Солҳои минбаъда баробари рушди иқтисоди ҷумҳурӣ низоми шароити таълим низ дар Омӯзишгоҳи тиббӣ такмил ёфта, дар он аз рӯи ихтисосҳои фелдшерӣ, момодоягӣ ва дандонсозӣ мутахассисони миёнаи тиб омода карда мешуданд. Бо мақсади таъмини муассисаҳои тандурустии минтақаи Кӯлоб бо мутахассисон дар назди беморхонаҳои ноҳияивии ноҳияҳои Ҳамадонӣ, Фархор, Восеъ, Темурмалик, Ховалинг ва Муъминобод гурӯҳҳои мақсаднок ташкил карда шуда буданд.
Соли 1996 дар фаъолияти муассиса таҳаввулоти нав ба миён омад. Бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 23-юми декабри соли 1996, № 91 омӯзишгоҳ ба Коллеҷи тиббии шаҳри Кӯлоб табдил дода шуд. Ҳамзамон дар он ихтисосҳои нави кори табобатӣ ва кори момодоягӣ бо мӯҳлати таҳсили чорсола ба роҳ монда шуд.
Ҳоло дар коллеҷ зиёда аз 3500 нафар донишҷӯён таҳсил доранд, ки ба онҳо 200 нафар омӯзгорони асосӣ дарс мегӯянд. Аз миёни онҳо як нафар доктори илмҳои тиб, ду нафар номзади илмҳои тиб, як нафар номзади илмҳои филологӣ ва як нафар номзади илмҳои педагогӣ мебошанд.
Се нафар кормандони муассиса бо медали “Хизмати шоиста”, 14 нафар бо медали “Аълочии тандурустї”, 38 нафар бо медали “Аълочии маориф ва илми Тољикистон” ва 10 нафар бо медали “Корманди шоистаи варзиши Ҷумҳурии Тоҷикистон” сарфароз гардонида шудаанд.
Як қатор аз дастпарварони Коллеҷи тиббии ш. Кӯлоб таҳсили худро дар муассисаҳои олии таълимии дохил ва хориҷи кишвар идома дода, то дараҷаҳои мутахассисони дорои унвон ва дараҷаҳои баланди тахассусӣ ва илмӣ расида, ба ҳайси роҳбарони вазорату муассисаҳои илмӣ кору фаъолият намудаанд. Аз ҷумлаи онҳо д.и.тиб, профессор Файзуллоев Н.Ф., д.и.тиб, профессор Ибодов Ҳ.И., д.и.тиб, профессор Азонов Ҷ., д.и.тиб, профессор Қурбонов С.С., д.и.тиб, профессор Ғоибов А.Ғ., д.и.тиб Қурбонов Ҳ.Ҳ., д.и.тиб Сафарзода А.М., д.и.тиб Раҳмонов Х., н.и.биология Зиё Раҳмон, н.и.т., Чиллазода Б., Атоев Д., Холназаров С., Ҳакимов Б., Сангимадов Х. ва дигарон на танҳо дар дохил, балки дар хориҷи кишвар номдор гашта, бе муболиға на танҳо ифтихори мо балки ифтихори миллат маҳсуб меёбанд.