиззода Зубайдулло Абдулло ба сухан баромада қайд доштанд, ки: Дар муддати 33 соли Истиқлолият бо роҳбарии Пешвои миллат, Президенти мамлакат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мо тавонистем, ки бо вуҷуди мушкилоту монеаҳои зиёд пешрафту устувори ватанамонро таъмин кунем, мақоми онро дар арсаи байналмилалӣ боло бардорем, пояҳои давлатдории мустақили худро тақвият бахшем, тамоми кӯшишу талош ва захираву имкониятҳои худро ба хотири фароҳам овардани шароити мусоид барои зиндагии шоистаи халқамон равона созем. Ӯ аз суханрониҳои Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, бахшида ба Рӯзи дониш ёдовар шуда, қайд намуданд, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баҳри пешрафти соҳаҳои иҷтимоӣ, аз ҷумла маорифу тандурустӣ даврони соҳибистиқлолӣ корҳои хеле зиёдеро ба анҷом расонидааст. Имрӯз дар муассисаҳои таҳсилоти кишвар тамоми шароитҳо барои донишу касбомӯзӣ фароҳам оварда шудааст. Аз ин ғамхориҳои Пешвои муаззами миллат нисбати омӯзгорон ва ҷавонон мо бояд баҳраманд бошем, шукронаи ватани ободу осоишта намуда, ҳамеша барои пешрафту рушди он саъю кӯшиш ба харҷ диҳем.

     Сипас, ба ғолибони даври вилоятии озмуни ҷумҳуриявии “Тоҷикистон- ватани азизи ман” ва “Фуруғи субҳи донои китоб аст” инчунин гирандагони Стипендияи раиси вилояти Хатлон сипоснома ва туҳфаҳои хотиравӣ тақдим карда шуд. Аз ҷумла, ба барандагони Стипендияи раиси вилояти Хатлон дар байни олимони эҷодкори вилоят ба директори коллеҷ доктори илмҳои тиб Азиззода Зубайдулло Абдулло ва мудири кафедраи Ҷарроҳия номзади илмҳои тиб, Сафаров Фаридун сипоснома ва 3000 сомонии раиси вилояти Хатлон, ба ғолиби ҷойи сеюми даври вилоятии озмуни ҷумҳуриявии “Тоҷикистон- ватани азизи ман” Омина Ҷабборова  сипоснома ва 2000 сомонӣ, ба ғолибони ҷойи сеюми даври вилоятии озмуни ҷумҳуриявии “Фуруғи субҳи донои китоб аст” Кенҷазода Марҷона ва Ашурова Сайёра сипоснома ва 2000 сомонӣ аз ҳисоби раиси вилояти Хатлон, ба омӯзгорон Зайдуллоева Шаҳноза ва Қурбоналиева Лайлӣ сипоснома ва маблағи пулӣ  аз тарафи роҳбари муассиса ва 2000 сомонӣ аз тарафи раиси вилояти Хатлон, инчунин ба гирандагони степендияи раиси вилояти Хатлон дар байни донишҷӯёни аълохони вилоят Маҳмадаминова Ф, Дилнозаи Н, Савринисои С, Каримова С. сипосномаи роҳбари муассиса  ва 1200 сомонии  раиси вилояти Хатлон тақдим карда шуд. Инчунин, ба кормандони коллеҷ Маҳмудзода Қ.Н., Файзи Ашур, Холов Ф. ва Қурбонов А. барои дастовардҳои назаррас дар даври вилояти озмунҳои ҷумҳуриявӣ сипоснома ва маблағҳои пулии роҳбари муассиса тақдим карда шуд.

    Дар қисмати фарҳангӣ дастаи ҳаваскорони муассиса ва овозхонҳои шинохтаи кишвар бо суруду таронаҳои дилнишину таранумгари ватандӯстӣ  чорабиниро таровати дигар бахшиданд.

 

Нуруллоева С.А.

Иброҳимов С.Т.

Хушвахтзода Г.

Дигар маълумотҳои ин категория

Шарҳ додан

Суроғаи почтаи электронии шумо нашр карда намешавад.