ЧОРАБИНИҲО БАҲРИ БАЛАНД БАРДОШТАНИ МАЪРИФАТИ ҲУҚУҚИИ ДОНИШҶӮЁН

0 3

    Давоми рӯзҳои 20 – 24 — уми апрели соли ҷорӣ дар кафедраи фанҳои гуманитарии Муассисаи давлатии таълимии «Коллеҷи тиббии ш.Кӯлоб ба номи Раҳмонзода Р.А.» чорабиниҳои гуногун, аз ҷумла конференсияи илмӣ-назариявӣ, зери унвони «Маърифати ҳуқуқӣ – заминаи устувори волоияти қонун», дарсҳои кушоду намунавӣ ва мизи мудаввар байни донишҷӯён бо мақсади баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии донишҷӯён ташкилу баргузор карда шуданд. Чорабиниҳо бо мақсади омӯзиши Паёми Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва эълони соли 2024 ҳамчун соли “Маърифати ҳуқуқӣ” ташкил карда шуданд. Дар чорабиниҳо масъалаҳои дониш ва риояи сатҳи баланди маърифати ҳуқуқӣ ва тарғиби ҳуқуқии шаҳрвандон, бахусус ҷавонон баррасӣ гардиданд ва қайд карда шуд, ки ҷавонон бояд аз ҳуқуқҳои худ истифода баранд, масъулият дошта бошанд ва ба имкониятҳои баробар, аз ҷумла имкониятҳои ҳуқуқӣ тавассути волоияти қонун дастрасӣ дошта бошанд, ки ин раванд боиси баланд гардидани мавқеи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар сатҳи ҷаҳонӣ ҳамчун давлати ҳуқуқбунёд мусоидат менамояд.

   Дар чорабиниҳо таъкид карда шуд, ки ҳифзи музаффариятҳои давлат, масъулияти шаҳрвандӣ, худшиносии миллӣ ва бақои давлатдорӣ яке аз масъалаҳои муҳими ҳаёти сиёсию ҳуқуқии ҷомеа ба ҳисоб мераванд. Иштирокчиёни фаъоли чорабиниҳо бо сипосномаҳои роҳбарияти муассиса сарфароз гардонида шуданд.

Иброҳимов С.Т.- мудири кафедраи «Фанҳои гуманитарӣ»

Дигар маълумотҳои ин категория

Шарҳ додан

Суроғаи почтаи электронии шумо нашр карда намешавад.