ДАСТОВАРДИ НАВБАТИИ ВАРЗИШӢ 0 17 Мубодила кардан Аз 1 ум то 3 юми марти соли ҷорӣ дар шаҳри Кӯлоб мусобиқаи варзишӣ оид ба волейбол байни дастаҳои мардона ва занона, бахшида ба таҷлили “Рӯзи модар” ва “Наврӯзи ҷаҳонӣ” байни донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олӣ ва миёнаи касбии шаҳру ноҳияҳои минтақаи Кӯлоб ташкилу баргузор гардид. Дар мусобиқаҳои мазкур дастаҳои волейболбозони мардона ва бонувони МДТ “Коллеҷи тиббии ш.Кӯлоб ба номи Раҳмонзода Р.А.” фаъолона ширкат намуда, сазовори ҷойи аввал гардиданд ва бо ифтихорнома, медал ва кубоки бахши кор бо ҷавонон ва варзиши минтақаи Кӯлоб сарфароз гардонида шуданд. Мудири кафедраи тарбияи ҷисмонӣ Ҷафаров А.Н. Пеш 1 то 16 саҳифа Баъдӣ 0 17 Мубодила кардан