Вохӯрӣ бо намояндагии шуъбаи мубориза бар зидди ҷиноятҳои мутташакили Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳру ноҳияҳои минтақаи Кӯлоб, подполковники милитсия Шоҳзода Бедил перомуни пешгирии шомилшавии ҷавонон ба гурӯҳҳои террористӣ ва Паёми соланаи Президенти кишвар ба Маҷлиси Олӣ

0 24

    Санаи 29 феврали соли 2024 дар МДТ “Коллеҷи тиббии шаҳри Кӯлоб ба номи Раҳмонзода Р.А.” ваколатдори калони оперативӣ ҚММ ШМЗҶМ дар шаҳру ноҳияҳои минтақаи Кӯлоб, подполковники милитсия Шоҳзода Бедил ва роҳбари гурӯҳи ҷавонони “Авангард”-и ҚМ РВКД дар вилояти Хатлон оиди гурӯҳи ноҳияҳои Кӯлоб Ятимов Алишер бо ҳайати омӯзгорон ва донишҷӯёни муассиса вохӯри баргузор намуданд. Дар вохӯрӣ перомуни мавзӯи “Пешгирии шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои характери терористию экстремистӣ дошта” ва муҳтавои  Паёми соланаи Президенти кишвар ба Маҷлиси Олӣ сӯҳбат баргузор гардид.

    Шоҳзода Бедил зимни суханронӣ қайд намуданд, ки новобаста аз муборизаи ҷомеаи ҷаҳонӣ шиддату хатари терроризму экстремизм ба ҳаёти осоиштаи шаҳрвандони кишварҳо боқӣ мондааст. Аз тарафи мақомоти ҳифзи ҳуқуқ вақтҳои охир дастгир шудани гурўҳҳои ҷиноятие, ки мехостанд дар минтақаҳои сарҳадӣ ва дохили Тоҷикистон амалҳои террористӣ анҷом диҳанд, гувоҳи ин гуфтаҳост. Аз ин рӯ мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва сохторҳои низомӣ имрӯзҳо бо ҳушёриву зиракии сиёсӣ ва баланд бардоштани донишу малакаи касбӣ, инчунин, бо истифода аз шаклу усулҳои муосир муборизаро бар зидди терроризм ва экстремизм, зуҳуроти ҷинояткории муташаккили фаромиллӣ, қочоқу муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир ва дигар қонуншиканиҳо тақвият дода истодааст. Дар ин раванд, ҳамчунин диққати асосӣ ба пешгирӣ намудани шомилшавии шаҳрвандони мамлакат ба созмону ҳаракатҳои террористиву экстремистӣ ва ба Ватан баргардонидани шахсони гумроҳшуда яке аз мақсадҳои дигари ин самт ҳисобида мешавад. Зимни сӯҳбат аз ҳозирин, бахусус ҷавонон таъкид ба амал оварда шуд, ки ҳамеша пайи таълими фанҳои дунявӣ бошанд, зиракии сиёсиро аз даст надиҳанд, аз фазои осоиштаи кишвар шукрона намуда, касб омӯзанд, зимни пайдо шудани мушкилиҳо бо мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ҳамкорӣ намоянд.

     Ятимов Алишер дода шуд зимни суханронии хеш иброз намуданд, ки терроризм ва экстремизми динию мазҳабӣ имрўз ба як хатари бузурги ҷаҳонӣ табдил ёфта, боиси харобиву куштор ва фирорӣ гардидани одамон шудааст. Ваҳшату даҳшат ва оқибатҳои хунбори онро ҳаррўз мо тавассути телевизион ва дигар воситаҳои ахбори омма мебинем ва мешунавем. Мо бояд ҳамарўза ва пайваста ҷиҳати пешгирии чунин ҳодисаҳои нохуш дар кишварамон тадбирҳои зарурӣ андешем. Дар ҳамкорӣ бо падару модарон, мактабу маориф ва олимону зиёиён дар самти таълиму тарбияи фарзандон ва дар рўҳияи созандагию меҳанпарастӣ тарбия кардани онҳо тадбирҳои заруриро ба роҳ монем.

Ятимов Алишер роҳбари гурӯҳи ҷавонони “Авангард”-и ҚМ РВКД дар вилояти Хатлон оиди гурӯҳи ноҳияҳои Кӯлоб, омӯзгори коллеҷ

Дигар маълумотҳои ин категория

Шарҳ додан

Суроғаи почтаи электронии шумо нашр карда намешавад.