САҲМИ БОНУВОНИ ФАЪОЛ ДАР РУШДИ 70- СОЛИ БОМАРОМИ МУАССИСАИ ДАВЛАТИИ ТАЪЛИМИИ «КОЛЛЕҶИ ТИББИИ ШАҲРИ КӮЛОБ БА НОМИ РАҲМОНЗОДА РАҲМАТУЛЛО АЗИЗ»

0 9

     Дар  масири  таърих   саҳми  бонувони  тоҷик  чун  манбаи  офариниш  ва  рушддиҳандаи  тамоми  самтҳои фаъолияти  ҷомеа   мисоли шоҳкорӣ  сабт  гардидааст.  Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ-Пешвои  миллат  муҳтарам  Эмомалӣ  Раҳмон қайд  намуданд,  ки:  «Занон  дар   ҷомеа  қувваи  бузург  мебошанд  ва  давлату  ҷомеа  дар  навбати  худ  ба   неруву  ташаббусҳои  занон  ҳамеша  эътимод  дорад».

     Дар воқеа, имрӯз занон дар тамоми соҳаҳои хоҷагии халқи ҷумҳурӣ дар баробари мардон фаъолияти назаррасу густурда дошта, ҷаҳд доранд то дар равнақу густариш ва пешбурди ҷомеа саҳм дошта бошанд. Бахусус, дар соҳаи тиб нақши занон хеле чашмрас буда, барои солимии ҷомеа кӯшишҳои зиёд намудаистодаанд.

         Аз саҳифаҳои на чандон дури таърих маълум аст, ки саҳми бонувони  Муассисаи давлатии таълимии «Коллеҷи  тиббии шаҳри  Кӯлоб ба номи Раҳмонзода Р.А.» (пештар Омӯзишгоҳи тиббии  шаҳри  Кӯлоб) баъди Ҷанги  Бузурги Ватанӣ (1941-1945) дар  рушди  тамоми  соҳаҳои  хоҷагии  минтақаи  Кӯлоб назаррас  буд.  Соли  1953   баъди  таъсиси   мактаби  тиббии  шаҳри  Кӯлоб ҷалби табибзанон дар  омода  намудани  мутахассисони  миёнаи  тиббӣ дар минтақаи Кӯлоб  хеле  зиёд  буд, ба хусус  баъди  Ҷанги  Бузурги Ватанӣ, ки  норасоии  кадрҳои  тиббӣ хеле  зиёд  ба  назар  мерасид. Дар  аввалин  рӯзҳои таъсисёбии  мактаби  тиббӣ  директори  муассисаро  В.Г.Чеботарёва (1953-1954) ба  уҳда  дошт, ки  ин  бонуи матинирода  баъди  хизматҳои  шоён  дар  набардҳои  Ҷанги  Бузурги Ватанӣ  ба  минтақаи  Кӯлоб  омода,  дар   таъсиси  аввалин  мактаби  тиббӣ  саҳми  бориз  гузоштааст.  Дар  тули фаъолияти  70 – солаи Коллеҷ  саҳми  бонувоне  чун  Чоботарёва В.Г. (1953-1954, 1961 -1962),  Ҳасанова  И (1970-1980),  Содиқова  Ҳ.С. (1980-1983), Алиева  Д.Н. (1983-1990) зиёд  мебошанд. дар давоми фаъолияти  коллеҷ  саҳми  роҳбарони  муассиса  дар  ҷалби  донишҷӯён  ба  соҳаи  тиб,  рушду  нумӯи  муассиса,  баланд  бардоштани  мавқеи  омӯзишгоҳ ва  омода  намудани    мутахасисони  миёнаи  тиб хеле  зиёд аст. Инчунин, дар  рушди  коллеҷ  занони шаҳри  Кӯлоб  хизматҳои  мондагоре  анҷом  доданд, ки то ҳол  дар  саҳифаҳои  таърих  номашон  сабти  абадӣ  гирифтааст.  Дар  нахустин  солҳои  таъсиси  омӯзишгоҳи тиббӣ  шумораи  ками  донишҷуён  ба  таҳсил  ҷалб мешуданд ва бо  ташаббӯси  занони  омӯзгори  муассиса  сол  то  сол  шумораи  донишҷӯён бахусус  духтарон  зиёд  мегардид, ки  ин  дар  баланд  бардоштани  мақому  манзалати занону  духтарони  минтақаи  Кӯлоб  нақши  калон  дошт. Дар  нахустин  рӯзҳои  таъсиси  омӯзишгоҳ  ихтисосҳои   фелдшерӣ,  момодоягӣ ва  ҳамшираи  тиббӣ бо ташаббӯси  занони  коллеҷ  таъсис  ёфта буд.  Инчунин,  бо  ташаббӯси  собиқ  директор  Ҳасанова  Илюза Абураҳмонова  соли  1972 хобгоҳи чорошёна  барои  300  нафар  донишҷуёдухтарон  бунёд  карда  шуд,  ки  ин  иқоми  ҷиддӣ  барои  ҷалби  донишҷӯдухтарони   минтақаи  Кӯлоб хеле калон  буд.  Соли  1982  бо  заҳмату  талоши  собиқ  директори  омӯзишгоҳ  Ҳалима  Содиқовна  дастаи  волейболбозони  омӯзишгоҳ  дар  Спартакиадаи  ҷумҳуриявӣ  сазовори  ҷои  якум  ва  дар  Спартакиадаи  байни 15 – кишвари  узви  Иттиҳоди  Шӯравӣ  иштироки  фаъолона  доштанд,  ки  ин  хизмати  шоистаи Ҳалима  Содиқовна  шӯҳрату  нуфӯз  ва обрӯи   омӯзишгоҳи   шаҳри  Кӯлобро  бори  дигар  дар  тамоми  ҷумуриявӣ  ва    қаламрави Иттиҳоди  Шӯравӣ  зиёд  намуд.  Соли  1985  дар  Озмуни ҷумҳуриявии  «Ҳамшираи  беҳтарин»  бо  сайу  талоши омӯзгор  Аҳмадҷонова  Венера  Шамсиевна  донишҷӯи  факултети  «Кори  ҳамширагӣ»  Негматулина  Дилбархон  бо  донишу  маҳорати  хуб  сазовори  ҷои  якум    гардид,  ки  ин  нахустин  дастоварди озмунҳои  фанӣ  дар  сатҳи  ҷумҳурӣ буд.

       Аввалин  омӯзгорони  омӯзишгоҳ  Ҷумаева  Вилоят  Раҳимовна, Аҳмадҷонова  Венера  Шамсиевна,  Соколец  Вера  Василевна,  Анишенко  Вера  Николаевна,  Козлова  Раиса  Ивановна,  Назирова  Фарида  Алиевна, Холмуродова  Идимо,  Рашида  Сулайманова,  Сазаева  Мадина,  Вашенка  В,  ки  дар  таълиму  тарбия  ва  тайёр  намудани мутахассисони  соҳаи  тиб  саҳми  калон  гузаштанд.

        Бо  ба  даст  овардани  Истиқлолияти  давлатии  Ҷумҳурии  Тоҷикистон омӯзишгоҳи  тиббӣ ба  марҳилаи  нави  рушд  расид.  Бо  қарори  Ҳукумати  Ҷумҳури  Тоҷикистон  аз  29.12.1996, №  91  омӯзишгоҳ ба  Коллеҷи  тиббии  шаҳри  Кӯлоб  табдил  дода шуд.  Дар  тулии  33 – соли соҳибистиқлоли  бо ташаббӯси  Пешвои  миллат  муҳтарам  Эмомалӣ  Раҳмон мавқеи занону бонувон  боз  ҳам  боло бурда  шуд,  ки  ин ташаббӯси таърихии  Президенти  кишвар  руҳияи  занони  коллеҷро  зиёд  намуд.  15 марти  соли  1994  аввалин  Анҷумани  ҷавонони  Тоҷикистон, ки бо ҳузури Президенти кишвар Муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон доир гашта буда, иштироки  Раиси   созмони  ҷавонони  коллеҷ   Маҳмудова  Кумринисо  Нуралиевна  дар,  ки  занони  шаҳри  Кӯлобро   муаррифӣ  мекард  аз  дастовардҳои  нахустин  ва  гомҳои  созандаи  занони  коллеҷ дар  рушду  нумуи  муассиса  буд.

      Дар  тулии  70 – соли фаъолият  саҳми  табибзанони  коллеҷ  дар  нигоҳдории  солимии  аҳолӣ, таблиғу  ташфиқӣ  тарзи  ҳаёти  солим  дар  байни  аҳолӣ  беназир  аст. Дар  баробари  таълиму  тарбия  ва  омода  намудани  мутахасисони  миёнаи  тиб  саҳми занони  коллеҷ дар  баланд  бардоштани  фарҳанги  либоспӯшии  занон, поянда  нигоҳ  доштани  анъанаҳои  миллӣ, таблиғу  ташфиқи  фарҳанги  шаҳрдорӣ ва  бахусус дар амал тасдиқ намудани дастуру  супоришҳои  Пешвои  миллат  муҳтари  Эмомалӣ  Раҳмон  хеле  зиёд  аст.

             Имрӯзҳо  дар  Муассисаи  давлатии  таълимии  «Коллеҷи  тиббии  шаҳри  Кӯлоб  ба  номи  Раҳмонзода  Раҳматулло  Азиз»  аз 251 кормандон 189 нафарошонро занон ташкил менамоянд, ки аз ин шумора 25 нафар омӯзгорзанон дорандаи  «Аълочии маорифи Ҷумҳурии Точикистон», 5  нафар дорандаи  «Аълочии тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Точикистон», 2-нафар номзади илм, 2 дорандаи медали Хисмати шоистаи ва 6 нафар занон унвонҷӯ  мебошанд.

         Хизматҳои  арзишманди  бонувони  коллеҷро  ба  инобат  гирифта, ба  хотири  эҳтиром  гузоштан  ба  фаъолияти  бенуқсонашон  дар    тулии  70 – соли  фаъолияти  коллеҷ  бо  ташаббӯси  директори  Муассисаи  давлатии  таълимии  «Коллеҷи  тиббии  шаҳри  Кӯлоб  ба  номи  Раҳмонзода  Раҳматулло  Азиз» доктори  илмҳои  тиб  Азиззода Зубайдулло  Абдулло  дар  арафаи  таҷлили  ҷашни 70 – солагии  коллеҷ  дар назди даромадгоҳи бинои муассиса муҷассамаи  «Ҳамшираи  тиббӣ»  гузошта шуд.  Дар  давоми  33  — соли  соҳибистиқлолӣ  занони  гурдофариди  коллеҷ:  Маҳмудзода Қумринисо  Нуралӣ, Нуруллоева  Сарвинос  Ахматуллоевна, Ҳакимова  Латофат, Комилова Шафоатхон  Тимуровна,  Абдураҳмонова  Ҳалима  Ҷураевна, Талабова  Моҳира  Неъматуллоевна,  Саъдуллоева  Соҷида Файзуллоевна,  Лоҷварбии  Амирзод, Шарифова  Файзигул, Эмомова  Сайлигул, Рима  Александровна  ва  дигарон  дар  рушди  муассиса  саҳми  калону  назаррас  гузоштаанд.

          Соли  2024  бо  ташшабӯси   омӯзгор-занони  коллеҷ  дар  Олимпиадаи  ҷумҳуриявӣ дар  байни  муассисаҳои  тиббии  ҷумҳурӣ  5  нафар донишҷӯёни  мо  сазовори  ҷойҳои   1,2,3 ва Ифтихорномаи  Вазири  тандурустӣ  ва  ҳифзи  иҷтимоии аҳолии  Ҷумҳурии  Тоҷикистон  гардидаан, ки  ин  аз  заҳматҳои  хастанопазири  омӯзгорони  коллеҷ  маҳсуб   меёбад.

         Хизматҳои занон дар ташаккули муассиса калон буда, мо натавонистем ҳамаи ин шоҳкориҳоро рӯи варақ биёварем. Бо боварии комил гуфта метавонем, ки минбаъд низ бонувони матиниродаи муассиса дар равнақу рушд ва гул-гулшукуфии ҷомеа саҳми калон мегузоранд.

Нуруллоева С.А.- муовини директор оид ба таълим;

Маҳмудзода Қ.Н.- муовини директор оид ба илм ва муносибатҳои байналмилалӣ;

Иброҳимов С.Т.- мудири кафедраи «Фанҳои гуманитарӣ»;

Дигар маълумотҳои ин категория

Шарҳ додан

Суроғаи почтаи электронии шумо нашр карда намешавад.