МАЪРИФАТИ ҲУКУҚӢ — ОМИЛИ МУҲИМ ДАР ТАШАККУЛИ ШАХСИЯТ 0 10 Мубодила кардан Дар хотир бояд дошт, ки ояндаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, пешрафту инкишофӣ минбаъдаи он чун давлати пуриқтидори демократӣ ва ҳуқуқбунёд, аз сатҳи баланди маърифатнокӣ, хусусан маърифати ҳуқуқӣ ва мавқеи фаъолонаи шаҳрвандии ҳар яки мо вобвста аст. Эмомалӣ Раҳмон. Дар ҳақиқат марҳилаҳои сипаришудаи таърих собит месозад, ки рушду пешрафти ҷомеа, аз дараҷаи маърифатнокии аъзоёни он вобаста аст. Дар тули таърих инсон баҳри он талош кардааст, ки роҳу воситаҳоеро ҷустуҷӯ кунад, ки барои беҳтар шудани вазъи ҳаётиаш мусоидат намояд. Бо ин хотир инсон ҳамеша дар талошу ҷустуҷӯ аст. Агар мо аз пешрафти инсонҳо дар ҷомеаи муосир сухан кардани бошем,бояд ба гузаштаи он таваҷҷӯҳ кунем. Оре, вақте ки инсон ба ҳаёти мустақилона роҳнамун аст ва ҷои худро дар ҷомеа муаян кардан мехоҳад. Дар назди ӯ интихоби касб, ба вуҷуд овардани ойла, пайвастан ба ҷунбиши муаяни сиёсӣ ва ниҳоят дарёфти мавқеӣ устуворона барин масъулиятҳои нав пайдо мешаванд. Амали кардани чунин масъулиятҳои бузург аз сатҳи донишу маърифати ҳар як шахс вобастагӣ дорад. Ҳар шахс дар баробари донишҳои соҳавӣ, бояд дорои маърифати ҳуқуқии муаян бошад. Агар шахс донишҳои ҳуқуқии муаянро соҳиб набошад, ӯ мавқеи худро дар ҷомеа устувор карда наметавонад, ҳатто каафолатҳои ҳуқуқии хешро дуруст истифода бурданаш низ имконнопазир мегардад. Оиди ин масъала ҳануз дар андешаҳои пурарзишӣ мутафакирони гузашта ишора шудааст. Ҳануз дар асрҳои VII – V то мелод мутафакирони барҷастаи ин давра Солон, Гераклид, Демокрит, Пифагор, Суқрот, Афлотун ва Арасту, дар андешаҳои худ инсонро ҳамчун офаранда ва пешбарандаи таърих эътироф карда, барои ҳимоя аз ҳуқуқҳои инсон суханҳои пурарзиш гуфтаанд. Яъне инсон ва ҳуқуқҳои ӯ ҳамчун арзиши олӣ дар маддӣ назари мутаффакирони гузашта қарор дошт. Онҳо андешаи онро доштанд, ки инсон ҳамеша арзиши олии ҷомеа боқӣ мемонад, бинобар ин адолат нисбати инсон бояд дар маддӣ аввал бошад. Ҳамеша адолат ва баробарҳуқуқии инсон бо ҳам дар робитаи зич ҳастанд. Яъне ба андешаи Пифагор «Адолат дар баробарии инсонҳо ифода меёбад». Дар робита ба андешаи ин мутаффакирон, дар боби ҳуқуқҳои инсон дар асрҳои миёна андешаҳои нисбатан комил ва такмилёфта ҷиҳати мавқеи инсон дар ҷомеа рӯи кор меоянд. Нисбат ба ҳуқуқҳои инсон, андешаҳои мутафакирони асримиёнагӣ; Гротскиӣ, Спиноза, Локк, Монтеске ва дигарон назарияҳои навро ба вуҷуд оварданд. Пас, маълум мешавад, ки дар баробари соҳиби маърифат шудани одамон пайваста маърифати ҳуқуқии аъзоёни ҷомеа рушд меёбанд. Набояд фаромуш кард, ки назария дар бораи ҳуқуқи инсон, дар андешаҳои олимону мутаффакирони форсу тоҷик; А. Форобӣ, А. Берунӣ, М. Ғазолӣ, А. Рӯдакӣ, А. Фирдавсӣ, Саъдии Шерозӣ ва дигар донишмандон хеле такмил ёфта, онҳо дар эҷодӣ арзишҳои навӣ ҳуқуқӣ хизмати арзанда кардаанд. Панду андарзҳои ин донишмандон баробарии ҳамаи инсонҳоро таъкид намуда, арзиши олӣ будани ҳуқуқу озодиҳои инсонро ишора намуданд. Чуноне, ки таърихи гузаштаи мардуми Ориётабор шаҳодат медиҳад, аввалин санади ҳуқуқие, ки дар бедории маърифати ҳуқуқии инсонҳо нақш гузоштааст, Эъломияи Курӯши Кабир яке аз шоҳаншоҳони империяи бузургӣ Ориёиҳо (Ҳахоманишиҳо) аст, ки ҳануз соли 539 – то мелод руи кор омад. Ин санад дар марҳилаи гузаштаи таърихи инсоният аҳамияти худро дошт. Мутаффакирони форсу тоҷик А. Рӯдакӣ, М. Ғазолӣ, Шайх Саъдии Шерозӣ ва Ҷалолуддини Рӯмӣ дар бахши мафҳумҳои ҳуқуқӣ андешаҳои пурарзишро гуфтаанд, ки то имрӯз нақши муаяни худро доранд. Чуноне, ки Шайх Саъдии Шерозӣ иброз кардааст; Бани одам аъзои якдигаранд, Ки дар офариниш зи як гавҳаранд. Чу узве ба дард оварад рӯзгор, Дигар узвҳоро намонад қарор. Ту, ки аз меҳнати дигарон, бе ғамӣ, Нашояд, ки номат ниҳанд одамӣ. Ин донишмандӣ дақиқбаён дар андешаҳои пурмазмуни худ инсонҳоро ба ёру бародар будан, дастгирӣ аз ятимону маюбон, шарик будан дар ғаму дарди якдигар ҳидоят кардааст. Аз ин андешаҳо хулоса мебояд, ки инсонҳо ҳамеша дар талоши маърифати ҳуқуқиянд. Яъне чунин хулоса бар меояд, ки инсон ҳамеша аз манбаҳои асоснок шуда он арзишҳоеро бахуд мегирад, ки тавасути он зиндагии ҳаррӯзаи худро сомон мебахшад. Баёни ин андешаҳо чунин маъно дорад, ки одамон дар ҳама марҳилаҳои ҳаётии худ барои он талош мекунанд, ки донишу маърифати худро сайқал диҳанд, то зиндагии худро хубтару беҳтар созанд. Хушбахтона мо имрӯз бо шарофати соҳибистиқлолии кишвари азизамон Тоҷикистон, ҳаёти амну осоиш, ваҳдату ягонагии мардуми кишвар ба сӯи ояндаи нек қадами устувор мегузорем. Ҳамасола аз шарофати сиёсати хирадмандона ва халқпарваронаи Пешвои муаззами Миллат, Муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сатҳи зиндагии мардум боло рафта, рукнҳои давлатдории тоҷикон боз ҳам мустаҳкамтар мегардад. Бошад, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шафати қудратмантарин кишварҳои саёра қарор дошта бошад. Барои ба ин ҳадафҳои нек расидан донишу маърифати балангди шаҳрвандон мусоидат мекунад. Чуноне, ки Пешвои Миллат таькид мекунанд «Баланд бардоштани сатҳи донишу маьрифатнокии шаҳрвандон, омили муҳим барои рушд ва устувории давлат мебошад» Оре, дуруст аст назари Пешвои миллат нисбат ба баланд бардоштани сатҳи маьрифатнокии шаҳрвандон. Ба хусус, дар замони таҳавуллотҳои бефосилаи ҷомеаи муосир, ки ҳар лаҳза фикру андешаҳои наве пайдо мешаванд, ки барои дурӯст интихоб намудани онҳо, мутобиқ ба фаоьлияти ҳар яки мо, бояд дараҷаи маьрифатеро соҳиб бошем, ки дар ин интихоб муваффақ бошем. Имрӯз талаботҳои ҷомеаи муосир ин аст, ки ҳар фард бояд он интихоберо дошта бошад, ки таьсираш мусбӣ барояд. Аммо мо бояд дар он андеша бошем, ки донишу маьрифатнокии мо набояд дар як самт маҳдуд бошад, балки донишҳои мо гуногунҷабҳа ва ба ҳама самтҳои фаьолияти мо мутобиқ бошад. Чунки шахсияти комил ҳамон шахсияте ҳаст, ки агар дар ҳама ҷабҳаҳои ҳаёт мавқеи худро устувор нигоҳ дошта тавонад. Ба фикри ман хеле бомаврид аст, пешниҳоди навбатии Пешвои Муаззами Миллат дар бораи эълон шудани соли 2024 ҳамчун «Соли маърифати ҳуқуқӣ» Барои баланд бардоштани маьрифати ҳуқуқии шаҳрвандон месазад, ки корҳои зиёде ба анҷом расонида шаванд. Чун дар ҷаҳони муосир, ки хеле пуртаззоду пуртафовут аст, баланд шудани маьрифати ҳуқуқии шаҳрвандон метавонад моро дар мавҷи ақидаю андешаҳои пурихтилофу пурпечутоб ҳифз намояд ва дар интихоби дурусти мо мусоиддат кунад. Бинобар ин зарур аст, ки чунин тадбиҳо роҳандозӣ шаванд; — Таҳияи маводҳои таълимии ба талабот мутобиқ барои наврасони сини мактабӣ. — Омода намудани мутахассиони баландпояи омӯзгорӣ дар бахши фанҳои ҳуқуқ. — Дастрас намудани маводҳои таълимӣ дар муасисаҳои таълими вобаста ба омӯзиши санадҳои меъёри-ҳуқуқӣ — Дар шабакаҳои телевизиони ташкили барномаи махсус ҷиҳати баланд бардоштани маьрифати ҳуқуқии наврасону ҷавонон. — Ҷоннок намудани тарғибу ташфиқи санадҳои меьёри – ҳуқуқӣ тавассути ВАО. Бовар дорем, ки соли маърифати ҳуқуқӣ омили муҳим дар ташаккулӣ шахсияти ҳар як фарди ҷомеа мегардад. Маърифати ҳуқуқи имконият фароҳам месозад, ки ҳар як шахс аз мавқеи шаҳрвандии худ дар ҷомеа ҳимоя карда тавонад. Ин хеле зарур аст, чун дар марҳилаи кунунии ҷомеа, ки хеле тазодҳои пурпечутобро ба миён овардааст ва ҳар лаҳза метавонанд, ки мушкилиҳои интизор набударо ба вуҷуд биёранд, донишу маърифатӣ ҳар шахс ҳамчун силоҳи бартарафкунандаи ин мушкилиҳо хоҳад буд. Дар хулосаи ин андешаҳо гуфтанием, ки маърифати ҳуқуқӣ дар ташаккули шахсиятҳои комил ва ҳамаҷониба инкишофёфта нақши созгоре хоҳад дошт. Омӯзгори калони кафедраи фаннҳои «Гумманитарӣ» МДТ- И Коллеҷӣ тиббиӣ шаҳри Кӯлоб ба номи Раҳмонзодда Р.А.К. Абдураҳмонов 0 10 Мубодила кардан