ТАКМИЛИ ИХТИСОС ВА БОЗОМӮЗӢ — ОМИЛӢ МУҲИМ ДАР РУШДӢ КАСБИИ ОМӮЗГОРОН

0 1

Ҷиҳати  баланд  бардоштани  маҳорат ва   малакаи  касбии   омӯзгорон,   ба  таври доимӣ   ташкил  кардани  курсҳои  такмили ихтисос,  бозомӯзӣ  ва ҳар чӣ бештар шинос намудани   онҳо   бо   технологияи  муосири таълим,  талаботи асосии ҷомеаи муосир аст.

                                                                                                   

                                                           Эмомалӣ Раҳмон.

Дар ҳақиқат, таърихан бо донишу маърифатпазири, бо камоли маънавии ахлоқӣ, тамадунофарӣ ва ободию шукуфоҳии маконҳои зист расидани мардуми тоҷик танҳо тавссутӣ   сабақи омӯзгор   —  муаллим, устод ба онҳо насиб шудааст. Омӯзиш, аз худкардани малакаю маҳорат ва коромӯзӣ яке аз ҷанбаҳои муҳими ҳаёти шахс ба ҳисоб рафта, дар ҳаёти ҳарӯза бо шеваи «Устод ва шогирд» маъмул мебошад. Ин анъана дар оянда пойдор хоҳад монд.

Омӯзгор, равшанкунандаи хиради башар, афрӯзандаи илму дониш ва тавонбахши қудрату тавони шахс аст.

Чуноне, ки Пешвои Миллат таъкид мекунанд «Пешаи омӯзгорӣ муқаддастарин касб аст. Бедории фикр, покизагии ахлоқ ва ташаккулӣ ақлонии инсон маҳсули ранҷу машақати омӯзгорон мебошад».

Илму маъориф чун як қисмати бӯзург ва арзишмандӣ ҳаёт аст. Яъне омилӣ пешқадаму ояндасоз дар таърихи миллат мақом дошта, ҳакимону донишварони тоҷик дар тамоми давраҳо андешаи азалии доништалабӣ, илмомӯзӣ, суханварӣ ва роҳои расидан ба ин сарвати бебаҳоро зиёд таъкид кардаанд.

Чуноне, ки Фирдавсии бузург таъкид мекунанд:

Майёсой, зи омӯхтан як замон,

Зи дониш маяфкан дил дар гумон.

Ҳадафи асосии сиёсати давлату Ҳуқумати ҷумҳурӣ дар марҳилаи имрӯза, муосиркунонии соҳаи маориф, пеш аз ҳама ташкил намудани таҳсилоти босифати мувоффиқ ба талаботи ҷомеаи муосир ва фароҳам овардани шароит баҳри дастрасӣ пайдо намудани  шаҳрвандон ба он мебошад.

Таълиму тарбияи насли наврасу ҷавон, дар рӯҳияи донишпазири, илму ҳунаромӯзӣ, эҳтиром гузоштан ба арзишҳои фарҳангӣ, ахлоқию эҷдодӣ ва истифодаи онҳо баҳри камолот ва анҷоми дигар ҳадафҳо, танҳо тавасути омӯзишӣ мунтазами   касбии омӯзгорон имконпазир мегардад.

Бо тафовут аз дигар сохторҳои масъули давлатӣ дар низоми маориф бар гузории курсу семинарҳои тахассусӣ ва бозомӯзии касбӣ бомаврид аст.

Низоми такмили ихтисоси омӯзгорон вобаста ба рӯшдӣ иҷтимоӣ – фарҳангӣ ва иқтисодии ҷомеа мебошад, ки бо ҳуҷҷатҳои меъёрӣ – ҳуқуқи асоснок мешавад.

Дар ин ҷода такмили ихтисос ва бозомӯзии омӯзгорон дар муассисаҳои таълимии миёнаи касбӣ ва макотиби олии кишвар хеле муҳим арзёби мешавад.

Чун, ки имрӯз фисади асосии муассисаҳои таҳсилоти миёнаи касбӣ ва макотиби оллӣ ба низоми нави таҳсилот ворид шудаанд ва мешаванд. Такмил ва тақвият бахшидани касбияти омӯзгорон хеле зарураст.

Барои мисол; агар омӯзгори муассисаҳои таҳсилоти миёнаи касбӣ, касбияти худро пайваста такмил надиҳад, дар ин ҳолат у аз уҳдаи амалӣ намудани фаъолияти худ дар низоми нави таҳсилот баромада наметавонад. Пас маълум мешвад, ки баланд бардоштани касбияти омӯзгор такмилӣ доимиро талаб мекунад.

Ҳадафҳое, ки омӯзгорон ҳангоми фаъолият дар муассисаи таълимӣ пеш мегузоранд, бидуни такмили ихтисос ва бозомӯзӣ  амали шуданашон хеле мушки аст.

Омӯзгор воқеан дар марҳилаи имрӯзаи равандӣ таълим, мунтазам дар ҷараёни пуррақобати пешрафт, таҳавулоти илмӣ – маърифати қарор дорад.

Аз ин бармеояд, ки такмили тахасус ва бозомӯзӣ дар дунёи пурташануҷӯ пуртаҳаввул ва босуръат дигаргуншаванда бояд ҳамарӯза чун шакли талабот дониста шуда, қаноатманд карда шавад. Танҳо ба ин восита рушдӣ иқтисодӣ – иҷтимоӣ ва камолоти маънавии шаҳрвандӣ таъмин гардида, соҳаҳои илму маъориф воқеан «Таҳкимбахшӣ давлату давлатдорӣ ва наҷоти миллат» мегарданд.

Имрӯз дар шароити пуртазод, дар вазъӣ ситези ҳизбу ҳаракатҳои тундгаро, афзуданӣ гурӯҳои ифротӣ, ҷомеа бештар ба омӯзгор – раҳнамои донишманд, бохабар аз илми муосир, худшинос  ва ҳимоятгари арзишҳои миллӣ ва давлатӣ ниёз дорад.

Муассисаи таълимии муосир, омӯзгори нисбат ба касбаш бе тафовутро қабул надорад ва фақат омӯзгори  андешаманд ва эҷодкор метавонад бо касбаш аввал худро рушду камол бахшад, баъд ба шогирдон таъсиргузор бошад.

Такмили ихтисоси муосир дар омӯзгорон бояд салоҳияти касбӣ, неруи эҷодӣ, маънавиёту ахлоқи сифатан баланд, таффакур ва диди нави педагогиро нисбат ба таълиму тарбияи шогирдон ва муносибат бо ҳамкасбон, муҳити ҷомеа васеъ ташакул диҳад.

Дар омӯзишҳои такмилӣ тахасусии омӯзгорон ворид намудани натиҷаҳои пешрафти илмӣ ва технологӣ хеле муҳим аст. Чунки дар шароити рӯшди техналогияи муосир мазмуни маводи таълим ба воситаи китобхонаҳои электронӣ, шабакаҳои интернет, радио телевизион ва дигар манбаҳои ахбор ба омӯзгор бояд расонида шавад. То инкишофи ҳамаҷонибаи насли оянда таъмин гардад.

Ин талаботи афзоянда маърифати омӯзгорро такмил медиҳад, то ин ки қобилияти зеҳнӣ – илмияшро баробари мазмун ва сифатӣ тахасусиаш баланд бардорад.

Такмили ихтисос ва бозомӯзӣ усули баланд бардоштани дараҷаи салоҳиятҳо, паҳнкунандаи арзишҳои илмӣ  —  ахлоқӣ ва фарҳангӣ мебошад, ки дар рушди ҷомеа нақши созгор дорад.

Фаъолияти муосири методӣ дар омӯзгорон бояд малакаи таҳлилро таъғир дода, маҳорати касбияшонро барои пайдо кардани самту равандҳои гуногуни касбӣ, иҷрои вазифаҳои нав, табодули таҷриба, эҷодкорию навҷӯйиҳо сайқал диҳад. Бо ин  мақсад усулҳои муосири кор аз тариқи шуроҳои методӣ, шаклан ва мазмунан баланд бардоштани сифати кори утоқҳои фаннӣ, ташкили озмӯнҳои фаннӣ, баргузории дарсҳои намунавӣ ва иштироки омӯзгорон ба дарсҳои якдигар, вобаста намудани мутахасисони ҷавон ба собиқадорони соҳа, назорат аз болои худомӯзии омӯзгорон, ташкили семинарҳои илмӣ – методӣ ва ғайра ба роҳ монда шудааст.

Дар дурнамои рушдӣ раванди такмили ихтисос ва бозомӯзии омӯзгорон, бояд ба пешрафти касбӣ чун ҳадафи маркази ва салоҳият, камолоти зеҳнӣ, рақобатпазирӣ  ва таъғирӣ мазмуни омӯзишҳои касбӣ эътибори махсус дода шавад.

Шаклҳои муосири такмили ихтисос ва бозомӯзӣ дар омӯзгорон бояд дар асоси дурнамои рушдӣ маълумотгири ва мушкилоти ҷойдошта дар рушди касбии омӯзгорон эҷод ва амалӣ карда шавад.

Яке аз самтҳои муваффақиятнок дар такмили ихтисос ва бозомӯзии омӯзгорон, равандӣ худомӯзии бе танаффус, бо боваринокӣ бояд тарғибу ташфиқ шавад.

Худомӯзӣ омилӣ ташакули шахсияти омӯзгор ва муайянкунандаи дараҷаи талаботу садоқати касбӣ ва масъулиятшиносиаш мебошад.

Худомӯзии бетанаффус, шахсро боваринок, бохабар аз навгониҳо, худшинос, соҳибэҳтиром мегардонад.

Худомӯзӣ барои омӯзгорон ҳатми ва шуғли ҳамарӯза бошад. Яъне новобаста аз дараҷаи касбият, собиқаи кори ва маҳорату малакаи педагогӣ, табодули таҷриба, худомӯзии мунтазам ва дигар комёбиҳо ниёзи омӯзгорон ба такмили ихтисос ва бозомӯзии касбӣ ҳамеша боқи мемонад.

Чунки дар шароити ҷойдошта, вобаста ба рушдӣ ва таҳавулоти босуръатӣ ҷомеа, талабот ба мутахасисони баландпоя, бахусус омӯзгорон афзун мегардад.

Дар хулосаи ин андешаҳо ҳаминро қайд кардан зарур аст, ки омӯзгори асил дар ҷомеаи муосир бояд чунин сифатҳоро доро бошад;

— омӯзгор бояд ба касбӣ интихоб кардааш завқ дошта бошад ва онро дӯст дорад.

— омӯзгори муосир, бояд эҷодкор, бохабар аз навгониҳо ва пайваста дар омӯзиш бошад.

— омӯзгори асил, бояд дилсӯзи наслҳо, ватану миллат бошад.

— омӯзгор бояд бо сифатҳои шахсияш барои шогирдон намунаи ибрат бошад.

— омӯзгор,  худро ҳамчун шахси соҳиби донишу маърифати баланд миёни аҳли ҷомеа муарифи карда тавонанд.

Ин аст, рисолати омӯзгор дар ҷомеаи муосири Тоҷикистон.

Нуруллоева С.А.

Муовини директор оид ба корҳои таълимӣ:

Дигар маълумотҳои ин категория

Шарҳ додан

Суроғаи почтаи электронии шумо нашр карда намешавад.