Муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баъд аз расидан ба мақсади олии хеш, ки таъмини сулҳ ва якпорчагии Тоҷикистон буд, барои тақвият бахшидан ба ин арзишҳои олӣ камари ҳиммат бастанд, зеро барои Ҷаноби Олӣ хеле рӯшан буд, ки чӣ қадар ин сулҳ зарур аст. Ба ин мақсад ҳанӯз соли 1998 китоби пурмуҳтавои худ «Ҷавонон — ояндаи миллат» — ро манзури аҳли назар намуданд, ки дар он нуктаҳои муҳими сиёсати давлатии ҷавонон, мавқеъ, мақоми онҳо дар ҷомеа ва муҳим аз ҳама, ояндаи давлат дар дасти ҷавонон буданаш қайд гардида буд. Аз лаҳзаи нахустини фаъолият ҳамчун сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ҷавонон аҳамияти калон зоҳир карда, барои сафарбар намудани онҳо ба роҳи созанда ва бунёдкорона кӯшиш менамуданд. Зеро ояндаи сарзамине, ки эшон бо як мушкилоти азим аз вартаи ҳалокат раҳоӣ бахшиданд дар дасти ҷавонон мебошад ва барои ҳамин ононро дар руҳияи меҳанпарастӣ, худшиносӣ, ҳуввияти миллӣ тарбият менамоянд. Бояд қайд намуд, ки таблиғи омӯзиши мероси таърихӣ дар байни ҷавонон ҷиҳати ташаккули худшиносиву худогоҳии миллӣ аз таваҷҷӯҳи хоси Пешвои миллат, Ҷаноби Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошад, тавре таъкид менамоянд «Мо бояд аз умқи таърих шӯъла бардорем на ин ки хокистар».
Ҷамъи суханронию маколаҳои илмии Президенти ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомали Раҳмон солҳои 1996 – 2009 дар китоби «Истиқлолияти Тоҷикистон ва эҳёи миллат» ба забони руси нашр шудааст.
Бунгоҳи интишори «Майванд» китоби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомали Раҳмонро таҳти унвони «Нигоҳе ба таърих ва тамаддуни ориёи «бо теъдоди ҳазор нусха бо хати форси ва бо сифати баланд дастраси хонандагони кишвари ҳамсоя Ҷумҳурии Исломии Афғонистон гардонд.
Дар муқаддима муаллифи китоб менигоранд: «Мо ҳарчи бештар мероси пурғанои маънавии гузаштаро омузем ҳамон қадар ба насли ояндаи худ ғизои маънави мебахшем.Зеро аз чунин як чашмандози таърихи маълум мешавад ки тамаддуни ориёии мо мисли чашмаи ҷӯшоне будааст ки аз оби мусаффои он бисёр халқҳои ҷахон шодоб гардидаанд».
Дар баробари асарҳо мақолаҳои Пешвои миллат низ ҷойгоҳи махсус дорад ки дар таъмини сулҳ ва ризоият дар кишвар нақши муассир гузоштаанд. Бахусус аз мусоҳибаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомали Раҳмон бо хабарнигори маркази иттилоотии Руссия Правов ки Ҷаноби олӣ он вақт дар вазифаи раиси шурои олӣ буданд моҳи майи соли 1994 бо номи «Ҳамаи қувваҳои бунёдкори минтақа сулҳро мехоҳанд» ҷараён гирифт ва он дар рӯзномаи «Садои мардум» чоп шуд. Дар мусоҳиба Пешвои миллат аз кӯшиши пурзури хеш оиди таъмини сулҳ дар кишвар сухан ронданд.
Баъди гузашти даҳ сол аз соҳибистиқлолии кишвар соли 2001 мусоҳибаи Пешвои миллат бо хабарнигори «Росийская газета” бо номи «Мо нагузоштем ки миллат пароканда шавад» чоп шуд. Дар воқеъ миллати тоҷик ва ҷомеаи ҷаҳони саҳм ва хидматҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро фаромӯш намесозад зеро дар лаҳзаи ҳассос давлат аз будаш дарак намедод дастгоҳҳои давлати фалаҷ ва мақомотҳои қудрати қариб ки амал намекард ин ҳамаро бо заковати расо ва дипломатияи тавоно сарвари давлат бартараф сохтанд ягонагии давлат ва миллатро таъмин намуданд.
Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро аз лаҳзазаҳои авали давлатдори вазъияти ҷангзадаи кишвари Афғонистон ба ташвиш меовард.
Дастовардҳои асосии мо дар даврони Истиқлол ба таври комил дар коргузории расмӣ ҷорӣ шудани забони давлатӣ ва ба забони муоширати байни халқҳои сокини кишвар табдил ёфтани забони давлатӣ мебошад. Тавре ки Президенти кишвар дар яке аз суханрониҳояшон мефармоянд: «Дар замони истиқлолият забони тоҷикӣ мақоми давлатӣ пайдо карда, дар асоси меъёрҳои таърихӣ ва адабӣ ташаккул пайдо мекунад ва тадриҷан вазифаи забони муоширати байни намояндагони миллатҳои гуногуни сокини кишварро ба дӯш мегирад. Аз ин рӯ, истиқлоли давлатӣ ҳамчун омили воқеии эҳёи забони мо дониста мешавад» .
Асари ҷадиди Эмомалӣ Раҳмон таҳти унвони «Чеҳраҳои мондагор» доир ба ҳаёт ва фаъолияти қаҳрамононаи бисту панҷ нафар чеҳраи намоёни таърихи Ватан маълумоти хуб медиҳад. Хонанда ҳангоми мутолиаи асари мазкур имкон пайдо месозад, ки доир ба шахсиятҳои варзида ва нобиғаи давр, ба монанди Куруши Кабир, Зардушт, Муҳаммад (с), Имоми Аъзам, Абўабдуллоҳ Рўдакӣ, Мир Сайид Алии ҳамадонӣ, Камоли Хуҷандӣ, Бобоҷон Ғафуров, Сотим Улуғзода ва дигарон маълумот пайдо намуда, аз хислатҳои ҳамидаи онҳо ибрат гирифта, зиндагии шоиста намояд. Инсоне, ки аз таърихи ниёгони худ бохабар аст, метавонад вазъияти зуд тағйирёбандаи ҷаҳони имрўзаро дарк намояд, ояндаро тасаввур созад. Мақсади сарвари хирадманди мо низ ҳамин аст, ки ҷавонон бояд худогоҳ бошанд, дар ҷаҳони пурталотум мавқеи устувори шаҳрвандии худро нигоҳ дошта, дар пешрафт, ободӣ ва суботи мамлакат саҳмгузор бошанд.