ЭМОМАЛӢ РАҲМОН — РОҲНАМОИ САФИНАИ ИСТИҚЛОЛИ МО!

0 4

Идома аз шумораи гузашта.

Ба истиқболи ҷашни 33 – юмин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида мешавад.

Бе шакку шубҳа мақом ва нақши шахс дар масири таърих — аз мавзӯъҳои хеле ҷолиб ва мураккаби илмӣ мебошад. Коршиносон барин ақидаанд, ки яке аз ҷанбаҳои асосии таърихи инсониятро роҳбарони кишварҳо муайян менамоянд. Албатта, аксари давраҳои таърихии рушд ва ҳатто шикасту ба мушкилоти зиёд рӯбарӯ гаштани давлатҳои қадим, асрҳои миёна ва муосир дар бисёр маврид бо номи сарварон алоқаманд мебошад, ки онҳо рифоҳи мардум, раҳоии давлат аз варта, авҷи қудрати кишвар, густариши илму фарҳанг ва тиҷорат бо ному фаъолияти онҳо вобастагии зич доранд.

Дар таърихи башарӣ ном ва кору фаъолияти Куруши Кабир, Хусрави Анӯшервон, Александр Невский, Наполеон Бонапарт, Теодор Рузвелт, Маргарита Тэтчер, Индра Гандӣ ва дигарон ҳамчун сарварони боризу муваффақ ва намунаи эҳёву таҳкими қудрати халқу кишвар сабт шудааст. Аммо мусаллам аст, ки на ҳамаи роҳбарони давлат ба таърих ҳамчун Пеш¬вои миллат ворид мешаванд. Амалан як шахсият, вақте Пеш-вои миллат эътироф мешавад, ки воқеан барои кишвараш роҳи ҳамвору устувори пешрафт дар бештарин соҳаҳоро бар пояи сиёсати солими идомадор эҷод ва онро то андозае амалӣ карда бошад. Барои аксар аз таърихи халқи тоҷик маълум аст, ки чаро давлати аҷдодиамон Сомониён дар таърих ҳамчун давлати бемисл ва бунёдгузори тамаддуни беназир шинохта шудааст. Зеро пешвоёни ин давлат, хосса амир Исмоили Сомонӣ заминаеро барои рушди илму фарҳанг ба вуҷуд овард, ки ҳам дар замони худашон шахсиятҳои бузурги ҷаҳонӣ зуҳур карданд ва ҳам дар чаҳорчӯби ин замина, яъне тайи панҷсад соли пас аз Сомониён ҳавзаи фарҳанги тоҷикӣ ба тамаддуни ҷаҳон садҳо нобиғаро бахшидааст.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон на танҳо мақому мартабаи ҷаҳонии Тоҷикистонро баланд бардошта, ҷаҳишҳои стратегиро дар иқтисод, сиёсат ва фарҳанг таъмин карданд, балки дар шароити хеле ҳассос, мураккаб ва тақдирсоз тавонистаанд хатари фанои давлат ва аз байн рафтани миллатро пешгирӣ намоянду пояҳои истиқлоли миллӣ, давлат-дориии миллиро устувору пойбарҷо гардонанд ва сарҷамъии миллатро таъмин созанд. Ҳамчунин, ба ҷомеаи ҷаҳон роҳи дурустро пешниҳод карда, худ ҳамчун нерӯи муттаҳидгари халқ ва миллат дар атрофи идеяҳои ваҳдатофар ва ояндасоз нақши ниҳоят муҳиму муассир гузоранд.

Пешвои миллат тавонистаанд идеяи умумимиллии пешрафти ояндаро пешниҳод ва дар мамлакат амалӣ кунанд, ки таърих бо гузашти замон самараи хеле барҷастаи онҳоро исбот кард.

Истиқлоли давлатии ҷумҳурии Тоҷикистон 33 сол боз арзи ҳастӣ дошта, ба ҳама сокинони кишвар роҳи давлати демократӣ, ҳуқуқбунёд ва воҳидро боз кардааст. Ин роҳ басо фароху ояндаи нек дошта, ҳамчунон мушкилоти зиёде дорад. Аммо танҳо миллатҳои том ва аҳли он ҷамъияте ба қуллаҳои мурод мерасад, ки ҷиддияту устувориро пеша карда, таҳти ливои озодӣ мустаҳкам қадам мезанаду пешво ё роҳбари матиниродаю ҳақиқатхоҳ ва адолатпарасте дорад.

Истиқлолият — марди шуҷоъ, далеру рӯитан ва озодидӯстро мепарастад. Дар як давраи хеле ҳассосу масъулиятхоҳи таърихӣ Тоҷикистонро шахсе роҳнамою роҳбалад шуда, ки сартопо: Мубориз, Шуҷоъ, Далер ва аз ҳама муҳим Ватандӯст буд.

Дар он замон сари кӯи мурод овардани шахсоне, ки дар талоши тақсими сарват буданд, кори осон набуд ва ҳатто баъзе аз ходимони сиёсӣ аз роҳбарӣ ва идоракунии соҳоти гуногуни системаи ҷомеа даст мекашиданду ба ояндаи ҷомеа чандон бовар надоштанд. Раванди ба ҳам омаданҳо душвор ва бо азобҳову машаққатҳои зиёд ба даст меомад. Давлати соҳибистиқлолу миллати куҳанбунёди парешонгаштаро ба ҳам овардан кори осон набуд. Зеро дар мамлакат аз ҳашт як нафар гуреза аз ватани худ шаҳди ғарибӣ мечашид, ки барои муттаҳид сохтани мардуми пароканда ва ба ҳам овардани онҳо заҳматҳои бисёр кашидан лозим буд. Аз ҳама муҳим сазовори боварӣ ва эътиқоди мардумро ба даст овардан ва ҷонибҳои мухолифро сари мизи гуфтушунид ва дастархони сулҳ шинондан мушкилиҳои зиёдеро ба бор меовард.

Устуворӣ ва қатъият новобаста аз душмании рӯйрости қувваҳои дохииву хориҷӣ, мулоқоту вохӯри бо роҳбари мухолифин дар Кобулу Хусдеҳ, бо қумондонҳои зиёде дар манотиқи ҷангзадии дохил бе кафолати амният ба худи ҷони ӯ борҳо гузашт он ҳама ба хотири миллат аз нотакрории шахсияти Пешвои тоҷикони ҷаҳон шаҳодат медиҳад.

Муроҷиатномаи иҷрокунандаи Раиси Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Э.Раҳмон аз 8-уми декабри соли 1992-юм ба халқи Тоҷикистон аз ҷумла омадааст: «Ман қасам ёд мекунам, ки тамоми донишу таҷрибаамро барои дар ҳар як хона ва ҳар оила барқарор шудани сулҳ равона карда, барои гулгулшукуфии Ватани азизам садоқатмандона меҳнат мекунам. Барои ноил шудан ба ин нияти муқаддас агар лозим шавад, ҷон нисор мекунам, чунки манн ба ояндаи неки ватанам ва ҳаёти хушбахтонаи халқи азияткашидаам бовар дорам…»

Охир бар асари ҷанги бемаънӣ як миллион ҳамватанони мо ба ғурбату саргардонӣ ва кӯи ғарибӣ афтиданд. Ҷанги шаҳрвандӣ ба иқтисодиёти давлат беш аз 10-миллиард доллари амрикоӣ зарар расонида, ҷони 50-ҳазор тоҷиконро аз байн бурда, 55-ҳазор кӯдак бе волидайн монда, 25-ҳазор зан шавҳарони худро гум карда, ҳазорон кас аз хешу пайвандони худ ҷудо шуданд. Чӣ қадар тифлону кӯдакон бе тарбиятгар монда, сафи ятимонро зиёд карданд, 35.723 хонаҳои истиқоматӣ вайрон карда шуда, аз ин ҳисоб 21.740 хона тамоман корношоям шуданд[15,46-48,10,327]. Пояҳои давлату давлатдорӣ фалаҷ шуда, ба мавҷудияти Тоҷикистон чун давлати соҳибистиқлол хатари ҷиддие таҳдид мекард. Гулбоғҳою маконҳои сабзпӯш биёбонеро мемонд. Киштаи барзгар сар намебаровард, хуршед паси абрҳо нопадид шуда буд. Дунё барои тоҷик торик менамуд.

Сулҳ! Бале, ин вожаи муқаддас ба осонӣ дар кишвар ба даст наомад вале он Ваҳдату Истиқлолии Тоҷикистонро таъмину нерӯманд сохт. Ин буд, ки зимни пайгирии сиёсати сулҳофаринӣ яке аз падидаҳои манфури иҷтимоӣ – маҳалпарастӣ ниҳоят коҳиш ёфта, эҳсоси ягонагӣ ва расидан ба ҳадафи якдилии ҳар як тоҷикистонӣ тақвият меёбад, ки аз намунаи бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат — Эмомалӣ Раҳмон сарчашма мегирад. Дар ин радиф табдили Тоҷикистон аз кишвари се қисмат ба якпорча тавассути бунёди нақбу роҳҳо боиси таъкид мебошад.

ДАВОМ ДОРАД.

Нуруллоева С.А.- муовини директор оид ба таълим

Иброҳимов С.Т.- мудири кафедраи «Фанҳои гуманитарӣ»

Дигар маълумотҳои ин категория

Шарҳ додан

Суроғаи почтаи электронии шумо нашр карда намешавад.