ТАҚДИМИ СТИПЕНДИЯИ БА НОМИ РАҲМОНЗОДА РАҲМАТУЛЛО АЗИЗ БА ДОНИШҶӮЁНИ ФАЪОЛ 0 7 Мубодила кардан Санаи 29 феврали соли 2024 дар МДТ «Коллеҷи тиббии ш.Кӯлоб ба номи Раҳмонзода Раҳматулло Азиз» ҷамъомади аъзоёни раёсати коллеҷ ва донишҷӯён бо мақсади тақдими стипендияи ба номи Раҳмонзода Р.А. ба донишҷӯёни фаъол баргузор гардид. Боиси тазаккур аст, ки стипендияи мазкур аз ҷониби яке аз фарзандони олим Раҳмонзода Бузургмеҳр Раҳматулло ҳамасола ба донишҷӯёне, ки давоми соли таҳсил бо баҳои аъло таҳсил намудаанд, дар чорабиниҳои тарбиявӣ ва варзишӣ иштироки фаъол намудаанд ва ба дастовардҳо ноил гардидаанд тақдим карда мешавад. Ин сол низ ҳаҷми стипендияи мазкур 20 000 (бист ҳазор сомонӣ) – ро ташкил дод ва он ба 20 нафар донишҷӯёни фаъол бо маблағи 1000 сомонӣ тақдим карда шуд. Аҳли роҳбарият, омӯзгорон ва донишҷӯёни коллеҷ ба Раҳмонзода Бузургмеҳр Раҳматулло барои ҳамкорӣ дар беҳтар намудани заминаи моддию техникии коллеҷ ва дастгирии молиявии донишҷӯёни фаъол изҳори сипос менамояд. Раиси Кумитаи иттифоқи касабаи донишҷӯён Малоҳати Қурбон Пеш 1 то 28 саҳифа Баъдӣ 0 7 Мубодила кардан