АМАЛИШАВИИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТӢ ДАР АСОСИ КОНСТИТУТСИЯ

0 7

9 сентябри соли 1991 эълон гардидани истиқлолияти давлатӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳаёти сиёсӣ, ҳуқуқӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангии Тоҷикистон дигаргуниҳои куллӣ ба вуҷуд овард. Сохти давлатӣ, шакли идоракунии давлат, низоми сиёсӣ, мазмун ва моҳияти ҳуқуқу озодиҳои асосии инсон ва шаҳрванд ва дигар муносибатҳои мавҷуда дигаргун шуданд.

Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, ҳаёт, қадр, номус ва дигар ҳуқуқҳои фитрии инсон дахлнопазир эълон гардиданд. Амалишавии ҳокимияти давлатӣ дар асоси таҷзияи он ба ҳокимияти қонунгузор, иҷроия ва судӣ бо мақсади роҳ надодан ба ғасби ҳокимияти давлатӣ аз ҷониби шахсони алоҳида, гурӯҳи шахсон ё мақомоти алоҳида пешбинӣ гардида, волоияти санадҳои байналмилалӣ назар ба санадҳои миллӣ хислати ҳуқуқӣ пайдо кард. Ин маънои онро дорад, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон барпо кардани давлати демократии ҳуқуқбунёд ва ҷомеаи озоди шаҳрвандиро мақсади худ қарор дод. Дар ҳамин асос иқтисодиёти Тоҷикистон ба шаклҳои гуногуни моликият, аз ҷумла моликияти хусусӣ асос ёфта, озодии соҳибкорӣ кафолат дода шуд. Истиқлолияти давлатӣ барои қабули рамзҳои давлати миллӣ, аз қабили Парчам, Нишон ва Суруди миллӣ замина гузошт.

Эълони Истиқлолияти давлатӣ ва ба марҳалаи сифатан нави рушд ворид гардидани Тоҷикистон зарурати таҳия ва қабули Конститутсияи нави Тоҷикистонро ба миён овард, зеро таъмини истиқлолияти давлатӣ ва рушди бомароми кишвар бидуни Конститутсияи нав ғайриимкон буд. Тибқи Конститутсия Тоҷикистон давлати соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягона эълон шуда, дар ин замина самти ҳаракати давлат ба роҳи эъмори давлатдории навин равона гардида, барои татбиқи ҳадафҳои Иҷлосияи таърихии XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки оғози марҳилаи муҳими таҳкими ҳокимияти конститутсионӣ дар кишвар маҳсуб меёбад, асос гузошт.

Дар заминаи Конститутсия адолати ҳуқуқӣ, яъне волоияти ҳуқуқ, ки тартиботи давлатӣ ва муносибати давлатро бо ҷомеа дар замири эътирофу эҳтироми манфиатҳо таъмин менамояд, устувор гардида, пойдории адолати иҷтимоӣ мақсаду мароми тамоми мақомоти давлатӣ ва ҷомеаи шаҳрвандӣ гардид.

Конститутсия давлати моро бо тамоми хусусиятҳои ҷаҳониаш таъсис дода, мустақилияти давлатро бо ҳама унсурҳояш, аз қабили ҳудуд, соҳибихтиёрӣ дар ҳалли масъалаҳои дохилидавлатӣ, мақомоти олии ҳокимияти давлатӣ, шаҳрвандӣ, қонунгузории мустақил, асъори миллӣ, қувваҳои мусаллаҳ ва ғайра мустаҳкам намуда, муносибати мутақобилаи давлат ва мақомоти давлатиро бо ҷомеа ва ниҳодҳои он ба вуҷуд овард.     Дар он асосҳои пешрафти давлати муосир, кафолати ҳуқуқ ва озодии инсон ва шаҳрванд, таҷзияи ҳокимият, гуногунандешии сиёсию мафкуравӣ, демократияи намояндагӣ, бисёрҳизбӣ, озодии эътиқод, сухан, матбуот, гуногуншаклии моликият, фаъолияти озоди иқтисодӣ ва соҳибкорӣ, ки нишондиҳандаи мавҷудияти низоми демократии сиёсию иҷтимоӣ мебошанд, муайян гардиданд.

Конститутсия халқро ба сифати баёнгари соҳибихтиёрӣ ва сарчашмаи ягонаи ҳокимияти давлатӣ эътироф намуда, асосу зербинои ҳуқуқиро ба сифати кафолати танзими солими муносибатҳои ҷамъиятӣ муқаррар намуд ва барои аз нигоҳи ҳуқуқӣ дуруст ба низом даровардани меъёрҳои қонун ва тартибу усули ҳуқуқии амалигардонии онҳо замина ба вуҷуд овард.

Дар сатҳи Конститутсия забони тоҷикӣ ба ҳайси забони давлатӣ эътироф шуд ва ин меъёр имкон дод, ки арзишҳои миллию фарҳангии миллати тоҷик эмин нигоҳ дошта шуда, ба эҳёи дубораи забони тоҷикӣ шароити мусоид фароҳам оварда шавад. Конститутсия ҳуҷҷати ҳуқуқи мебошад, ки асосҳои сохтори давлат, қонуният ва тартиботи ҳуқуқиро муайян намуда, ҳамзамон дар ҳуҷҷати сиёсӣ мебошадба, ки муносибатҳои сиёсиро дар ҷамъият танзим менамояд. Конститутсия ҳуҷҷати таърихӣ буда,новобаста аз търиху давлат асраи чандин дар шакл ва мазмуни ирўзаи худ зиёда аз ду аср амал мекунад. Конститутсия қонуни асосии давлат буда, асосҳои сохтори конститутсионӣ, принсипҳои умумии ҳуқуқро мустаҳакам намуда, дар таърихи башарият маҳз конститутсияҳо сарчашмаи дигаргуниҳои сиёсӣ-ҳуқуқи рушди ҷамъият гаштааст.

 Пайдоиш ва инкишофи Конститутсияи Тоҷикистон бошад ба барпоёбӣ ва ташаккули давлати миллии тоҷикон алоқаманд буда, панҷ марҳиларо аз сар гузаронидааст.

 Конститутсия асоси пойдории давлату миллат буда, озодию ободи ва демократияро дар чорчӯбаи қонун нигоҳ медорад . Мусаллам аст ,ки барои барқарор кардани давлати ҳуқуқбунёд ,бояд констутсияи он устувор ва пойдор бошад. Бо ин мақсад роҳбари давлат ин санади муҳими давлатиро хело эҳтиром менамояд ва мардуми кишвар дар ҳамаи соҳаҳо аз рӯйи шартҳои қонунгузории Конститутсия фаъолият менамоянд. Конститутсия аз ғояи ҳокимияти халқ ,ки моҳияти соҳибихтиёрии халқро дар бар мегирад,сарчашма гирифта дар он асосҳои сохтори конститутсионӣ кафолати ҳуқуқу озодиҳои кишвар забони давлатӣ ,рамзҳои давлатӣ, фарҳанги давлат ва ҷомеаи Тоҷикистон таҷассуми худро пайдо намуданд. Ин санади олӣ аз ҷумлаи дастовардҳои бузурги мардуми Тоҷикистон буда, заминаи ҳуқуқии давлатӣ тозабунёд ва соҳибистиқлоли тоҷикон шакли ифодаи ҳуқуқи ормонҳои давлатдории миллӣ ,ҳимояи ҳадафҳо ва манфиятҳои миллӣ осори таърихи ва фарҳангии миллӣ мебошад ва ҳар қадар солҳо моро аз қабули ин ҳуҷҷати тақдирсоз дур мебаранд ,ҳамон қадар аҳамияту муҳимияти таърихии он дар эҳёи давлатдории миллӣ ва пойдории ҳокимияти конситутсионӣ воло мегардад. Бояд ёдовар шуд,ки таърихӣ қабули ин ҳуҷҷати муҳими сиёсӣ ба давраи басо ҳассосу мураккабӣ солҳои 90 уми қарини сипаригардида ,ки Тоҷикистон қадамҳои аввалини худро барои бунёди давлати соҳибистиқлол ва аркони давлатдории миллӣ мегузошт, рост омада он барои мустаҳкам намудани пойдевори андешаҳои солими давлатдории миллӣ дар афкори ҷомеа нақши босазо бозид. Пешвои Муаззами кишвар барои устувор ва дар амал дуруст тадбиқ кардани талаботи Конститутсия ҳамеша бо ҷавонону зиёиён ва мардуми кишвар суҳбатҳо намуда, озодии кишвар ва миллаташро ҳамеша дар мадди аввал мегузорад.

ЛАТИПОВ С.Ш.,

Сардори шуъбаи таълими МДТ «Коллеҷи

тиббии ш.Кӯлоб ба номи Раҳмонзода Р.А.»

Дигар маълумотҳои ин категория

Шарҳ додан

Суроғаи почтаи электронии шумо нашр карда намешавад.