Бақои ҳар як миллатро арзишҳои миллиаш Марзи муайян, забон, Парчам, Суруди миллӣ, асъори миллӣ, Нишон ва Конститутсия муайян мекунад. 6-уми ноябри соли 1994 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ҳамапурсии мардуми ҷумҳуриамон қабул гардид. Президенти кишвар низ дар ҳамин раъйпурсӣ аз ҷониби ҳамаи табақаҳои ҷомеа пазируфта шуд. Имсол аз қабули Конститутсия 30 сол пур мешавад.
Ифодагари ҳамаи дастовардҳо ва комёбиҳои миллати тоҷик Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад. Ин ҳуҷҷати таърихӣ симо ва достони миллати куҳанбунёди мо буда, ҳуқуқ, озодӣ ва уҳдадориҳои миллатро муайян менамояд.
Конститутсия ҳуҷҷати тақдирсоз аст, ки манфиати ҳамаи рукнҳои ҷомеаро дарбар мегирад. Ин ҳуҷҷат ба сифати қонуни асосӣ барои Тоҷикистони соҳибистиқлоли мо падидаи нав нест, чунки дар замони Ҳукумати Шӯравӣ соҳиби Конститутсияҳои умумихалқӣ будем ва ҳар яки онҳо афкору воқеияти замони худро инъикос мекарданд. Худи мафҳум ва ё истилоҳи «Конститутсия» ин «барқарор мекунам», «таъсис медиҳам»-и ҳокимиятро маънидод мекунад. Дар баробари ин, ба сифати қонуни асосии давлат, таҳкимбахши ҳуқуқ ва озодиҳои инсон, аз замони ба миён омадани муносибатҳои сармоядорӣ ба вуҷуд омад. Конститутсия ин қонуни асосии кишвар ба ҳисоб меравад ва онро муассисоте, ки дар чаҳорчӯбаи меъёру муқаррароти он таъсис ёфтаанд, наметавонанд, тағйир диҳанд. Тағйири Конститутсия бо роҳи хоса ва танҳо бо раъйи аксари шаҳрвандон ба роҳ монда мешавад.
Қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳаёти сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангии давлати тозабунёди тоҷикон рӯйдоди муҳим ва мондагори таърихӣ буд, ҳаст ва хоҳад монд.
Таҳлилгарони хориҷӣ ба ин Қонуни асосии мо баҳои баланд дода, Тоҷикистонро ҳамчун давлати пешрафта ва сулҳхоҳ муаррифӣ намудаанд. Масъалаи асосӣ аз ҷониби мо, шаҳрвандон, риоя кардани нуқтаҳои зарурӣ дар он нишон дода шудааст. Ҳамаи ин нишондодҳоро бояд бо самимияти хоссаамон нисбат ба давлат ва роҳбари он риоя намоем.
Бояд гуфт, ки доштани Конститутсия барои ҳар як шаҳрванди ин ё он давлати ҷаҳон боиси ифтихору сарбаландист.
Таърих гувоҳ аст, ки дар дунё халқияту миллатҳое ҳастанд, ки аз давлатдорӣ ва конститутсия бенасибанд. Бинобар ин, месазад, ки мо, тоҷикон бо ин ҳуҷҷати таърихӣ, ки ифодакунанда ва роҳнамои мардуми ватанамон аст, ифтихор намоем. Дар ин қонуни асосӣ ҳамаи мазмун ва мундариҷаи соҳаҳои ҳаёт, қадру манзалати шахс, мавқеи ӯ дар ҷомеа ба назари эътибор гирифта шудааст. Ба ҳамин хотир, конститутсияро аз давраҳои хеле пештар ҳам раҳнамо ё бахтномаи давлат номидаанд.
Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дастоварди беназирест, ки имрӯз мардуми Тоҷикистон таҳти сарварии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо татбиқи арзишҳои он пояҳои давлатдориамонро боз ҳам устувору қавӣ мегардонанд. Ин санади сарнавиштсоз дар саргаҳи олии низоми ҳуқуқӣ ва қонунгузории мамлакат истода, таҷассумгари орзуву ормонҳои халқамон аст ва барои рушду нумуи кишварамон, аз ҷумла раванди демократикунонӣ, ҳуқуқбунёдии ҷомеа ва давлатамон нақши амиқу арзишманд дорад.
Аз ин ҷиҳат Конститутсияи мо санади ифодакунанда ва ҷавобгӯйӣ ормону орзуи халқи Тоҷикистон буда, эҳтиром ва риояи ҳатмии он ба хотири манфиатҳои олии Ватан, давлат ва таъмини ҳуқуқу озодиҳои инсон қарзи виҷдонии ҳар як шаҳрванди Тоҷикистон аст. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар бораи Конститутсия чунин иброз доштанд: «Боиси итихор аст, ки қонуни асосии мо дар миқёси кишварҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил дуюмин Конститутсия бо роҳи раъйпурсии умумихалқӣ қабулшуда мебошад ва аз ҳамон рӯзи саид то имрӯз мардуми мо ин санаи тақдирсозро ҳамасола чун яке аз ҷашнҳои муқаддаси давлативу сиёсӣ бо шукуҳу тантана таҷлил менамоянд».
Дар ҳақиқат, имрӯз мо ҳаёти худро бе Конститутсия, ки ҳамчун меъёри ҳуқуқии зиндагии инсон қабул гардидааст, тасаввур карда наметавонем.
Дар баробари ин эҳтиром ба қонун, пеш аз ҳама ба Конститутсия, риояи ҳатмии он ба хотири манфиатҳои олии Ватан ва давлат, таъмини ҳуқуқу озодиҳои инсон вазифаи ҷонӣ ва қарзи виҷдонии ҳар як шаҳрванди Тоҷикистон аст.
Чунки ҳифз ва густариши арзишҳои милливу умумибашарӣ, ҳуқуқи байналхалқӣ дар ҷомеа садоқат ба сохти давлатдории миллӣ, яъне давлати ҳуқуқбунёд, дунявӣ, демократӣ ва ҳимояи халалнопазирии ин арзишҳо ба майлу иродаи халқ дар Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон озоду соҳибистиқлол дарҷ шудаанд.
Ба ҳамин тариқ, Конститутсия – қонуни асосии кишвар, эътибории олии ҳуқуқӣ ва сарчашмаи қонунгузории Тоҷикистон буда, он асосҳои сохтори давлат ва ҷомеа, ҳуқуқ, озодиҳо ва вазифаҳои асосии инсон ва шаҳрванд, кафолатҳои таъмини ҳуқуқу озодиҳо, низом, вазъи ҳуқуқӣ, салоҳият ва ваколатҳои мақомоти давлатӣ, шаклҳои амалисозии онҳо, ҳамкории байни онҳо дар бунёди давлати демократӣ, дунявӣ, ҳуқуқбунёдро дар Тоҷикистон муқаррар менамояд.Гуфтан ҷоиз аст, ки Конститутсия пояи давлатдории миллӣ дар Тоҷикистон мебошад.
Мо мардуми Ватандӯсту худогоҳро зарур аст, ки ба манфиати Ватан, давлат ва халқи худ софдилонаву содиқона кору зиндагӣ карда, тамоми кӯшишу ғайрати худро барои пешрафти давлати мустақили тоҷикон равона намуда, Конститутсияи ҷумҳуриро амиқ биомӯзем, онро эҳтиром намоем ва аз он ифтихор намоем.
Бобошоева Ҳавасмоҳ
омӯзгори калони кафедраи забон ва адабиёти тоҷик-и МДТ «Коллеҷи тиббии шаҳри Кӯлоб ба номи Раҳмонзода Р. А.»