Конститутсия дар баробари, нишон,парчам ва суруди миллӣ аз љумлаи мукаддасоти милливу давлатдори буда, парчам ва парчамдорї яке аз суннатњои кадими давлатдорї ва рамзи ватандорию ватандўстӣ бошад, конститутсия шиносномаи давлату миллат њисобида мешавад.
Конститутсия тартиботи асосии ҳуқуқии ҳаёти ҷомеа буда, аз ҷиҳати мазмуни худ қонуни асосии мамлакат мебошад. Вай поягузори давлати соҳибистиқлол, ҳуқуқбунёд, демократӣ, дунявӣ, ягона ва иҷтимоии Тоҷикистон буда, системаи принсипҳои асосии бунёди давлат дар боби аввали Конститутсия асосҳои сохтории он муқаррар шудааст. Он тамоми соҳаҳои ҳаёти ҷамъиятӣ, сиёсиву ҳуқуқӣ, иқтисодиву иҷтимоӣ, фарҳангиву идеологӣ ва соҳаи байналхалқиро дар бар гирифта, заминаи ҳуқуқии бунёди давлати тозабунёд ва соҳибистиқлоли тољикон, шакли ифодаи ҳуқуқии ормонҳои давлатдории миллї, ҳимояи ҳадафҳо ва манфиатҳои миллї, осори таърихї ва фарҳанги миллї мебошад.