ПИРӮЗИ АЗ ИТТИФОҚ ХЕЗАД

0 17

       Устод М.Турсунзода доир ба ҷанг навиштаанд: Ҷанг – ин бо фоҷиаи тоқатфарсо маҳв шудани кӯдакон, кушташудани ҷавонон, боазобу уқубат ба охир расидани ҳаёти пирон, бадбахтии оилаҳо, харобӣ ва вайронии ҷаҳон, нест шудани илму маърифат ва ба ибораи кӯтоҳ, ҷанг ва ваҳшонияти гӯшношунида ва бо бадбахтиҳои чашм надида маҳв кардани инсоният аст.

    Пайдоиш, ташаккул ва ҳуввияти ҳар халқу милатро дар марҳилаҳои гуногуни таърих саргузашту сарнавишти он муайян месозад. Имрӯз ба саргузашт ва сарнавишти миллати тоҷик, агар ҳамчун оинаи поку муқаддас назар афканем, танҳо ободӣ, поксириштӣ, хештаншиносӣ, ҳуввияти баланди миллӣ ва дигар омилҳои хуби ба миллати мо хос пеши назар ҷилвагар мешавад.

    Мардуми тоҷик, ки дар масири пуршебу фарози таърих ҳамеша бо сахтиву сардӣ ва каму костиҳо даст ба гиребон буд, ниҳоят пас аз ҳазор соли бедавлатӣ дубора ба рӯяш шӯълаи бахту саодат ҷилва зад. Дар харитаи ҷаҳон давлате бо номи Тоҷикистони соҳибистиқлол пайдо гардид. Тоҷикистон, ки дар дили Шарқ ҷойгир аст, бо ба даст овардани истиқлолияти комил ва муттаҳид сохтану мақом гирифтанаш, ҷилои миллати куҳанбунёди тоҷикро дубора эҳё кард.

     Боиси таъкиди махсус аст, ки муваффақ шудан ба ризоияти миллӣ ва сулҳу ваҳдат идомаи мантиқии сиёсати Давлату Ҳукумати Тоҷикистон ва талошҳои Эмомалӣ Раҳмон дар ин роҳ мебошад. Кӯшишҳои пайвастаи Сарвари давлат ва ҳамчунин заковати мардуми бонангу соҳибтамаддунамон натиҷаҳои дилхоҳ доданд ва ниҳоят 27 июни соли 1997 Созишномаи умумии  истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ ба имзо расид.

    Дар ҳақиқат, бузургтарин дастоварди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти сиёсати сулҳофарин бешубҳа, барқарор кардани сулҳи комил ва ваҳдати миллӣ дар Тоҷикистон аст. Таҷрибаи талхи ҷангҳои дохилӣ дар ҷаҳон шаҳодат медиҳад, ки ягон давлат рақиби сиёсӣ ва ҳарифони қудратталабашро аз сангарҳои ҷанг берун оварда, бо силоҳи ҷангию лавозимоти ҳарбӣ ва сарбозони ҷангозмудааш дар сари дастгоҳи давлатию сохторҳои идоракунӣ ва мақомоти низомӣ нашинондааст.

    Ҳамагон дар ёд доранд, ки Эмомалӣ Раҳмон дар ҳузури вакилони иҷлосияи таърихӣ ва дар пешгоҳи халқи шарифи Тоҷикистон савганд ёд кард: агар лозим шавад, ба ивази ҷони худ сулҳу ваҳдатро ба Тоҷикистони азиз бозмегардонам ва то даме, ки як гурезаи тоҷик дар хориҷ ба сар мебарад, ором зиндагӣ нахоҳам кард. Имрӯз шоҳидем, ки он суханон як шиори холи сиёсӣ набудаанд, балки фарёди самимии як фарзанди халқи тоҷик, ки дарди ҷонкоҳи миллат ва андешаи наҷоти Ватан тамоми вуҷудашро фарогирифта буд.

    Ҳарчанд мардуми шарифи Тоҷикистон ташнаи сулҳу ваҳдат буд, аммо тарроҳони ин ҷанги бемаънӣ ба осонӣ аз нақшаҳои худ даст намекашиданд. Ин буд, ки ба Эмомалӣ Раҳмон солҳо лозим омад, то ба иҷрои яке аз паёмҳои марказии худ – барқарор созии сулҳ ва ваҳдати миллӣ ноил гардад. Барои расидан ба ин ҳадафи муқаддас роҳбарияти давлат тавонист, ки ҳудуди як миллион гурезаро ба хонаҳояшон баргардонад.

    Мирзо  Турсунзода «Сулҳ ин парвариши кӯдакон, таълиму тарбияи ҷавонон, осоиши пирон, хушбахтии оилаҳо, ободии ҷаҳон, аввалин шароити пешравии ҷамъият, маданияту илму фарҳанг ва ба ибораи кӯтоҳ, сулҳ ҳаёти хушбахтонаи инсоният аст» Ва ман бовар дорам, ки агар умр вафои мекард устод Турсунзода зинда мебуд ҳатман калонтарин достони Ӯ на Ҷони ширин балки дар бораи сулҳи Тоҷикон мешуд.

     Дастовард ё қадами устувори Эмомалӣ Раҳмон дар он буд, ки бо ҷасорат ва иродаи қатъии ӯ мардуми Тоҷикистон аз вартаи ҷанги дохилии хонумонсӯз раҳо гашта, ба ваҳдати миллӣ расид. Ғояи сулҳ, оштии миллӣ ва афву ҳамдигарбахшӣ аз муҳимтарин паёмҳое буданд, ки Сарвари давлат ҳанӯз дар рӯзи авали интихобаш ба миён гузошта буд ва ин паёмҳо ҷавҳари тамоми барномаю фаъолияти баъдии ӯро ташкил намуданд.

    Дар ин масъала бояд гуфт, ки маҳз ташаккул ёфтани системаи давлатӣ ва ҳамчун механизми ягона ба кор даромадани низоми давлатдорӣ яке аз заруратҳо ва нишондиҳандаҳои асосии барпошудани давлат ва давлатдорӣ ба ҳисоб меравад. Зеро маҳз системаи ташаккул ёфтаи давлатӣ метавонад кори муназзами институти давлат ва бақои давлатдориро таъмин намояд. Бинобар ин, дар сатҳи муосир эҳё ва барқарор намудани системаи мукаммали давлатдории тоҷикон яке аз дастовардҳои бунёдии дигари Эмомалӣ Раҳмон, балки яке аз хидматҳои муҳимтарини Ӯ барои давлату миллати тоҷик мебошад. Касоне, ки ба сиёсат ва давлат аз назари касбӣ менигаранд, то чӣ дараҷа ҳаётӣ будани ин дастовардро ба хубӣ дарк менамоянд.

     Таърихи пурфоҷиаи халқи тоҷик гувоҳ аст, ки сабаби асосии парокандашавии давлатдории тоҷикон набудани як пешвои миллатдӯст ва идеяи миллӣ буд. Аз ин рӯ, қабули қонун «Дар бораи Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат» на танҳо арҷгузорӣ ба фаъолияти Эмомалӣ Раҳмон, балки таҳкими истиқлолияту ваҳдат, нигаҳдории давлатдории тоҷикон мебошад.

         Ӯ  бешак, шоистаи номи Пешвои миллати тоҷик  аст.

      Пешво будан танҳо ифтихор нест, балки  инсони комил, раҳбари хирадманду фидокор, дурандешу  ҳушманд, сиёсатмадори бедордил, ҳомии халқу Ватан, пуштибони дину фарҳанг ва тамадуну таърих, фидоии мардум  будан аст! Пешвои миллат аз худ гузаштан ва дар худ боқӣ мондан, худсозию худсухтан барои миллат, давлат, кишвар ва саодамандию хушбахтии ҷамъият аст.

     Мебояд, ки мо бо Пешвои миллии хеш дар ин асри ҷаҳонишавӣ, ки пайваста моро ба сӯйи худогоҳии таърихӣ ва худшиносии миллӣ даъват намуда, ҳисси ифтихор аз тоҷику тоҷикистонӣ буданро дар вуҷудамон пайдо мекунанд, роҳи дурахшони фардои миллатамонро воқеъбинона эҳсос намоем.

      Пешво доштани миллат, шаҳодат аз сарҷамъии он аст умед ба он дорем, ки ҷавонон Тоҷикистонӣ бо нерӯи созандаи худ, дар фазои сулҳу оромӣ, арзишҳои миллии аҷдодони худро пос дошта, зери шиори «Баҳорам, орзуям, меҳанам, ишқам, дилу ҷонам, сурудам, модарам, бахтам, вуҷудам, Тоҷикистонам» дар пешрафти кишвар саҳми арзандаи худро хоҳанд гузошт ва он занҷири пай дар пайе, ки аз гузаштагони худ мерос гирифтаанд бе шикасту рехт ба наслҳои оянда хоҳанд супурд.

  Мудири кафедраи “Фанҳои гуманитарӣ”-и

 МДТ“Коллеҷи тиббии ш.Кӯлоб ба номи

Раҳмонзода Р.А.”                                                           Иброҳимов С.Т.

Дигар маълумотҳои ин категория

Шарҳ додан

Суроғаи почтаи электронии шумо нашр карда намешавад.