МАВЗӮИ АХЛОҚ ДАР «МАСНАВИИ МАЪНАВӢ»-И ҶАЛОЛИДДИНИ БАЛХӢ

0 1

Мавлоно Ҷалолиддини Балхӣ, ки 30-юми сентябри соли 1207 дар хонадони фақеҳи маъруф Баҳоуддини Валад дар Вахшонзамин, ки муддате тобеи давлати Ғӯриёни Балху Бомиён буд, ба дунё омадааст, аз ҷумлаи мутафаккиронест, ки дар рушди тамоми илмҳои замонааш нақши сазоворе гузоштааст. Аз ҷумла, афкор ва андешаҳои панду ахлоқии ӯ то кунун дар байни халқҳои зиёди олам мавриди истифода қарор доранд.

«Маснавии маънавӣ»-и Ҷалолиддини Балхӣ муҳимтарин асар буда , аз соли 1257 то вафоти муаллиф эҷод шуда, вале нотамом мондааст. Ин асар мавзӯъҳои фалсафӣ, ахлоқӣ, динӣ ва ғайраро фаро мегирад. «Маснавӣ» — як асари педагогист, ки дар таълиму тарбияи шогирдон аҳамияти бузургеро ноил аст. Мавлоно дар «Маснавӣ» оид ба масоили иҷтимоӣ ва ахлоқӣ бонизом сухан нагуфтааст, вале афкори асосии ӯ оид ба иҷтимоиёт хулосаҳои мантиқию илмии хеле муҳим доранд: чамъият барои ҳамдигарро дастгирӣ кардани одамон пайдо шудааст; ин ҷамъият бояд ки яккасарвар бошад, дар ҷамъият бояд адолат барқарор бошад, маънии адолат бошад, барои Мавлоно, чун барои мутафаккирони дигари шарқӣ, муродифи ҳақиқат аст, яъне ҳар чиз бояд дар ҷои худ мақом дошта бошад, дар ҷамъият бояд ҳамдилӣ, ки болотар аз ҳамзабонӣ аст, ҳукмфармо бошад; бо роҳи зӯрӣ- ҷанг ҳал намудани масъалаҳо дар ҷамъият дуруст нест, бинобар ин мардуми бофарҳанг дар вақти ҷанг дурӣ аз ватан ихтиёр мекунанд ва ғайра.

Сад хӯранда ғунҷад андар гирди хон,

Ду раёсатҷӯ нағунҷад дар ҷаҳон.

Адл чӣ бувад? Об деҳ ашҷарро,

Зулм чӣ бувад? Об додан хорро.

Пас, забони маҳрамӣ худ дигар аст,

Ҳамдилӣ аз ҳамзабонӣ беҳтар аст.

Ҷанги халқон ҳамчу ҷанги кӯдакон,

Ҷумла бемаъниву бемағзу муҳон.

По тиҳӣ гаштан беҳ аст аз кафши танг,

Дарди ғурбат беҳ, ки андар хона ҷанг.

Мавлоно дар «Маснавӣ» бо масоили ахлоқи инсонӣ бештар таваҷҷуҳ мекунад. Ӯ дар бораи касби ахлоқи ҳамида ва радди ахлоқи бад сухан мекунад, аз ин рӯ, таълимоти ахлоқии ӯ як назарияи ирфонии хулқ аст, ки ба ташаккули инсони комили қобили маърифати Ҳақ равона шудааст.

Дар қисмати ахлоқи ҳамида мутафаккир дар бораи одоб,сабр, вафо ба ваъда, раҳм бар заифон, дӯстӣ, эҳтироми худ ва дигарон, ростӣ, ҳушёрӣ, эҳсон, хоксорӣ, ҳурмати модар ва мафҳумҳои дигари ахлоқии амсоли онҳо сухан мегӯяд. Ӯ ахлоқи бадро чун такаббур, пурхӯрӣ, ғурур ва ғайра ба зери тозиёнаи танқид мегирад.

Охир одамзодаӣ, ай нохалаф,

Чанд пиндорӣ ту пастиро шараф?

Раҳмати модар агарчи аз Худост,

Хидмати ӯ ҳам фариз асту сазост.

Мавлоно талқин мекунад, ки инсон аввалан бояд худаш дар ягон кор кӯшишу ҷаҳд кунад, баъдан таваккал ба Худо кунад. Пас, чунин мегӯяд:

Гар таваккул мекунӣ, дар кор кун,

Касб кун, пас такя бар Ҷаббор кун.

Аз гуфта ва мисолҳои боло чунин хулоса намуд, ки аҳамияти беназири эҷодиёти Мавлоно, аз ҷумла, дар соҳаи педагогика ва ахлоқ аст, ки солҳо ва асрҳо боз ба мардум хизмат карда истодааст. Чанд намуна аз ашъори шоир:

Ҳама хавф одамиро аз дарун аст,

Валекин ҳуши ӯ доим бурун аст.

Машин ин ҷо ту бо андешаи хеш,

Агар мардӣ, бирав он ҷо, ки ёр аст.

Зи ҳамроҳон ҷудоӣ маслиҳат нест,

Сафар бе рӯшноӣ маслиҳат нест.

Худпарастӣ номуборак хислатест,

К-андар ӯ имони мо инкори мост.

Ту дар ҷанг ойӣ, равам ман ба сулҳ,

Худойи ҷаҳонро ҷаҳон танг нест.

Андар ҳаракат ниҳон рӯзист,

Гар муҳташаму гар фақиред.

Ту магӯ: «Ҳама ба ҷанганду зи сулҳи ман чӣ ояд?!»

Ту яке найӣ, ҳазорӣ, ту чароғи худ барафрӯз.

Чун бихандад шер, ту эмин мабош,

Он замон аз захми хуношом тарс.

Хашм ҳаргиз барнахезад ҷуз зи кибру мову ман,

Ҳар дуро чун нардбон зер ору бар ахлоқ шав.

Бобошоева ҲавасмоҳОмӯзгори кафедраи забон ва адабиёти тоҷик-и МДТ «Коллеҷи тиббии шаҳри Кӯлоб ба номи Раҳмонзода Р.А.»

Дигар маълумотҳои ин категория

Шарҳ додан

Суроғаи почтаи электронии шумо нашр карда намешавад.