Бе шак Саъдии бузург дуруст фармудааст, ки ҳаққи устод, омӯзгор муаллим аз ҳаққи падар бештар асту аз он пештар, зеро агар падар моро аз ҳаёт баҳра диҳаду моро аз ҷиҳати моддӣ таъмин намояд, пас омӯзгор моро аз наҷот баҳра медиҳад. Аз наҷот баҳра додани омӯзгор ба он маъност, ки он бо хирад ва донишу заковати хеш моро ба роҳи рост ҳидоят намуда, аз мушкилиҳои ҳаёту зиндагӣ моро наҷот медиҳад.
Бешубҳа, агар аксари донишмандон ва мутафаккирони олам мактабро барои халқ аз ҳама муҳим шинохта бошанд, пас муаллим дар ҳаёти маънавии халқу давлат ҷойгоҳи сониро ба худ ихтисос медиҳад, ки ҳақ аст. Сарлашкар Искандари Мақдунӣ бесабаб намегӯяд, ки «ман дар назди устодам камтар аз падарам вазифадор нестам, зеро агар падар ба ман ҳаёт бахшида бошад, Арасту зиндагии хуби маро фароҳам сохт».
Ба ақидаи Рӯдакӣ ҳама чизи зарурро инсон маҳз аз ҳаёт меомўзад. Он чизе, ки шахс аз ҳаёт наомўхтааст, ба ў ягон муаллим омўзонида наметавонад. Ҳамин тавр, мутафаккир ҳаётро муаллим ва сарчашмаи тарбияи инсон шуморидааст.
То имрӯз қаламе ихтироъ нашудааст, ки бузургии омӯзгорро рӯи қоғаз биёрад, рассоме ба дунё наомадааст, ки симои ҳақиқии омӯзгорро тасвир намояд. Аммо ба қадри кофӣ дар ҳар давру замон бузургон кӯшиш намуданд, ки ба андозае ҳам бошад омӯзгорро васф намоянд. Пешвои муаззами миллат, Ҷаноби Олӣ, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон омӯзгорро дар меҳвари марказии ҷомеа қарор дода, иброз карданд, ки «Муаллим ақл, шарафу виҷдони ҷомеа ва симои асосии он мебошад. Вай донишу заковат, гармии худро бедареғ ба фарзандон медиҳад ва хешро хушбахт меҳисобад». Ба ақидаи К.Д. Ушинский «Муаллим, то даме, ки зинда аст, мехонад.
Ногуфта намонем, ки омӯзгорӣ кори ҳар нафар нест ва на ҳар шахс аз ӯҳдаи ин рисолати пурифтихор сарабаландона мебарояд. Чун барои иҷрои дурусту босифати ин рисолати омӯзгорӣ заҳмату ҷонфидоиҳои зиёд тақозо карда мешавад. Аз худи омӯзгор вобаста аст, ки то кадом андоза дар ин роҳ ҷидду ҷаҳд нишон дода, бо сабру таҳаммул машаққатҳоро паси сар менамояд. Зеро омӯзгори ҳақиқӣ боқӣ мондан, бардошту заҳматҳои зиёдро талаб менамояд. Омӯзгорон ҳамчун субъектони раванди таълим метавонанд дар самти омода кардани кадрҳои баландихтиос ва дар роҳи расидан ба ҳадафҳои олии кишвар саҳми муносиби худро гузошта, дар саҳифаҳои рангини зиндагии хеш хотироти некро ҷовидона боқӣ гузоранд.
Дар вокеъ, ихтисоси омӯзгорӣ ба маънои томаш касби басо пуршараф, масъулиятнок ва зарурии ҷомеа аст, зеро агар инсоният бо ақлу заковат ва заҳмати худ табиатро тағйир диҳад, муаллим бо донишу маҳорати волои хеш табиати худи инсонро ташаккул медиҳад. Зеро, пойдорӣ, устувории ҳар ҷомеа, аз сиришту солимии наслҳои барумандаш вобаста мебошад. Маҳз наслҳои солимфикр, соҳибмаълумоту дорои ҷаҳонбинии комил, метавонанд суръати киштии миллатро бидуни каҷу килебиҳо рост сӯи соҳили матлаб биронанд.
Имрӯзҳо, ки халқи тоҷик соҳиби истиқлол шудаасту сарбаландона бо роҳбарии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ояндаи худро месозад, нақши устодону омӯзгорон боз ҳам баландтар мешавад ва талабот низ аз онҳо дучанд мегардад.
Қайд кардан ба маврид аст, ки дар Паёми навбатии Пешвои миллат ба Парлумони кишвар ироа гардид, ин вазифаю мақом ва афкоре, ки дар боло гуфтем, чӣ гуна дарҷ шудааст ва бо иқтибоси он як дафъаи дигар мегӯем, ҳақ бар ҷониби Пешвои миллат аст, ки овардаанд: