НАВРӮЗ – ОҒОЗИ МАВСИМИ МУСОБИҚАҲОИ НАМУДҲОИ МИЛЛӢ 0 16 Мубодила кардан Саннаи 16 марти соли 2023 дар Муассисаи давлатии таълимии “Коллеҷи милитсияи вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо қароргоҳ дар шаҳри Кӯлоб” мусобиқаи «Гуштини миллӣ» байни донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олӣ ва миёнаи касбии минтақаи Кӯлоб баргузор гардид. Дар ин мусобиқа донишҷӯёни МДТ «Коллеҷи тиббии шаҳри Кӯлоб ба номи Раҳмонзода Р.А.» Сайдалии Холназар — донишҷӯи бахши 2-юми факултети кори табобатӣ дар вазни 86кг насиби ҷойи якум, Раҳимзода Алишер дар вазни 71кг донишҷӯи бахши 3-юми факултети кори фарматсевтӣ насиби ҷои якум, Эмомзода Исмоил донишҷӯи бахши 3-юми факултети кори ҳамширагӣ дар вазни 60 кг насиби ҷои 2-юм ва Довуди Ҳамид донишҷӯи бахши 3-юми факултети кори ҳамширагӣ дар вазни 71 кг насиби ҷои сеюм гардиданд. Ғолибони мусобиқа бо ифтихорнома, медал ва мукофотҳои роҳбарияти Коллеҷи милитсия сарфароз гардонида шуданд. Мудири кафедраи тарбияи ҷисмонӣ ва омодагии дифои ҳарбӣ Ҷафаров А. Пеш 1 то 5 саҳифа Баъдӣ 0 16 Мубодила кардан