«РӮЗИ КОНСТИТУТСИЯИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН» -ҶАШНИ МИЛЛӢ

0 12

    Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон яке аз дастовардҳои миллии мо дар замони соҳибистиқлолист, ки дар муайян кардани сохтори давлати тозабунёди мо, таъмини шароити мусоиди кору зиндагии мардум, рушду нумӯи тамоми соҳаҳои ҷомеа ва тараннуми сулҳу осоиштагӣ нақши муҳим мебозад. Ҳамчун қонуни асосии кишвар пеш аз ҳама сарчашмаи бахту саодат, озодию ободии мамлакат ва ифодакунандаи мароми хайрхоҳонаи миллати тамаддунофари мост. Онро ҳамчун Бахтнома тавсиф кардаанд, ки барҳақаст.

                               «Дунёи мо мунаввар аз Бахтномаи мост,

                               Дар авҷсозидибар аз Бахтномаи мост.»

Муҳимм он аст, ки дар Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон тамоми паҳлӯҳои ҳаёти ҷомеаи шаҳрвандӣ бо дар назардошти таърихи куҳанбунёди миллат, урфу одат, анъанава дар маҷмуъ симои ботинии миллати тоҷик, ки бисёр  софу беолоишаст, дарҷ гардидааст. Яъне дар 10 боби Конститутсия, ки бо раъйи мардум қабул гардидааст, метавон дарёфт, ки мо — сокинони ин Ватан пеш аз ҳама тарѓибгари амну осоиш, тараннумгари сулҳу дӯстӣ ва ободгарони ин диёр астем. Ҳамин аст, ки дар фазои сиёсию фарҳангии ҷаҳон Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон яке аз Конститутсияҳои бонуфуз эътироф гардидааст.

 

«Дар сафҳаҳош дарҷ аст садҳо баёни ширин,

Гуфтори мо чу шаккар аз Бахтномаи мост.»

Хушбахтона, имрӯзҳо ба ҳар як оилаи Тоҷикистон китоби «Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон» дастрас карда шудааст ва мардум, хусусан, насли ҷавон аз мундариҷа ва муҳтавои он огоҳ аст. Ин огоҳӣ пеш аз ҳама самараи заҳматҳои Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошад, ки ба тарѓиби китобу китобхонӣ, донистани таъриху фарҳанги миллат ва таъмини волоияти қонун равона гардидааст.

Риояи қонунҳо бошад, албатта, ҳар як ҷомеаро пеш мебарад ва ин пешрафтҳо боиси саодати сокинони кишвар хоҳад гашт.

«Қонуни бемисол аст, ду ҷилди он ду бол аст,

Парвози бахти кишвар аз Бахтномаи мост.»

 «Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон» яке аз ҷашнҳои миллӣ ва муқаддаси мо ба ҳисоб рафта, дар дили сокинони Тоҷикистон эътимодро ба сиёсати хирадмандонаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тақвият мебахшад, руҳиморо болида мегардонад ва шодию сурури моро меафзояд.

«Кӯҳи Ватан чу минбар, хуршеди он чу сарвар,

Хуршеди рӯйи минбар аз Бахтномаи мост.»

Бигзор ин шодию сурур ҳамеша рӯ ба афзоиш бошаду кулли сокинони Тоҷикистони азиз сарбаланду хонаобод.

«Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон» муборак бошад, ҳамкасбони азиз!

Қумриннисо Маҳмудзода,

муовини директор оид ба илм ва муносибатҳои байналмилалии МДТ «Коллеҷи тиббии шаҳри Кӯлоб ба номи Раҳмонзода Р. А.»

Дигар маълумотҳои ин категория

Шарҳ додан

Суроғаи почтаи электронии шумо нашр карда намешавад.