КОНСТИТУТСИЯ – НИЗОМИ СИЁСИВУ ИҶТИМОИИ ДАВЛАТ 0 9 Мубодила кардан Вазифаи асосии Конститутсия дар навбати аввал инсон ва ҳуққуқу озодиҳои уро ҳамчун арзиши оли эътироф ва ҳифз намудан аст. Эмомали Раҳмон. Чуноне, ки таърихи ҷомеаи инсони собит месозад,мафхуми Конститутсия хеле барвакт дар ҷомеа арзи ҳасти карда,то имруз рушду ташакул меёбад. Рушди ҷомеа, дар марҳилаи муаяни таърихи,замина ва шароитҳоро барои пайдоиши аввалин Конститутсияҳо ба миён овард. Маълум аст,ки дар ташаккули муносибатҳои ҷамъияти аз давраи пайдоиши нахустин давлатҳо, мееъёрҳои муаяне ҷой доштанд,ки низоми ҷомеаро танзим мекарданд. Пайдоиши аввалин Конститутсияхо дар таърихи давлатдориҳои ҷаҳон ва асрхои 18 давраи аввалин инқилобҳои сармоядори мансуб аст. Чуноне,ки таърих гувоҳи медиҳад аввалин Каниститутсияҳо соли 1787 дар ИМА ва соли 1791 дар Фаронса ба вуҷуд омадаанд.Аз ин давра сар карда,марҳилаҳои рушд ва такмили Кониститутсия ҳамчун санади муҳими давлатҳо оғоз мешавад. Кониститутсия ба сифати санади муҳими ҳуқуқи дар давлатҳои гуногун қабул гардида то замони муосир такмил ёфтаанд.Дар қатори дигар кишварҳои ҷахон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон қабули Кониститутсияҳо марҳилаҳои муаян дорад.Ҷумҳурии Тоҷикистон соли 1924 ба ҳайси ҷумҳури мухтори таъсис ёфт. Авалин Кониститутсия дар Тоҷикистон 28 апрели 1929 қабул шуд,ки ин Конститутсия дастовардҳои халқи тоҷикро дар давраи мухторият инъикос мекард,аммо ин санад вазифаи худро то ба охир иҷро накард.Бинобар ин Ҷумҳурии Шуравӣ Сотсиалистии Тоҷикистон бо таклифу пешниҳодҳои вакилони шуроҳо 20 декабри 1931 матни Кониститутсияи нави Тоҷикистонро дар таҳрири нав таҳия ва нашр кард,ки ба ҳукми амал даромад. Баъдан дар Тоҷикистон 01 марти 1937 ва 14 апрели 1978 Кониститутсияҳои сеюм ва чорум қабул карда шуд.Бояд қайд кард ки Кониститутсияҳои қабул шуда фаъолияти давлату миллати тоҷикро дар замони баъдишурави инъикос мекард.Бад аз элон шудани истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон 09 сентябри 1991,ба вуҷуд омадани тағироту дигаргуниҳо дар ҳаёти сиёсӣ иқтисодию иҷтимоии ҷомеа талабот барои қабули Кониститутсияи нав дар Тоҷикистон ба миён омад. Андешаи қабули Кониститутсияи нави Ҷумҳурии Тоҷикистон бо дар назардошти шароити мушаххаси иқтисоди,иҷтимои ва фарҳангии кишвари мо аҳамияти муҳими таърихи дошт. Бо дарки масъалае,ки принсипҳои Кониститутсиони бояд дар зеҳну шуури инсон маърифати баланди ҳуқуқиро оид ба эхтиром гузоштан ба Кониститутсия ба миён оранд,Пешвои миллат муҳтарам Эмомали Раҳмон зимни таҳияи лоиҳаи Кониститутсия ҳамеша ба масъалаи дар матни он ба таври дақиқ иникос ёфтани худи Кониститутсия аз қабили функсияҳои сиёсӣ хуқуқӣ,ва инсондустӣ аҳамияти хоса зоҳир менамуданд.Хамин тавр дар таърихи давлатдории навини тоҷикон 6-ноябри соли 1994 боз як саҳифаи муҳим кушода шуд. Дар ин санаи таърихи тариқи райпурсии умумихалқи Конститутсияи давлати соҳибистиқлоли Тоҷикистон қабул гардид, ки аҳамияти бузурги таърихи дошт, қабули Конститутсияи ҷадид дастоварди бузурги халқ дар роҳи давлатсозиву давлатдории навин ба шумор рафта,барои пойдории сулҳу суботи комил, ваҳдати миллӣ ва ташакули ниҳодҳои гуногуни ҷомеаи шаҳрвандӣ нақши хеле пурарзиш дошт. Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар зарфи 30 соли амал,собит кард, ки санади Олии ҳуқуқӣ дар хақиқат ҷавобгӯи ба ҳама талаботҳои ҷомеаи муосири Тоҷикистон мебошад. Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ҳамаи муқаррароти пешниҳод кардани ҷавобгӯи ба меъёрҳои дохилию байналмилалӣ буда манфиатҳои ҳама табақаҳои ҷомеаро дар худ иникос мекунад.Кониститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби мардуми кишвар қабул ва дастгири ёфта бо дарназардошти тагийротҳои ҷомеа аз давраи қабул то имруз 3- маротиба соли 1999, 2003 ва 2016 ба қисматҳои алоҳидаи он тағироту иловаҳо ворид карда шуд. Дар хулоса ҳаминро бояд гуфт,ки Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун «Бахтномаи миллат» ба манфиати миллати тоҷик хизмат мекунад. Қурбонмадова Шаҳло .Омӯзгори кафедраи “Тарбияи ҷисмонӣ ва мудофиаи шаҳрвандӣ” 0 9 Мубодила кардан