Инчунин вуҷуди бемориҳои сироятӣ ва ғайрисироятӣ, ки гарчанде барномаҳои давлатӣ амал мекунанд, аммо ҳамоно мушкилоти бемориҳои сил, диабет ва фишорбаландӣ дар кишвар нигаронкунанда аст.
Барои ҳалли ин мушкилиҳо, ҳукумати кишвар чораандешӣ мекунад, аз ҷумла зиёд намудани теъдоди донишҷӯёни ихтисоси тиббӣ ва ҷалби табибон ба такмили ихтисос дар дохил ва хориҷи кишвар, яке аз роҳҳои ҳал дониста мешавад.
Дар даврони соҳибистиқлолӣ, соҳаи тандурустӣ бо мушкилоти гуногун рӯ ба рӯ буд, аммо бо гузашти вақт ислоҳотҳои ҷиддие барои беҳтар намудани вазъи хизматрасониҳои тиббӣ амалӣ гардиданд. Аз ҷумла, қабули барномаҳои давлатӣ ва стратегияҳо нишон медиҳад, ки Ҳукумати кишвар барои беҳтар кардани шароити тиббӣ ва таъмини дастрасии сокинон ба хизматрасониҳо аҳамияти хоса зоҳир менамояд.