1 ИЮН – РӮЗИ УМУМИҶАҲОНИИ ҲИФЗИ КӮДАКОН

0 11

    Рӯзи умумиҷаҳонии ҳифзи кӯдакон ҳар сол рӯзи 1 июн дар тамоми кишварҳои ҷаҳон ҳамчун рӯзи умумиҷаҳонии ҳифзи кӯдакон ҷашн гирифта мешавад. Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷумлаи кишварҳоест, ки ин рӯзро дар сатҳи баланд таҷлил менамояд.

    Санаи 1 июн бо ташаббуси директори Муассисаи давлатии таълимии «Коллеҷи тиббии ш.Кӯлоб ба номи Раҳмонзода Р.А.» доктори илмҳои тиб муҳтарам Азиззода Зубайдулло Абдулло ба чанд нафар кӯдакони омӯзгорони коллеҷ, ки дар бистари бемори мебошанд кӯмакҳои пуллӣ, туҳфаҳои кӯдакона ва шириниҳо бурда шуд. Туҳфаҳоро ҷонишини директор оид ба таълим Нуруллоева С.А., ҷонишини директор оид ба тарбия Хушвахтзода Г.Ҳ. ва раиси Иттифоқи касабаи омӯзгорон ва кормандони коллеҷ Иброҳимов С.Т. ба хонаҳояшон бурда расониданд, ки шодии кӯдакон ҳадду канор надошт.

    Ёддовар мешавем, ки Рӯзи умумиҷаҳонии ҳифзи кӯдакон ҳанӯз 64 сол муқадам бо қарори Анҷумани Шӯрои федератсияи байналмилалии демократии занон таъсис ёфта, бори аввал соли 1950 таҷлил карда шуд. Ин санаи ниҳоят муҳим ба мо ҳамеша ҳушдор медиҳад, ки масъулияти саломатӣ, тарбияи маънавии кӯдакон, фароҳам овардани шароити мусоиди таълиму тарбияи кӯдакон дар мактаб ва оила, инкишофии эҷодиёти бачагон ва таёр намудани онҳо ба зиндагии оянда ба души мост. Мо онҳоро бояд дӯст дорем ва меҳру муҳаббати худро дар вуҷуди поки кӯдакон ҷой диҳем.

   Дар воқеъ, кӯдакон ояндаи осудаву ободи ҳар як миллат, сарвати бебаҳои ҳар як оила, ҷомеа ва давлат ба шумор мераванд ва онҳо бахту саодати рӯзгори ҳар як падару модар мебошанд.

Иброҳимов С.Т.- раиси Иттифоқи касабаи омӯзгорон ва кормандони коллеҷ

Дигар маълумотҳои ин категория

Шарҳ додан

Суроғаи почтаи электронии шумо нашр карда намешавад.