«Танҳо ба даст овардани истиқлолият ин ҳанӯз кам аст, бояд тавонист онро ҳамчун бузургтарин дарёфт ва неъмати давлат ҳимоя ва ҳифз кард».
Эмомалӣ Раҳмон
Ҷумҳурии Тоҷикистон дар харитаи сиёсии ҷаҳони имрӯза ҳамчун давлати соҳибихтиёру соҳибистиқлол ва дорои ҳамаи аломату рукнҳои давлатдорӣ — умумияти забону ҳудуд ва фарҳанг, халқи дорои тамаддуни оламшумул, рамзҳои давлатӣ: Суруди миллӣ, Парчами давлатӣ ва Нишони давлатӣ, пойтахт, пули миллӣ — сомонӣ ва яке аз марказҳои тамаддуни ҷаҳонӣ дар Машриқзамин арзи ҳастӣ дорад, ки ин боиси ифтихори ватандории ҳар яки мову шумо мебошад.
Истиқлолият ба сифати падидаи иҷтимоӣ-сиёсӣ барои халқиятҳо ва давлатҳо баромад намуда, ин, пеш аз ҳама, беҳтарин неъмат ва арзишест, ки дар заминаи он мустақилияти пурраи давлат ва миллат таъмин гардида, ҳалли ҳама проблемаҳои сиёсати дохилӣ ва берунии фаъолияти кори давлат дар замири назар ва андешаи миллӣ қарор мегирад.