ОЗМУНИ ҲАМШИРАИ ҶАРРОҲӢ 0 34 Мубодила кардан Таърихи 02 апрели соли ҷорӣ МДТ «Коллеҷи тиббии шаҳри Кӯлоб ба номи Раҳмонзода Раҳматулло Азиз» аз тарафи кафедраи ҷарроҳия озмуни “Беҳтарин ҳамшира дар осебшиносӣ”, бахшида ба барномаи соҳавии пешгирии осебпазирӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки донишҷӯёни факултети “Кори ҳамширагӣ” ташкилу баргузор гардид. Озмун аз бахшҳои саволу ҷавоб аз мавзӯъҳои осебҳо ва иҷроиши малакаҳои амалӣ оид ба ёрии аввалин ҳангоми осебҳои бадан иборат буданд, ки донишҷӯён аз иҷроиши онҳо ба хубӣ баромаданд. Мақсад аз ташкили озмуни мазкур баланд бардоштани сатҳи дониши назариявӣ ва амалии донишҷӯён аз фанни ҷарроҳия ва ҳавасманд намудани донишҷӯён ба касби интихобнамудаашон мебошад. Дар ҷамъбасти озмун фаъолон бо ифтихорномаи роҳбарияти муассиса сарфароз гардонида шуданд. Мудири кафедраи ҷарроҳия н.и.т., Сафаров Ф.Ш. Пеш 1 то 10 саҳифа Баъдӣ 0 34 Мубодила кардан