1-ДЕКАБР — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ МУБОРИЗА БАР ЗИДДИ ВНМО

0 8

       29-уми ноябри  соли 2024 дар МДТ «Коллеҷи тиббии ш.Кӯлоб ба номи Раҳмонзода Р. А.» аз ҷониби кафедраҳои тахассусӣ: «Кори ҳамширагӣ», «Тибби оилавӣ» ва «Бемориҳои сироятӣ» бо иштироки кормандони муассисаи давлатии «Маркази пешгирӣ ва мубориза бар зидди  ВНМО» дар шаҳр ва ноҳиияҳои минтақаи Кӯлоби вилояти Хатлон ҷамъомаду сӯҳбат бо донишҷӯён доир ба мавзӯи “ВНМО/АҒНМИ – вабои аср” ташкилу баргузор карда шуд. Чорабинии мазкур дар доираи амалишавии мақсадҳои “Барномаи миллӣ оид ба муқовимат ба эпидемияи вируси норасоии масунияти одам ва бемории пайдошудаи норасоии масуният дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025” баргузор карда шуд. Дар ҷамъомад мутахассисон ва омӯзгорон доир ба беморӣ ва роҳҳои пешгирии он дар байни аҳолӣ маърӯзаҳо намуданд. Дар чорабинӣ қайд карда шуд, ки нақши донишҷӯён ва кормандони миёнаи тиб дар пешбурди корҳои фаҳмонидадиҳӣ байни аҳолӣ оид ба пешгирии сирояти ВНМО хеле муҳим мебошад. Самтҳои асосии стратегии барнома, аз ҷумла пешгирии вируси норасоии масунияти одам дар байни гурӯҳҳои калидӣ ва осебпазир, таъмини дастрасии ҳамаҷониба ба табобати вируси норасоии масунияти одам, паст намудани ҳолатҳои интиқоли вируси норасоии масунияти одам аз модар ба кӯдак, таъмин намудани бехатарии хун ва беҳтар намудани назорати сироят, баланд бардоштани маълумотнокӣ ва пешгирии вируси норасоии масунияти одам дар байни ҷавонон, наврасон, занони ҷавон ва духтарон ба донишҷӯён фаҳмонида шуд. Ҳамчунин аз тарафи мутахассисони марказ ба донишҷӯён варақаю китобчаҳои таблиғотӣ оид ба роҳҳои интиқол ва пешгирии сирояти мазкур барои байни аҳолӣ паҳн намудан тақсим карда шуд.

Мудири кафедраи «Кори  ҳамширагӣ»      Аҳтамова С.С.

Дигар маълумотҳои ин категория

Шарҳ додан

Суроғаи почтаи электронии шумо нашр карда намешавад.