КОРРУПСИЯ-ВАБОИ АСР

0 22

       «Коррупсия-зуҳуроти номатлубест, ки эътимоди мардумро ба давлат коста гардонида, обруву эътибори онро коҳиш медиҳад, барои рушди иқтисодиёти пинҳонӣ ва истифодаи ғайримақсадноки маблағҳои давлативу ҷамъиятӣ шароит фароҳам меорад ва дар маҷмуъ, боиси поймолшавии ҳуқуқи инсон ва заиф шудани пояҳои ахлоқии ҷомеа мегардад».

                                                             Эмомалӣ Раҳмон

            Фассод ё худ коррупсия ба унвони вабои аср шинохта шуда, масоили муборизаю муқовимат бар зидди он ҳамеша аз ҷониби созмону ташкилотҳои байналмиллалӣ, махсусан Созмони Миллали Мутаҳҳид ҳамчун яке аз вазифаҳои аввалиндараҷа эътироф карда шудааст. Ҳамин тариқ санаи 9-уми декабр ҳамчун «Рӯзи байналмиллалии мубориза бо коррупсия» пазируфта шудааст. Коррупсия ба пешрафти иқтисодиёт халал мерасонад, бунёди ҷомеаи демократиро заиф месозад ва ба рушди демократия таъсири манфӣ мегузорад. Гузашта аз ин коррупсия дар ҷомеа ба риоя нашудани ҳуқуқҳои конститутсионии шаҳрвандон замина фароҳам меорад ва ба пояи ахлоқ зарба мезанад. Коррупсия ин баҳри ҳимоя аз манфиатҳои шахсӣ қурбон намудани манфиатҳои миллӣ мебошад. Коррупсия  пешрафти илмӣ-техникӣ, инкишофи санъату маорифро боздошта, заминаҳои ахлоқию иродаи ҷомеаро ба навшавии моддиву маънавӣ вайрон сохта, барои рушди фарҳанги ҷомеа ва амалишавии ҳуқуқу озодиҳои фарҳангӣ оқибатҳои басо ҳузнангез дорад.

         Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар баробари дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ «Стратегияи давлатии муцовимат ба коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 (марҳилаи якум 2021-2025)» амал менамояд.

        Мақсад ва вазифаи асосии амалисозии ин стратегия баланд бардоштани маърифати зиддикоррупсионии аҳолӣ ва фароҳам овардани фазои тоқатнопазирӣ ба коррупсия, бартараф намудани сабабу шароитҳои ба коррупсия мусоидаткунанда ва дар маҷмуъ омили асосии инкишофи арзишҳои демократӣ, баланд бардоштани сатҳи некуаҳволии мардум мебошад.

         Ба андешаи олимони соҳа барои саркӯб намудани амали мазкур метавон гуфт, ки коррупсия замоне суръати зиёди коҳишёбиро дар худ мегирад, ки  илм ба пуррагӣ қудрати идора кардани эҳсоси инсонро дошта бошад, зеро танҳо илм метавонад, ки сади роҳи ҷаҳолатро гирифта бошад.

 

Назарова Зулфия

Декани факултети момодоягӣ

Дигар маълумотҳои ин категория

Шарҳ додан

Суроғаи почтаи электронии шумо нашр карда намешавад.