Вируси норасоии масунияти одам (ВНМО) яке аз мушкилоти ҷиддии иҷтимоӣ ва тандурустӣ дар ҷаҳон, аз ҷумла дар ин радиф Ҷумҳурии Тоҷикистон низ шомил аст. Сарфи назар аз тадбирҳое, ки Ҳукумати кишвар мешадешад, шумораи сироятёфтагон дар кишвар тамоюли афзоишёбӣ дорад.
Бояд гуфт, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар Осиёи Марказӣ яке аз кишварҳоест, ки бо афзоиши босуръати шумораи ҳолатҳои сироятёбии ВНМО рӯ ба рӯ шудааст. Мувофиқи маълумоти расмии Вазорати тандурустӣ, шумораи умумии шахсони сироятшуда то соли 2024 ба беш аз 15 ҳазор нафар расидааст.
Роҳҳои гузариши ВНМО
ВНМО асосан тавассути тамос бо хуни сироятшуда, алоқаи ҷинсӣ, аз модар ба кӯдак, додани хун мегузарад.
ART як қатор доруҳоест, ки афзоиши вирусро бозмедоранд ва системаи масуниятро ҳифз мекунанд. Муҳим аст, ки шахсоне, ки бо ВНМО зиндагӣ мекунанд, ба режими табобати худ қатъиян риоя намоянд.
Нақши ҷомеа дар мубориза бо ВНМО
Яке аз мушкилоти ҷиддӣ табъизи шахсони гирифтори ВНМО мебошад. Ин омил боиси худдорӣ кардани шахсони сироятёфта аз муроҷиат ба духтурон мешавад. Таблиғи толерантӣ дар ҷомеа ва дастгирии равонӣ барои чунин шахсон аҳамияти калон дорад.
Барои рафъи сирояти ВНМО танҳо технологияи тиббӣ кофӣ нест. Ҷомеа бояд муносибати худро ба он тағйир диҳад. Огоҳии бештар, кам кардани табъиз ва дастгирии шахсони сироятшуда қадамҳои муҳим мебошанд. Табъиз на танҳо ба одамон осеб мерасонад, балки онҳоро аз ҷустуҷӯи кӯмак ва табобат бозмедорад.
Хулоса
ВНМО масъалаест, ки ҳалли он танҳо тавассути талошҳои муштараки олимон, табибон ва ҷомеа имконпазир аст. Пешрафти соҳаи тиббӣ нишон медиҳанд, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ин раванд корҳои зиёдеро ба сомон мерасонад. Вале ҳоло ҳам моро зарур аст, ки барои боз ҳам коҳиш додани ин раванд мубориза барем ва садди паҳншавии он шавем.
Муҳим аст, ки ҳар як шахс бо дониш ва масъулият амал кунад, то ҳам барои худ ва ҳам барои дигарон хатари сироятро кам кунад. Зиндагӣ бо ВНМО ҳукм нест; бо табобат ва дастгирӣ ҳар як шахс метавонад зиндагии пурмазмун ва фаъол дошта бошад.
Инчунин барои коҳиш додани паҳншавии ВНМО дар Тоҷикистон бояд барномаҳои ҳамаҷониба ва ҳамоҳангшуда амалӣ гарданд. Ин барномаҳо бояд маърифати аҳолиро баланд бардоранд, дастрасӣ ба тестгузаронӣ ва табобатро беҳтар кунанд ва муҳоҷирон, ҷавонон ва шахсони нашъамандро фаро гиранд. Бо талоши якҷояи давлат, ҷомеа ва созмонҳои байналмилалӣ, мумкин аст паҳншавии ВНМО-ро зери назорат гирифта, саломатии ҷомеаро ҳифз намуд.