АҲАМИЯТИ ОМӮЗИШИ АСАРҲОИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ МУҲТАРАМ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН ДАР ТАРБИЯИ ВАТАНДӮСТИЮ ХЕШТАНШИНОСИИ ҶАВОНОН

0 22

    Зери ин унвон санаи 1 майи соли ҷорӣ дар МДТ «Коллеҷи тиббии ш.Кӯлоб ба номи Раҳмонзода Раҳматулло Азиз» конференсияи илмӣ-назарявӣ ташкилу баргузор  гардид. Дар кори Конференсия роҳбарияти коллеҷ, омӯзгорон ва донишҷӯён иштирок намуданд.

     Омӯзгорони кафедраи «Фанҳои гуманитарӣ»-и коллеҷ дар кори конференсия бо маърӯзаҳои илмии худ баромад намуда, талошу заҳматҳои Пешвои миллат-Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро тули 31  соли соҳибистиқлолӣ баён доштанд. Дар конференсия оид ба асарҳои Президенти кишвар ва муҳтавои онҳо маълумот дода шуд. Инчунин, филми ҳуҷҷатӣ доир ба хизматҳои арзишманди Пешвои миллат дар рушду нумӯи кишвар ба иштирокчиён намоиш дода шуд.

    Баромадкунандагон ќайд намуданд, ки дар  лаҳзаҳои ҳассоси таърихӣ андешаву хиради волои ин марди ватандӯсту покзамир тавонист миллату давлатро аз маҳву парокандагӣ наҷот диҳад, оташи ҷанги дохилиро хомӯш ва сулҳу ваҳдатро дар мамлакат пойдор созад ва то охирин гурезаро ба Ватан наовард, ором нагирифт, дар дили халқаш барои зиндагии ободу осоишта шуълаи умедро бедор кард, заминаҳои бунёдии системаи идоракуниро ташаккул дода, давлатдории миллиро эҳё намуд, барои рушди минбаъдаи кишвар, барои аз бумбасти коммуникатсионӣ баромадан ва Тоҷикистонро ба марҳалаи нави инкишоф ворид намудан, амалисозии барномаҳои рушди кишварро ҳамаҷониба вусъат дод, монанди бунёди нақбу роҳҳо, корхонаҳои саноатӣ, неругоҳҳо, рушди хоҷагии қишлоқ, кишоварзӣ, боғдорӣ, сохтмон, маориф, фарҳанг ва дигар соҳаҳои ҳаётан муҳими ҷомеаро рушду ташаккул бахшид, ки бо ин хизматҳои таърихиашон дар дили мардуми тоҷик ҷойи хоса соҳиб гаштанд.

     Дар ҷамъбасти Конференсия ба иштирокчиёни фаъоли он сипосномаи роҳбарияяти коллеҷ таќдим карда шуд.

Мудири кафедраи

фанҳои гуманитарӣ                                           Иброҳимов С.Т.

Дигар маълумотҳои ин категория

Шарҳ додан

Суроғаи почтаи электронии шумо нашр карда намешавад.