ВАҲДАТИ МИЛЛӢ ҲАМЧУН РАМЗИ ПИРӮЗИИ МАРДУМИ ТОҶИК

0 12

      Ваҳдати миллӣ барои мардуми тоҷик дастоварди ниҳоят пурарзиш, шарти асосии некӯаҳволии халқ ва таҳкурсии боэътимоди пешрафту ободии Ватани мебошад. Барои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар арсаи байналхалқӣ гузаронидани сиёсати хориҷии мамлакат фаъолияти тамоман тоза буд.

     Зеро, дар замони Шӯравӣ сарварони ҷумҳурӣ бо ин масъала умуман кордор набуданд. Дар мавҷи тантанаҳои имзои сулҳи байни тоҷикон (27 июни соли 1997), аллакай 18-уми июнли соли 1997 қариб 600 нафар намояндагони аҳзоби сиёсӣ, илму фарҳанг, фаъолони меҳнат ва ғайраҳо дар ш.Душанбе ҷамъ омада «Ҳаракати ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон»-ро таъсис доданд.

   Мақсади асосии ин ҳаракат, аз ҷумла «муттаҳид сохтани саъю кӯшишҳои табақаҳои мухталифи иҷтимоӣ ва нерӯҳои Тоҷикистон дар мавриди барқарор намудани сулҳу суботи доимӣ, боварии тарафайну ризоияти шаҳрвандӣ, аз бӯҳрон раҳо додани ҷомеа, таҳкими якпорчагии давлат» ва ғайраҳо ба ҳисоб меравад. Президенти ҷумҳурӣ Эмомалӣ Раҳмон якдилона сарвари ин ҳаракат интихоб гардид. Чуноне таъкид шуд дар замони фаъолияти Комиссияи оштии миллӣ (1997 – 2000) ҳамаи қарорҳои ҳангоми гуфтушуниди байни тоҷикон дар муддати солҳои 1994 – 1997 қабул гардида, амалӣ шуданд, мухолифини тоҷик ба ҳайати ҳукумати амалкунанда дохил шуд. Ин Ваҳдати миллӣ буд, ки  ба мардуми тоҷик нерӯву тавони нав бахшид, дар қалби ҳар як сокини кишвар шуълаи умедро ба фардои ободу осуда фурӯзон намуд ва қалбҳои хурду бузурги мамлакатро пур аз шодиву фараҳ гардонид. Ваҳдати миллӣ ба сифати як шакли зуҳури андешаҳои миллӣ дар пойдории халқу кишвари мо нақши калон бозид.

      Боиси хушнудист, ки пас аз имзои ин созишномаи сулҳ  ҳаёти  мардуми тоҷик дар партави сулҳу вахдат гул-гул шукуфта истодааст. Ваҳдати миллӣ сарвати гаронарзиши халқи тоҷик ба шумор меравад.      Вазифаи ҳар як шаҳрванд ин аст, ки ин вахдату ягонагиро ҳамчун неъмати бебаҳо эҳтиёт кунад.

    Давлати соҳибистиқлоли Тоҷикистон ба фарзандони муттаҳид ниёз дорад, Тоҷикистон аз имрӯз низ бештар ободу зеботар хоҳад шуд. Таърихӣ начандон тӯлони давлати соҳибистиқлоламон собит сохт, ки тоҷикон дар ҳақиқат миллати созандаву бунёдкор, ватандӯсту ватанпарвар, соҳибтамаддуну фарҳангӣ ва сулҳхоҳу таҳаммулгаро буда, метавонанд бо ваҳдату сарҷамъии худ ҷомеаи воқеан муосири демократӣ, ҳуқуқбунёд ва дунявиро бунёд намоянд.

         Мардуми тоҷик хуб дар хотир дорад, ки дар оғози солҳои 90-уми асри гузашта Тоҷикистони соҳибистиқлоли мо ба гирдоби ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ кашида шуд, ки бар асари он тамоми соҳаҳои ҳаёти кишвар ба буҳрони амиқ рӯбарӯ гардид.

       Нахустин кӯшишҳо барои дарёфти сулҳ дар Тоҷикистон ҳануз дар гармогармии муқовиматҳои сиёсӣ ва оғози ҷангҳои дохилӣ аз тарафи худи тоҷикон сурат гирифта буд. Вале, мутаассифона, он вақтҳо мулоқоту муколимаҳои байни тоҷикон, оши оштихӯрданҳо ва протоколҳои созиш имзокарданҳо, аз ҷумла дар шаҳрҳои Душанбе (14 феврали 1990, 22 апрели 1992 ва 7 майи 1992), Хоруг (26 июли 1992) ва Қӯрғонтеппа (20 июни 1992) натиҷаҳои дилхоҳ надоданд. Зеро тарафҳои даргир, тавре ки аз ҷараёни баъдинаи ҳодисаҳои он рӯзҳо бармоояд, эътимоди комил бар он доштанд, ки тарафи муқобили худро бо зурӯ тавон, ки доранд, ҳатман мағлуб хоҳанд кард.

    Чунин вазъи фалокатбор аз ҳар фарди ватандӯсту солимфикр  тақозо мекард, ки бо такя ба суннатҳои деринаи давлатдорӣ ва хиради мардуми фарҳангсолори тоҷик ҳарчи зудтар оташи ҷангро хомӯш карда, тамоми имкониятҳоро барои сарҷамъ намудани миллати дар ҳоли парешонӣ қарордошта, таъмини суботу оромӣ ва барқарор кардани фаъолияти  сохтору мақомоти фалаҷгардидаи давлатӣ сафарбар созанд.

       Маҳз Ваҳдати миллӣ буд, ки роҳҳои байни минтақаҳои мо кушода шуд, додугирифт байни ҳамдигар дар байни минтақаҳо хеле зиёд гардид. Ин рафтуомадҳо, додугирифтҳо, байни ҳамдигар хештуборӣ барқарор кардан ҳама аз натиҷаи ваҳдати сартосарии тоҷикон мебошад. Ва ин ҳама аз иқдомҳои Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аст, ки кадрҳои як минтақаро дар минтақаи дигар роҳбар таъин мекунанду ба ин васила мардумро якдилу якмаром менамоянд.

     Нобасомонӣ  ва ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ дар Тоҷикистон боиси аз байн рафтани иқтисодиёти ватанӣ, таназзули тамоми сохторҳои давлатдорӣ гардид. Беш аз 150 ҳазор сокини кишвар куштаву 1,5 миллион гурезаҳо дар дохил ва хориҷ сарсону саргардон монданд. Азми қатъӣ ва роҳи пешгирифтаи Ҳукумати кишвар аз ҷониби мардум самимона дастгирӣ ёфт ва дар натиҷаи саъю талоши шабонарӯзӣ ва музокироти тӯлонӣ 27 июни соли 1997, яъне нуздаҳ сол қабл,  Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ ба имзо расид.

      Бо имзои санади ниҳоии сулҳ хатари пароканда шудани миллат ва аз байн рафтани давлати тоҷикон рафъ гардид. Аслан, барқарор сохтани сулҳу оромӣ ва фароҳам овардани шароит барои зиндагии осоишта натиҷаи майлу иродаи мардуми шарифи Тоҷикистон мебошад, ки дар масири нуздаҳ соли сипаришуда барои ҳифзу таҳким ва пойдору ҷовидон мондани ин неъмати арзишманд азму талош ба харҷ медиҳанд.

    Маҳз ба хотири расидан ба сулҳи фарогир ва ба даст омадани оромию осоиштагии комил дар ҷомеа Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон роҳи музокироти байни тоҷиконро пеш гирифт, ки ин музокирот бо мусоидати бевоситаи СММ ва кишварҳои хайрхоҳ баргузор гардид ва аз 5 апрели соли 1994 то 27 июни соли 1997 идома ёфт. Дар ин муддат 8 даври музокироти байни Ҳукумат ва Иттиҳоди нерӯҳои мухолифин, се машварати байниҳамдигарии ҷонибҳо ва 6 мулоқоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо роҳбари Иттиҳоди мухолифин баргузор гардид. Дар ҷараёни музокирот 9 санади асосӣ қабул шуд, ки ин санадҳо барои «Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар Тоҷикистон» заминаи мусоид фароҳам оварданд.

     Имрӯз кишвари мо аз файзу баракати истиқлолияти давлатӣ ва ваҳдати миллӣ дар шоҳроҳи рушди устувор қарор дошта, сатҳу сифати зиндагӣ, маърифату ҷаҳонбинӣ ва эҳсоси худшиносиву ифтихори миллии ҳамватанони мо торафт таҳкиму густариш меёбад.

       Ғояи ваҳдати миллӣ дар як марҳалаи тақдирсози таърихӣ ҳамчун омили нерӯманди иттиҳоди ҷомеаи мо хизмати бузургу пурарзишро анҷом дод.

       Ва имрӯз вақти он расидааст, ки омӯзиши ваҳдати миллӣ ба сифати унсури меҳварии худшиносӣ ва тафаккури миллӣ ҳамаҷониба таҳқиқ ва тарғиб карда шавад.

      Дар ин замина, мо бояд дар шуури наслҳои имрӯзу оянда ғояҳои саодатбахши расидан ба қадри истиқлолият ва сабақҳои сулҳу ваҳдатро тавассути барномаҳои фарогир дар байни мардум, алалхусус насли ҷавони кишвар беш аз пеш тарғибу ташвиқ намоем ва ин иқдомро пайваста вусъат бахшем.

    Тақозои замон низ ҳамин аст, ки консепсияи ваҳдати миллӣ чун қисми таркибиву тавонбахши тафаккури миллӣ эътироф гардида, ҳар як шаҳрванди кишвар ба қадри ин неъмати муттаҳидсози ҷомеа расад ва онро гиромӣ дорад.

    Бо назардошти он ки ваҳдати миллӣ барои тамоми мардуми Тоҷикистон арзиши бисёр муқаддасу азиз махсуб ёфта , асоси хушбахтӣ ва саодати онхо низ мебошад. Вазифаи ҳар шахси бедордилу огаҳ, худшиносу ватандӯст аз он иборат аст, ки ваҳдати миллиро чун омили муҳимтарини бақои давлату рушди ҷомеаи Тоҷикистон ҳифзу ҳимоят намояд ва онро чун дастоварди бузурги миллӣ пос дорад. Ҳар як шаҳрванди Тоҷикистон, бояд заруроти таърихӣ ва рисолати аслии худро дар он бинад, ки ваҳдат ва ризоияти миллии мо пояндаву ҷовидон бошад, сарфи назар аз мавқеи иҷтимоӣ ва сиёсӣ, зери ин сиёсат муттаҳид шуда, барои таҳкими ваҳдати миллӣ ва созандагиву ободкории Ватан фаъол бошем. Ҳар як фарзанди Тоҷикистон, ки ин марзу буми аҷдодӣ барояш азиз аст, бояд ҳамеша дар хотир дошта бошад, ки хадафи аслии афкори ҷомеаи моро бояд сухани созандаву омӯзанда ташкил диҳад ва он ба манофеи мардуму Ватани азизи мо хидмат намояд. Мавриди тазаккур аст,ки ҳар миллатро тавассути фарҳанги оламшумулаш мешиносанду эҳтиром мекунанд.

         Тоҷикистон бо таърихи пурғановати худ, осори гаронбаҳои моддиву маънавӣ ва ёдгориҳои беназири таърихиву фарханги дар миёни қавму миллатҳои ҷаҳони муосир мавқеи хос касб карда, ки ин боиси ифтихори кули миллати точик мебошад.

Муовини директор оид ба корҳои

тарбиявӣ-и МДТ «Коллеҷи  тиббии

шаҳри  Кӯлоб   ба  номи  Раҳмонзода  Р.А.»       Маҳмудзода Қ.Н.

Дигар маълумотҳои ин категория

Шарҳ додан

Суроғаи почтаи электронии шумо нашр карда намешавад.