ТАБОДУЛИ ТАҶРИБА БО ҲАМКОРОНИ ХОРИҶӢ

0 7

     Бо дастгирии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи амалисозии  лоиҳаи “Беҳтар намудани хизматрасонии тиббӣ ба модар ва кӯдак”, ки бо дастгирии Хазинаи Нуфуси СММ (UNFPA) ва Бонки Исломии Рушд амалӣ карда мешавад, ва фармоиши директори МДТ “Коллеҷи тиббии ҷумҳуриявӣ”, муҳтарама Ашуриён Ш.С., аз 15.09 соли 2023, №546 “Оид ба мубодилаи таҷриба бо мутахассисони Ҷумҳурии Қазоқистон” рӯзҳои 20-23 сентябри соли 2023 ду нафар мутахассисони самти солимии репродуктивӣ, Маргарита Г. ва Грибенникова Г. дар МДТ “Коллеҷи тиббии шаҳри Кӯлоб ба номи Раҳмонзода Р.А.” қарор доштанд.

         Меҳмонон давоми 3 рӯзи будубош дар коллеҷ бо шарту шароити таълими фанни момоӣ ва бемориҳои занона, солимии наслофарӣ ошно гардиданд. Мутахассисон дар машғулиятҳои омӯзгорон ширкат намуда, доир ба беҳтар намудани сифати машғулиятгузорӣ маслиҳатҳои муфид доданд. Ҳамчунин барои омӯзгорони коллеҷ аз тарафи меҳмонон семинари омӯзишӣ ва машғулияти амалӣ бо истифода аз маводҳои муосири таълимӣ ташкилу баргузор карда шуд. Барои омӯзгорони коллеҷ аз тарафи меҳмонон як қатор маводи таълимӣ доир ба мавзӯъҳои солимии наслофарӣ дастрас карда шуд.

         Албатта қайд намудан зарур аст, ки табодули таҷриба бо мутахассисони хориҷи кишвар ва таъмин гаштани омӯзгорон бо маводҳои таълимии мутобиқ ба стандартҳои байналмилалӣ боиси беҳтар гаштани раванди машғулиятгузорӣ ва сифати таълим аз фанҳои номбурда мегардад.

Мудири кафедраи “Акушерӣ ва гинекологӣ”

Шарипова Д.Ф.

Дигар маълумотҳои ин категория

Шарҳ додан

Суроғаи почтаи электронии шумо нашр карда намешавад.