ДАР МУҚОБИЛИ ХУРОФОТУ БЕГОНАПАРАСТӢ БЕ ТАРАФ НАБОШЕМ

0 9

                 Хурофоту бегонапарастӣ хатарест, ки    ба   пешрафти   имрӯзу     ояндаи давлату миллат таҳдиди ҷиддӣ дорад.                                    

                                                                             Эмомалӣ Раҳмон

 

Кишвари азизамон Тоҷикистон, миллати соҳиби тамаддуну фарҳангӣ оламгири тоҷик дар фазои озоду, ҳаёти осоишта, амнияту суботӣ ватани азизаш баҳри рӯшду шукуфоии давлати соҳибистиқлоли хеш сарбаландона меҳнат мекунад.

Дар ҳақиқат миллати тоҷик соҳибӣ таърихӣ кӯҳан, тамаддуну фарҳангӣ воллое мебошад, ки бо ҷанбаҳои пешқадамӣ инсондӯстона, адолатпарварона ва таҳамулгаронааш дар тамаддуни башарӣ нақши созгоре гузоштааст. Аз ин лиҳоз Тоҷикистон  ва миллати тоҷик дар арсаи байналмилалӣ бо маънавиёти баланди ахлоқӣ, инсондӯстию хайрхоҳонааш муаррифӣ мешавад.

Ин ҳама таъғйирот, пешрафту рӯшд бо шарофатӣ соҳибистиқлолии миллат, ҳаёти амну осоиш, ваҳдату ягонагӣ ва аз сиёсати хирадмандона, ватандӯстонаю халқпарваронаи Пешвои Муаззами Миллат Муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон насиби миллати тоҷик шудааст.

Айни замон моро зарур аст, ки дар партавӣ дастуру ҳидоятҳои роҳбари оқилу сиёсатмадор, ватандору хирадпешаи хеш, боз ҳам мустаҳкамтар мутаҳид гашта, барои ояндаи кишвари азизамон талош кунем.

Аммо мутаасифона имрӯз ҳолатҳое пеш меоянд, ки ба равандӣ ҷомеаи муосири Тоҷикистон  халал бунёд мекунанд.

Хусусан падидаҳои номатлубе аз қабилӣ; хурофоту бегонапарастӣ, тақлидҳои беасосӣ бархе аз нафарони худноогоҳ, дорои сатҳи пасти маърифат буда, боиси нигаронии аҳли ҷомеъа мешавад.

Аён аст, ки ин падидаҳои номатлуб сабаби ба вуҷуд омадани мушкилоту монеаҳои ҷиддӣ барои давлату ҷомеа мебошанд.

Мо замоне, ки дар бораи арзишҳо сухан мегуем, бояд ин маҳфумро дуруст дарк карда бошем.  Дар илм арзиш гуфта, ҳамаи он осорӣ моддию маънавие, ки аҷдодони мо аз гузашта то имрӯз офарида аст, фаҳмида мешавад.

Аслан хурофот ё чуноне, ки имрӯз ҳамчун хурофоти динӣ маъмул аст, он маҷмӯи ақидаҳое мебошад, ки ҳеҷ гуна манбаи тасдиқкунанда надорад, балки хаёлҳои бофта ва аз воқеият дур аст. Яъне танҳо барои гумроҳ кардани мардумон равона шудааст. Дар маҷмӯъ хурофот худ ҷаҳолат аст, ҷаҳолат дар навбати худ барои ҳар миллат бадбахтӣ меорад.

Дар ин боб мисолҳои зиёде аз гӯшаю канорӣ кишварҳои ҷаҳон овардан мумкин аст, ки хурофоту хурофотпарастии динӣ, боиси ба бӯҳронҳои шадид фӯру рафтанӣ қисме аз халқу миллатҳо шудаст. Хурофот падидаи хеле хатарнок буда, ба расму оин, суннату фарҳанг ва арзишҳои халқу миллатҳо хатари ҷиддӣ ворид месозанд.

Ин мисолро ба воқеаҳои солҳои 90 – уми асрӣ гузашта, ки дар Тоҷикистон рӯх додаанд нисбат додан аз эътибор дур нест. Маҳз дар ин марҳила бо иштироки бевоситаи   рӯҳониёни иртиҷоиву хурофотпараст, дар масири таъсироти мафкурраи исломгароёнаи агресивӣ бо нақшаҳои ғараздори аҷнабиён, амалҳои хеле сангину ғайриинсонӣ дар гӯшаву канори Тоҷикистон сомон ёфтанд. Онҳо худро ҳамчун ворисону ҳомиёни миллат, дар ниқоби динӣ барои ҳадафҳои ғаразноки хеш амал мекарданд.

Имрӯз ҳам ҳолатҳое пеш меояд, ки он ашхосӣ ҳадафҳои ғаразнок дошта талош доранд, ки динро барои манфиятҳои нопоки худ истифода баранд.

Бо ин хотир дар шароити кунунӣ моро зарур аст, ки бори дигар фирефтаи тарғибу ташфиқӣ ашхосӣ хурофотию, манфиятҷӯй набошем.

Аз ин рӯ мардуми мо бояд худогоҳ ва ҳушёру зиррак бошад, то ин ки фирефтаи тарғиботи душманони дину оин ва миллату мазҳаби худ нагарданд.

Агар ба таърихӣ динҳои ҷаҳонӣ, бахусус дини мубини ислом назар кунем, мо аз ҷанбаҳои ахлоқию маънавӣ,  инсондӯстию,  райпарваронаи он огоҳ мешавем. Динӣ ислом, ҳамчун идеологияи муайян инсонҳоро ба роҳи росту беғараз, ҳамраӣ ва якдигарфаҳмӣ ҳидоят мекунад. Аз ҷумла мо исботи ин гуфтаҳоро дар ақидаҳои чунин мутафакирон, исломшиносони маъруф; Имом Абуҳанифа, Имом Ғазолӣ, Имом Бухорӣ, Ҷалолуддини Балхӣ дида метавонем. Онҳо ҷанбаҳои ахлоқию маънавӣ,  инсондӯстиву адолатпарварони идеалогияи исломро таҳлилӣ мушшахас карда, онро ба оламиён пешниҳод карданд. Дар олами ислом мазҳабӣ ақлгаро ва таҳамулгаронаи Имоми Аъзам яке аз бонуфузтарин мазҳаби динӣ эътироф шудааст.

Ин аст, ки аз аҷдодони гузашта то имрӯз миллати тоҷик ҳамеша дар мазҳабӣ мутаъдил ва таҳамулгарои Имом Абуҳанифа буд ва мемонад. Мардуми мо соҳиби дарки баланд аст ва намегузорад, ки дар кишвари азизаш аз нав бо истифода аз эҳсосоти динӣ фикру ақидаҳои радикалии динӣ  ва ифроти паҳн гардад. Хурофот ҳамеша сабаби эҷодӣ мушкилиҳо, паёмадҳои носозгор барои ҷомеа мегардад.

Бинобарин дар муқобили хурофоту хурофотпарастӣ, ҳеҷ фарде набояд бетараф бошад. Чунки  як маротиба бетарафии мо ибтидоӣ солҳои 90 – уми асри гузашта оқибатҳои хеле вазнинро барои Тоҷикистон пеш овард.

Мо имрӯз дар бисёр маврид аз ифроту ифротгарои сухан мегӯем. Пас, зарур аст, ки мо заминаҳо ва шароитҳои ба вуҷуд омадани ифротро муайян кунем.

Пеш аз ҳама ҳар шахсе, ки ба хурофоту бегона парастӣ майл дорад ва дар ҳеҷ сурат воқеиятро ҷонибдор нест, ин амал алакай  ӯро ба ақидаҳои ифроти фаро мегирад. Чунки ифрот ё ифротгарои ҳамон зуҳуротест, ки воқеиятро инкор карда, таъғирот ва дигар гуниҳоро дидан намехоҳад.

Чунин амалҳо худ сарчашмаи ба вуҷуд омадаи ақидаҳои ифротгароёна мегардад.

Имрӯз бо шарофати соҳибистиқлолии Тоҷикистон ва густариш ёфтани робитаҳои гуногунсоҳаи байналхалқии Тоҷикистон, шаҳрвандони мо ба кишварҳои гуногуни олам сафар мекунанд.

Аз ҷумла;  ба сифати сайёҳ, тоҷир, донишҷӯ, муҳоҷир ва шахсоне, ки зиёрати маконҳои муқаддасро иҷро мекунанд. Ин албата талаботи замон ва тақозои ин марҳилаи таърих мебошад. Аммо муттасифона он ҳолатҳое, ки дар амалӣ қисме аз шаҳрвандон баъдӣ баргаштанашон ба вуҷуд меояд,боиси ташвиш ва хеле нигаронкунанда аст.

Барои мисол: дар ҳақиқат ҳар як миллат таъриху фарҳангӣ либоспушии муайян дорад. Дар ҷаҳон садҳо халқҳову миллатҳое ҳастанд, ки бо либоспушии худ, худро ба дигарон муарифи мекунанд.

Пас чаро бархе азашхосӣ алоҳида амалҳоеро иҷро мекунанд, ки боисӣ нигарони аст, хусусан пушидани либоси бегона бо номҳои сохта яке аз масъалаҳои мубрам барои ҷомеъа мебошад.

Ҳол он ки бегонашавии одоб  ва расму оини либоспушӣ, ин бегона шавии фарҳангӣ буда,  истиқлолияти фикри,   ҳувияти миллӣ ва фарҳангии миллатро халалдор месозад.

Ба бар карданӣ либоси бегона, танҳо бо мақсади намоишкорӣ зоҳир парастӣ ва худро аз дигарон фарқ кунонидан аст. Ин ашхос фикр мекунанд, ки бо ин амалӣ худ аз дигарон боло меистанд.

Аммо дар асл аксари ин бегонапарастон ҳатто саводи кофӣ  надоранд, ки мазмун ва моҳияти пушидани либосӣ бегонаро дарк кунанд.

Мисол: дар фарҳанги либоспушӣ аксари халқу миллатҳо либоси аз матои сиёҳ дӯхта шуда танҳо ҳамон вақт истифода мешавад, ки агар басари онҳо мусибат омода бошад. Аммо вақте, ки   ин либосӣ сиёҳро бархе аз занону духтарони тоҷик бабар мекунанд, онҳо фаҳмишӣ онро надоранд, ки маънои сиёҳ пушидан чист.

Албата мо ба иззати нафсӣ бонуи тоҷик дахл кардани нестем, ин андешаҳо ба он ашхосе нисбат дорад, ки майл ба либосӣ бегона дорад.

Бонуи тоҷик аз аҷдодони гузаштааш то имрӯз бо либосӣ адрасу чаканӣ тоҷикӣ, натанҳо дар дохил балкӣ дар ҷаҳон муаррифи мешавад.

Имрӯз либосӣ миллии тоҷикиро, бахусус адрасу чакан ҳамчун меросӣ фарҳангию – таърихӣ як миллати кӯҳан дар кишварҳои бузурги дунё мешиносанд ва эътирофаш доранд. Имрӯз либосӣ миллии тоҷикӣ хусусан адрасу чаканро бузургтарин созмонҳои фарҳангии дунё ҳамчун меросӣ қадимию гаронбаҳо қабул доранд ва онро мавридӣ омӯзиш қарор медиҳанд.

Ҳар як миллат, бо собиқаи фарҳангии худ дар либоспушӣ рафтору анъанаҳои махсус дорад, ки арзишҳои моддиву маънавии гузаштаи онро иниъкос мекунад. Ҳар милат бо тарзӣ либоспушиаш шинохта мешавад. Бонуи тоҷик дар гузашта тарзи хосӣ либосҳои миллии худро дошт ва онро ба наслҳои имрӯз ба мерос гузоштааст, ки ҳар кадоме дар зебоиву рангорангӣ меъёрҳои ахлоқиву эътиқодии миллатӣ бостонии тоҷикро инъикос мекунад.

Аз ин андешаҳо хулоса ин аст, ки мо дар шароити ҷойдошта бояд ба хотири ҳифзӣ асолат ва арзишҳои миллӣ, воридшавии либосҳои ба ном динӣ, аммо ба урфу одат ба фарҳанги мо бегонаро пешгири кунем.

Мо имрӯз ба он талош дошта бошем, ки насли наврасу ҷавонро дар рӯҳияи ватандӯстию хештаншиносӣ, эҳтиром гузоштан ба арзишҳои волои миллӣ тарбия кунем.

Имрӯз вақти он расидааст, ки ҳар як падару модар,  муассиссаи таълимӣ, аҳли ҷомеъа наврасону ҷавононро ба андухтани донишҳо, илму маърифат, технологияи муосир ҷалб намоем.

Чунки имрӯз, ҳамон миллате муваффақ аст, ки наслаш соҳиби маърифати баланд аст.

Хулоса зарур аст, ки мо барои ҳифз ва ҳимояи арзишҳои миллӣ, муқовимат бо хурофоту бегонапарастӣ дар якҷоягӣ талош дошта бошем. Дар муқобили ин омилҳои мушкилэҷодкунанда бетафовут ва бетараф набошем.

     

   Омӯзгори калони кафедраи фаннҳои “гуманитарӣ”

МДТ-и Коллеҷи тиббии ш. Кӯлоб ба номи Раҳмонзода Раҳматулло Азиз.

Абдураҳмонов Карим

Дигар маълумотҳои ин категория

Шарҳ додан

Суроғаи почтаи электронии шумо нашр карда намешавад.