ҲИЗБИ ХАЛҚИИ ДЕМОКРАТИИ ТОҶИКИСТОН — МАКТАБИ БУЗУРГИ СИЁСИИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ

0 45

Ҳизбҳои сиёсӣ унсури муҳими инкишофи ҷомеаи мутамаддин буда, дар низоми давлат ва муносибатҳои байниҳамдигарии ҷомеаи шаҳрвандӣ мақом ва нақши пешбарро соҳибанд. Бидуни онҳо дар ҷамъият фаъол будани ниҳодҳои демократӣ, озодии баён, адолати иҷтимоӣ, озодии ҳуқуқи интихоб намудан ва интихоб шудан чандон имконнопазир нест.

Танзими муносибатҳои байниҳамдигарии давлат ва ҷомеаи шаҳрвандӣ аз ҷониби ҳизбҳои сиёсӣ ва иттиҳодияҳои ҷамиятӣ сурат гирифта, ҳамзамон тавассути онҳо ҷомеаи шаҳрвандӣ ба ниҳодҳои ҳукуматӣ назорат мебарад. Зуҳури ҳизбҳо дар муҳити сиёсии ин ё он давлат аз муҳимтарин падида маҳсуб мешавад. Ба таъбири С. Корконосенко ҳизбҳои сиёсӣ “Миёнарав байни давлат ва ҷомеа мебошанд. Ҳизбҳои сиёсӣ мақсад ва манфиати гурӯҳҳоеро ифода намуда ба фаъолияти сиёсӣ машғуланд ва ҳадафи асосиашон расидан ба ҳокимияти сиёсӣ ва нигоҳ доштани он аст». Воқеан, чунончи И. К. Усмонов таъкид намудааст: «Ҳизбҳо аз як ҷиҳат омили муҳими таъминкунандаи озодии сухан дар ҷомеа ҳастанд». Ҳамин тавр, «ҳизб василаи пайванди ҳалқҳои ҳоким ва шаҳрвандон мебошад. Ҳамин пайванд ё маҳорати пайваста тавонистан баёнгари давомнокии умри сиёсию давлатии ҳизб шуда метавонад. Ҳизб метавонад равиши сиёсии ҷомеаро тағйир диҳад». Дар ташаккули низоми бисёрҳизбӣ Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ дар Тоҷикистон» ва «Дар бораи ҳизбҳои сиёсӣ», ки моҳи декабри соли 1990 ба тасвиб расида буданд, мусоидат намуд.

 Дар шароити Тоҷикистон хусусиятҳои хоси таъсисёбӣ ва фаъолияти ҳизбу созмонҳои бешумор аз мақсаду мароми онҳо вобаста буд. Аммо, нақш ва мавқеи ҳар як ҳизби сиёсӣ дар ҳаёти ҷамъият, характер ва хусусиятҳои рақобати байниҳизбӣ ва муборизаи онҳо барои ба даст даровардани ҳокимият нигаронида шуда буд.

Дар шароити ниҳоят душвори ҳарбӣ-сиёсӣ ва муборизаи оштинопазири аввали солҳои 90-уми асри ХХ, баъд аз баргузории Иҷлосияи XVI Шӯрои Олӣ Раиси Шӯрои Олӣ Эмомалӣ Раҳмон масъалаи барпо намудани давлати демократию ҳуқуқбунёд ва дар ҷумҳурӣ ба вуҷуд овардани ҳизбҳоро, ки маҳаки асосии фаъолияташон роҳҳои пеш бурдани соҳаҳои сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ бошад, гузошта буд. Ин буд, ки нимаи аввали соли 1993 аз ҷониби Раиси тозаинтихоби Шӯрои Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ғояи ташкил кардани Ҳизби Халқии Тоҷикистон пешниҳод шуд ва 12 июни соли 1993 кумитаи тадорукоти Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ташкил гардид.

 Ташаккулёбии ҳизб дар давраи мушкилот ва муборизаҳои сиёсӣ, паст рафтани иқтисодиёт, фарҳанг ва сатҳи иҷтимоии ҷомеа, яъне солҳои мудҳиши ҷанги шаҳрвандӣ (1992-1997) ва давраи истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ (1994-27 июни соли 1997) рост омада, аъзоёни он дар фаъолияти Комиссияи Оштии Миллӣ (1997-2001) фаъол буданд. Фаъолияти минбаъдаи ҲХДТ дар давраи барқарорсозии баъд аз низоъ ва рушду нумуи Тоҷикистони соҳибистиқлол солҳои 2001-2016 боз ҳам пурсамар гардид.Ин давраест, ки ҲХДТ дар фазои сулҳу осоиштаи кишвар тамоми неруҳои зеҳнӣ ва захираҳои инсонии худро барои татбиқ ва амалӣ намудани сиёсати давлатӣ ва барномаҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз ҷумла, барномаи рушд, ки асосан ба се самт: таъмини амнияти озуқаворӣ, раҳоӣ аз бунбасти коммуникатсионӣ ва таъмини истиқлолияти энергетикӣ нигаронида шудааст, сафарбар намуда буд.   Барои ҲХДТ ин давраи дарёфти дастовардҳои назаррас дар тамоми ҷабҳаҳои ҳаёти ҷомеа, давраи рушди демократия ва бунёди ҷомеаи шаҳрвандӣ, давраи амалисозии лоиҳаҳои калон дар соҳаи иҷтимоиёту иқтисодиёт, фарҳангу маориф, тандурустиву ободонии кишвар ба ҳисоб меравад. Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар давраи сарнавиштсоз ба фаъолият шурӯъ намуда, аз рӯзҳои аввали таъсисёбии худ барои устуворию пойдории сулҳ ва ободии Ватан кӯшиш ба харҷ дода, ҳадафи асосиаш ваҳдату ягонагӣ, таъмини якпорчагии ҷумҳурӣ, инчунин ояндаи неки кишвар ба шумор мерафт. Имрӯз аъзои Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистонро ғояи умумӣ ва вазифаҳои бузурге, ки ҳалли онҳо танҳо ба манфиати ҷомеа аст, муттаҳид менамояд.

 Тавре, ки натиҷаҳои тадқиқот нишон медиҳанд, самти асосии фаъолияти Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон аз муттаҳид намудани неруи пешқадам ва тавонои ҷумҳурӣ буда, ба хотири барпо намудани давлати демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ, ҷомеаи аз ҷиҳати иқтисодӣ ва иҷтимоӣ мутараққиро таъмин намудан иборат буд. Ғояҳои ин ҳизби мардумӣ бо ҳадаф ва сиёсати Ҳукумати кишвар созгор буда, тайи бештар аз се даҳсолаи фаъолият шиори «Барои ваҳдати миллӣ, сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ, созандагиву ободонӣ, рушди устувори иқтисодӣ ва зиндагии шоистаи мардум!»-ро дар амал тадбиқ намудааст.

 Нақши Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар бунёди таърихи давлати навини тоҷикон, таъсис ва фаъолияти Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ба таври мукаммал инъикос гардидааст.

 Ҳамчунон, бо баррасии моҳияти Иҷлосияи XVI Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ёдовар мешавем, ки маҳз дар ҳамин Иҷлосия Сарвари давлат интихоб гардид, ки бо ҷасорати инсонӣ ва хиради сиёсӣ миллату кишварро аз вартаи парокандагӣ ва нобудӣ берун кашид.

Рисолат, хираду заковати воло ва ояндабинии Пешвои муаззами миллат буд, ки барои ташкили ҲХДТ бо қатъияту ҷасорат иқдом намоянд ва инак, бо гузашти 30 сол ҳизб ҳамчун ниҳоди тавонои сиёсӣ дар мамлакат тавассути сиёсати бунёдкорона ва татбиқи собитқадамонаи ҳадафҳои оинномавӣ ва барномавии худ, бо такя ба масъулиятшиносию иқтидори зеҳнии аъзо ва ҷонибдоронаш омили таҳкимбахши раванди созандагиву бунёдкории ҷомеаи Тоҷикистони соҳибистиқлол гардидааст.

Мавриди зикр аст, ки омӯзиши мактаби сиёсии Пешвои миллат моро водор месозад, ки дар самти татбиқи рукнҳои илмии ҲХДТ мунтазам ҳамоишҳо доир намуда, чораҳои мушаххасро амалӣ намоем ва асосҳои ин мактабро дар байни ҷомеа талқин созем. ҲХДТ дар раванди давлатсозӣ ва ташаккулдиҳии мактаби Пешвои миллат ҳамчун такягоҳи боэътимоди сиёсӣ ва мафкуравӣ нақши калидӣ бозидааст.

Бояд тазаккур дод, ки ҲХДТ масъалаи маорифро дар меҳвари барномаҳои худ қарор дода, ин бахши муҳимро яке аз самтҳои стратегии сиёсати давлатӣ эълон менамояд. Ҳамин аст, ки барномаҳои ҲХДТ-ро маорифпарвар низ мегӯянд. Аҳаммиятнокии мактаби сиёсии Пешвои миллат ҳамчун замина барои ташаккулдиҳӣ ва рушди идеологияи миллӣ дар он аст, ки бо такя ба ҳидоятҳо ва роҳнамоиҳои Сарвари кишвар дар ҳошияи татбиқи барномаҳои пешазнитихоботии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ҳамчун ҳизби пешбар поягузори сиёсати давлатӣ омода гардидааст.

 Барои эмин нигоҳ доштани ҷамъият аз ҳар гуна таъсирҳои берунӣ, аз ҷумла идеологияҳои нокомил, ташаккул додани заминаҳои мустаҳками сиёсӣ, идорӣ ва фарҳангӣ ва ба даст овардани динамикаи устувори иқтисодӣ-иҷтимоии кишвар зарур аст, ки таҳти шиори «Тоҷикистони озоду соҳибистиқлол – Ватани маҳбуби ҳамаи мо» тамоми қишрҳои ҷомеаи кишвар муттаҳид карда шаванд ва ин яке аз ҳадафҳои асосии ҲХДТ маҳсуб меёбад. Ҳамин андеша нуктаи пайванд ва ҳалқаи баҳамоварандаи тамоми мардуми кишвар ва муассиртарин воситаи ҳифзи Тоҷикистони озоду соҳибистиқлол мебошад.

Абдураҳмнова Гулчеҳра Нурублоевна 

Омӯзгори калони кафедраи “Фаннҳои Гуманитарӣ”-и  МДТ “Коллеҷи тиббии шаҳри Кӯлоб ба номи Раҳмонзода Раҳматулло Азиз”

Дигар маълумотҳои ин категория

Шарҳ додан

Суроғаи почтаи электронии шумо нашр карда намешавад.