ПАРЧАМАТ БОДО ПАРАФШОН ТОҶИКИСТОНИ АЗИЗ!

0 23

    Санаи 24 ноябри соли ҷорӣ, дар Муассисаи давлатии таълимии «Коллеҷи тиббии ш.Кӯлоб ба номи Раҳмонзода Раҳматулло Азиз» ҳамоиши тарбиявӣ-сиёсӣ таҳти унвони «Парчамат бодо парафшон Тоҷикистон азиз!» дар сатҳи баланд баргузор гардид.

      Дар ҳамоиш муовини раиси шаҳри Кӯлоб Ҳомидиён Орзу, собиқадори соҳаи тандурустӣ Бегматова Сайёра Мирзоевна ва роҳбарияту омӯзгорону донишҷӯёни коллеҷ ширкат доштанд. Конференсияро муовини директор оид ба таълим  Нуруллоева Сарвиноз оѓоз намуда, иброз доштанд, ки Парчами давлатӣ соҳибистиқлоли Тоҷикистон ҳамчун рамзи бахту саодат, сарсабзию хуррамӣ ва сарбаландии миллату давлати тоҷикон, мақсаду ҳадафҳои созандаи ин миллати тамаддунофарро дар баландтарин минбару қасрҳои минтақавию байналхалқӣ ҷилвагар менамояд, ки ин боиси ифтихори мо мебошад.

     Муовини раиси шаҳри Кӯлоб Ҳомидиён Орзу табрикоти раиси шаҳри Кӯлоб, муҳтарам Назарзода Бахтиёр Худуёрро ба аҳли омӯзгорону донишҷӯёни коллеҷ расонида, аз ҷумла қайд намуд, ки Парчами давлатӣ яке аз муқаддасоти асосие мебошад, ки аз соҳибистиқлол, демократӣ, ягонагӣ ва дунявӣ будани давлати тоҷикон шаҳодат медиҳад. Парчами Ҷумҳурии Тоҷикистон идомаи анъанаи куҳани ливодории ниёгонамон ба ҳисоб меравад ва он дар рангҳои худ ормону орзуи поку беолоиши мардуми тоҷикро таҷассум менамояд. Чи гунае, ки Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қайд намудаанд «Мо бояд дар дили ҳар фард ҳанӯз аз синни кӯдакӣ нангу номуси ватандорӣ ва ифтихори миллӣ, ҳисси бузурги эҳтиромро ба рамзҳои муқаддаси давлат – Конститутсия, Нишону Парчам, Суруди миллӣ ва дигар муқаддасоти миллати хеш тарбия намоем». Парчами миллии мо нишони рӯҳи бешикаст ва иродаи мустаҳками миллати мо ба шумор меравад.

    Инчунин, дар рафти Конференсия  меҳмонон ба сухан баромада, аз таърих ва муқаддасии Парчами давлатӣ маърӯзаҳои пурмуҳтаво намуданд.

   Ёддовар мешавем, ки Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳанӯз 24-ноябри соли 1992 аз ҷониби Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикитсон тасдиқ гардида буд. Минбаъд ин сана ҳамчун ҷашни умумимиллӣ аввалин маротиба рӯзи 24 ноябри соли 2009 бо ифтихор аз давлату давлатдорӣ ва соҳибистиқлолию соҳибихтиёрӣ таҷлил карда шуд.

      Дар охир Конференсия як қатор омӯзгорону донишҷӯёне, ки дар чорабиниҳои таълимию тарбиявӣ ва варзишӣ, бахшида ба таҷлили Рӯзи Парчами давлатӣ баргузор шуда буданд бо Ифтихорнома ва туҳфаҳои хотиравӣ қадрдонӣ карда шуданд.

С.Т. Иброҳимов

Мудири кафедраи «Фанҳои гуманитарӣ»

Дигар маълумотҳои ин категория

Шарҳ додан

Суроғаи почтаи электронии шумо нашр карда намешавад.