НАҚШИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ЗАБОНИ ДАВЛАТӢ

0 3

Истиқлолияти давлатӣ барои мардуми бостонии тамаддунсози тоҷик чун неъмати бебаҳои таърихӣ иқдоми эҳёи расму русум, фарҳангу илм ва бо қалами соҳибихтиёрӣ азнавсозии давлатдории худро эҳдо намуд.

Пушида нест, ки тӯли садсолаҳо баъди пароканда шудани давлати абарқудрати Сомониён ба сари мардуми тоҷик қавму қабилаҳои гуногун ҳокимият кардаанд ва омили аслии ба таназзул рӯ наовардани ҳастии миллати тоҷик маҳз бо шарофати забони фасеҳ, балеғ ва гӯёи он марбут дониста мешавад.

Ҳангоми назар кардан ба ҷанбаи таърихии ин мавзӯъ бармеояд, ки забони тоҷикӣ дар ҳама даврон дар сабки адабии хаттӣ ва дар мақоми забони расмӣ ташаккул ва таҳаввул намудааст. Истиқлоли Ҷумҳурии Тоҷикистон ва тағйироти бунёдӣ дар ҳаёти сиёсию иҷтимоии кишвар барои рушди ҳамаҷонибаи забони тоҷикӣ шароити мусоид фароҳам овард. Имрӯз вазифаҳои иҷтимоии забон тағйир ёфта, аҳаммияти сиёсиву миллӣ ба худ касб кардааст. Дар натиҷаи ворид шудани мафҳумҳои нави сиёсӣ ва иҷтимоию илмӣ дар забони тоҷикӣ вожаву истилоҳоти нав аз забонҳои гуногуни дунё пайдо мешаванд. Дар ҷараёни инкишофи иҷтимоию сиёсии тамаддунҳо бархе аз забонҳо вобаста ба истифодаи онҳо дар соҳаҳои гуногуни ҷомеа хусусиятҳои вижаеро касб мекунанд. Ба ҳама маълум аст, ки забони тоҷикӣ забони шеър, забони юнонӣ – забони фалсафа, забони лотинӣ – забони илм мебошанд. Ҳамин тариқ, инкишофи хусусиятҳои сохторӣ ва вожасозии забон асосан ба шакл ва тарзи истифодаи он дар соҳаҳои алоҳидаи илму фарҳанг иртибот пайдо мекунанд.

Муҳимтар аз ҳама, дар рӯзгори Истиқлоли давлатӣ забони тоҷикӣ ба сифати бинои ҳастии миллат таҳкиму устувории бештар ёфт ва мақоми воқеии расмию давлатӣ пайдо карда, дар ҳамаи соҳаҳои ҳаёти ҷомеа мавриди истифодаи густурда қарор гирифт.

Баъди ба эътидол омадани вазъи сиёсӣ ва сулҳу субот дар кишвар ва ноил омадан ба пешравиҳои назаррас дар роҳи бунёди давлати миллӣ зарурат пеш омад, ки Қонуни забон, ки пештар аз даврони Истиқлол таҳия ва ба тасвиб расида буд, мавриди бознигарӣ қарор дода шавад. Аз ин хотир, дар таърихи 5 октябри соли 2009 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатӣ» дар таҳрири нав ба тасвиб расид ва ин таърих рӯзи гиромидошти забони модарӣ муқаррар гардид, ки минбаъд ҳамасола дар мамлакат таҷлил карда мешавад. Барои ба даст овардани таҳким бахшидани истиқлоли фарҳангии миллӣ пеш аз ҳама пояҳои забони миллиро мустаҳкам намудан зарур аст. Забони тоҷикӣ фақат ҳамон вақте забони илму фарҳанг мегардад, ки бо ин забон истилоҳоти илмӣ ба вуҷуд оварда шавад.

Махсусан, пажуҳиши масъалаҳои истилоҳоти забони тоҷикӣ, стандартсозӣ ва ҳамгунсозии онҳо хеле муҳим мебошад. Махсусан, имрӯз, ки як марҳилаи муҳимми инкишофи забони тоҷикӣ, яъне дар коргузории идораҳои давлатӣ ва ғайридавлатӣ ҷорӣ шудани забони давлатӣ анҷом ёфтааст, масъалаи истилоҳот, стандартсозӣ ва ҳамгунсозии он ба мадди аввал мебарояд. Он харҷу марҷе, ки имрӯз дар истифодаи истилоҳот дар коргузории расмӣ, ҳуҷҷатҳои қонунгузорӣ, забони таҳсил ва матбуот вомехурад, ба ҳамагон маълум аст. Бинобар ин зарурати соҳа ба соҳа стандарт ва ҳамгун сохтани истилоҳоти забони тоҷикӣ ва ба меъёри муайян дарвардани нормаҳои забони адабӣ ва махсусан бахши вожагони он сахт эҳсос мешавад. Барои дар амал пиёда кардани он таҳияи фарҳанги тафсирии забони тоҷикӣ ва инчунин фарҳангҳои истилоҳии соҳавӣ бисёр зарур аст. Яке аз масъалаҳои муҳимми дигари инкишофи забон барномарезии таҳияи истилоҳоти илмӣ барои риштаҳои гуногуни ҳаёти иқтисодӣ ва иҷтимоии кишвар аст.

Дар охири солҳои 90-уми садаи гузашта забони тоҷикӣ ба як забони тавонои давлатӣ табдил ёфт ва аллакай дар соли 2000-ум тамоми муассисаҳои давлатӣ ва ғайридавлатии Тоҷикистон маҷбур шуданд, ки барои дар амал пиёда шудани қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба забони давлатӣ гузаранд. Яке аз муваффақиятҳои бисёр бузурге, ки дар ин давра мо ба даст овардем дар асоси сиёсати бисёр пайгиронаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва махсусан пуштибонии Президенти кишвар дар коргузории расмии ҷумҳурӣ ба таври пурра ҷорӣ гардидани забони давлатӣ буд. Умуман соли 2000-умро гардиши куллӣ дар сиёсати забонии Ҷумҳурии Тоҷикистон номидан мумкин аст.

Нуктаи зайл дар асари Пешвои миллат «Забон – ҳастии миллат” бори дигар моро ҳушдор медиҳад, ки ба арзишҳои таърихии офаридаҳои моддиву маънавии халкамонро дар асри имруз арҷгузорӣ намоем: « Хушбахтона, халқи мо аз ҷумлаи чунин мардумони фарҳангзову тамаддунсози дунёи қадим ба шумор меравад. Офаридаҳои моддиву маънавии дар як минтиқаи васеи ҷаҳон паҳн гардида, на танхо мардуми ҳамнажоду ба ҳам наздик, балки қавму қабилаҳои гуногунро дар домани худ парваридааст.

Имрӯз нақши забони тоҷикӣ ба сифати забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон чун падидаи шуури миллӣ, омили ташаккули афкори солими ҷамъиятӣ ва василаи мафкураи созандаи давлатӣ дар устуворсозии чанбаҳои фарҳангию маънавии давлатсозӣ, тахкими истиқлолияти давлатӣ ва таъинсозии ҳувияти миллӣ, тақвияти нуфузи баналмилалии Тоҷикистон барои ҷомеаи мо аз ҳар вақти дигар басо чашмрас ва ҳадафманд ба назар мерасад.

Маҳмудзода Қ.Н.

Муовини директор оид ба илм ва муносибатҳои байналмилалӣ

Дигар маълумотҳои ин категория

Шарҳ додан

Суроғаи почтаи электронии шумо нашр карда намешавад.