КОНСТИТУТСИЯ ШОҲСУТУНИ ИСТИҚЛОЛИЯТ!

0 10

    Асосгузори сулҳу ваҳдати милли –Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба нақши Конститутсия дар рушди давлатдории миллӣ баҳои баланд гузошта изҳор карданд: «Конститутсия ҳамчун санади мӯҳими тақдирсози миллат мебошад.»

   Ҳамасола дар саросари мамлакат Рӯзи қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон таҷлил карда мешавад. 30-сол қабл аз ин 6-уми ноябри соли 1994-ум тавасути райпурсии умумихалқӣ  Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул гардид. Конститутсияи Чумҳурии Тоҷикистон китоби начандон калон буда, муқаддима 10-боб 100-модда ва мтайғироту иловаҳое, ки ба он ворид карда шудааст иборат мебошад. Дар дебочаи Конститутсия қайд шудааст, ки «Мо халқи Тоҷикистон қисми ҷудонашавандаи ҷомеаи ҷаҳони буда, худро дар назди наслҳои гузашта, ҳозира ва оянда масъул ва вазифадор дониста, таъмини соҳибихтиёрии давлати худ ва рушду камоли онро дарк намуда, баробарҳӯқӯқӣ ва дӯстии тамоми миллату халқиятҳоро эътироф карда, ҷомеаи адолатпарварро вазифаи худ қарор дода ҳамин Конститутсияро қабул карда эълон менамоем». Тайғироту иловаҳое, ки ба Конститутсия ворид карда шудааст, 26-сентябри соли 1999, 22-июни соли 2003, ва 22-майи соли 2016 мебошад. 6-уми ноябри соли 1994 лоихаи Конститутсия,  ки барои райпурсии умумихалқӣ пешниход шуда буд, қабул гардид. Натиҷаи райпурсии умумихалқӣ хеле муаасир буд ва зиёда аз 87% иштироккунандагон лоиҳаро дастгири намуданд ва сарнавишти сохти давлатдориро муайян намуданд. Конститутсияе, ки аз ҷониби мардум пазируфта шуд, ба арзишҳои башарӣ такя намуда, дорои як силсила хусусиятҳои хос ва вижаи мушаххас мебошад. Нақши таърихии Конститутсия, пеш аз ҳамма дар он аст, ки аз солҳои аввали истиқлолият халқи Тоҷикистон ҳамчун баёнгари  соҳибихтиёри ва сарчашмаи ягонаи ҳокимияти давлатӣ буда, сарнавишти худро маҳз тибқи муқаррароти ҳамин ҳуҷҷати тақдирсоз муайян намуда, самтҳои тарақиёти ҳаммаи соҳаҳои зиндагиашро мушаххас гардонид. Маҳз дар асоси талаботи меъёрҳои Конститутсия қонунҳои Конститутсиони ва дигар қонунҳои муҳиме, ки ҳадафи онҳо мустаҳкам намудани рукнҳои давлатдорӣ ва танзими ҳуқӯқӣ, паҳлӯхои гуногуни ҳаёти иқтисодӣ, иҷтимои ва фарҳангии кишварамон мебошад қабул намуданд. Чуноне, ки дар моддаи 1-уми Конститутсия қайд шудааст. Ҷумҳурии Тоҷикистон давлати соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд дунявӣ ва ягона мебошад. Тоҷикистон давлдати иҷтимои буда барои ҳар як инсон шароити хубу арзандаи зиндагӣ фароҳам оварда шудааст. Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Тоҷикистон ҳаммаъноянд. Конститутсияи Ҷумхурии Тоҷикистон таҷзияи хокимиятро ба сифати пояи аслии давлати хуқуқбунёд муайян намуда, дар моддаи нуҳ чунин хидоят медихад: «Ҳокимияти давлатӣ дар асоси тачзияи ба он ҳокимияти қонунгузор, иҷроия ва судӣ амали мегардад».  Илми давлатшиносӣ ақидаи иҷтимои ҳокимиятро низ мавриди баррасии хеш қарор додаанд, собит сохтааст, ки ҳокимият вохид аст, ва манбаи ягонаи он халқ мебошад.  Конститутсияи Тоҷикистон   низоми  «Худдорӣ ва мувофиқатро»  сифати пояи аслии таҷзияи ҳокимият дар Тоҷикистон эътироф намудааст.  Аввалин маротиба дар таърихи навини кишвар Конститутсия имконияти инкишоф ёфтани хаёти ҷамъиятиро дар асоси равияхои гуногуни сиёсӣ ва мафкуравӣ эълон кард, ва хуқуқи шаҳрвандонро дар ташкили ҳизбхои сиёсӣ иттифоқхои касаба ва дигар иттиходияҳои ҷамъиятӣ ва иштирокашонро дар фаъолияти он муқаррар намуд.

   Чи тавре, ки дар боб ва моддаҳои Конститутсия дарҷ гардидааст, давлат ва ҳукумати Тоҷикистон кафили ҳифз ва ҳимояи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрвандон мебошад. Аз ин рӯ мо шаҳрвандонро зарур аст, ки ҳар як қонун ва санадҳои меъёрии ҳуқуқие,  ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон амал мекунад эътироф риоя ва ҳифз намоем.

Аламхонова С.Ҷ.

Омӯзгори кафедраи  “Фанҳои гуманитарӣ”-  и МДТ «Коллеҷи тиббии ш.Кӯлоб ба номи Раҳмонзода Р.А»

Дигар маълумотҳои ин категория

Шарҳ додан

Суроғаи почтаи электронии шумо нашр карда намешавад.