“ТОҶИКОН…” — И БОБОҶОН ҒАФУРОВ ВА РАВАНДИ ОМУЗИШИ ОН ДАР ТАШАББУСҲОИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ МУҲТАРАМ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН

0 5

     Ҳангоме, ки дастур дар нашр ва ба ҳар хонаи тоҷик расондани китоби аллома Бобоҷон Ғафуров “Тоҷикон…” аз тарафи Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон паҳн шуд, умеду ишорааш ба ақли солими зиёиён ва мардуми кишвар буд. Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон китобро “Шиносномаи миллат” унвон дода, талқин мекунад, ки ҳар фарди ватанпараст аз он баҳра бигирад ва китобро намунаи муқаддаси хонадони худ бипазирад.

    Дар ҳамин раванд Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон изҳор медоранд, ки: ”Таърих фарогири замонҳои гузашта ва имрӯза мебошад. Дар доираи ин фосилаҳои замонӣ одамон ба ташаккули ҷамъияти инсонӣ баҳо медиҳанд ва воқеиятро ошкор месозанд. Мо ба таърихи халқи тоҷик аз рӯйи ҳамин ҳақиқат назар андохта, саҳифаҳои пурифтихори онро меомӯзем, бо корномаи гузаштагон шинос мешавем, анъанаҳои неки ба ёдгор гузоштаи онҳоро идома медиҳем ва ҳар як рукни онро гиромӣ медорем.”

      Ба таъкиди Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ҳар фарди аз анъанаву оинҳои ниёкон ошнову огоҳ ба нигаҳдорӣ ва ба насли оянда вогузор намуданашон вазифадор буда, дар омӯзиши ҳар пораи хокаш масъул аст.

      Замини Тоҷикистон асрори нуҳуфта фаровон дорад. Яке аз механизмҳои амалӣ гардидани андешаи Пешвои Миллат Эмомалӣ Раҳмон дар раванди омӯзиши китоби “Тоҷикон…” ба ҳамин нукта равона шудааст. Китобҳои сазовори таърихи миллатро бояд навишт. Ва ин ҳама дар заминаи ақидаҳои огоҳона, беғараз, илмии аллома Бобоҷон Ғафуров ва дастури дурандешонаи Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бояд сурат бигирад.

    “Моро зарур аст, ки давраҳои таърихии рӯзгори халқамонро бо диққати том мутолиа намоем, — менависад Эмомалӣ Раҳмон ва таъкид мекунад, — аз ҳар саҳифаи гузаштаи ниҳоят пуршебу фарозаш сабақ омӯзем, аҷдоди номбардори худро шиносем, аз решаҳои қадимаи миллати хеш огоҳ бошем, ба мардуми бумӣ, фарҳангиву тамаддунсоз, ҳунарманду эҷодкор ва соҳибмаърифат будани халқамон ифтихор кунем, таърих, забон, фарҳанг ва суннату анъанаҳои миллиро ҳифз намоем.”

      Барои суръату сифат пайдо кардани раванди омӯзиши китоби “Тоҷикон…” бо ташаббуси Пешвои миллат озмуни “Тоҷикон – оинаи таърихи миллат” роҳандозӣ шуд. Дар баробари талқини омӯзиши “Тоҷикон…” равандҳои ҳавасмандкунӣ пешниҳод гардид, ки дар бастагӣ бо хулқу равони ҷавонони имрӯза, хеле муҳим менамояд. Ва озмун дар асл масъулият аст. Масъулияти ҳамаи шаҳрвандони Тоҷикистон новобаста аз миллату мазҳаб. Зимни ташаббусҳои Сарвари давлат ва натиҷагирӣ аз озмун мисраҳои шоири таърихдон Бозор Собир ба хотир мерасад:

Ин замон бозори нони тоҷикон бе муштарист,

Лек бозори китобаш бе дусад муштоқ нест,

Ҷойи нони хонагӣ бар каф китоби хонданист,

Ҳамчу болоӣ ба болои китоби “Тоҷикон.”

Тоқдони хонаи мо ҷойи дастархони мост,

Тоқдони чашми мо ҷойи китоби “Тоҷикон”…

Дар партави ташаббуси Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон месазад ба чанд паҳлу дар омӯзиши китоби Бобоҷон Ғафуров “Тоҷикон…” таваҷҷуҳ кард:

— Омӯзиши бечунучарои китоб, ки ҷараён дорад;

— Механизми омӯзиши бисёрсамта ва дастрас ба василаи навиштани дастурҳо, дастовардҳои тозаи илмӣ дар забоншиносӣ, таърих ва илмҳои дақиқ;

— Бо дастовардҳои тозаи илмӣ устувор намудани ғояҳои фозилонаи академик Бобоҷон Ғафуров. Ба омма расондани натиҷаҳои дастовардҳои бостоншиносон. Дар ин раванд ба пажуҳиши дақиқи маҳаллҳои кишвар таваҷҷўҳи ҷиддӣ зоҳир кардан, ки таърих аз умумияти падидаҳои ҷузъӣ иборат мебошад.

— Ба мардум мафҳум сохтани фарзияҳои илмӣ ва воқеияти таърихӣ, дар мавриди гузаштагони худ, ки дастаки ҳаннотони таърих ва бадгӯёну маҳалпарастон шудаанд (фаҳмиши Зардуштия, издивоҷи суғдиёну ҳайтолиён;)

— Муқовимати сахту шаддид бо рақибоне, ки дар дохил ва хориҷ дасту даҳон кушодаанд;

— Истифодаи радио, телевизион – дар маҷмуъ ВАО – и кишвар ва василаҳои иттилоотии хориҷӣ;

— Омода сохтани филмҳои бадеӣ, мустанад ва аниматсионӣ;

— Нашри ҳикоёти ҷолиб аз зиндагиномаи қаҳрамонон ва диловарии ниёгон ва ҳаводиси таърихӣ дар заминаи сарчашмаҳо.

Дар равиши баҳогузории беғаразонаи Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебояд эътироф кард, ки аз нашри китоби Б. Ғафуров “Тоҷикон…” бештар аз ним аср гузашт. Дар замоне офарида шуд, ки аллома Бобоҷон Ғафуров на аз ҳама имкониятҳои фитриаш истифода карда тавонист. Реҷаи Шӯравӣ, принсипҳои интернатсионализми пролетарӣ, умумияти халқи советӣ ва чеҳраҳои машҳури сиёсату илми ҳамсоягон ба баёни ҳақиқати таърихӣ монеъ мешуданд. Дар ҳоле, ки мавқеи Бобоҷон Ғафуров ҳамчун ходими намоёни сиёсӣ ва таърихнигори мумтоз дар шинохти ҳаққи тоҷикон маълуму маъруф буд вале буданд омилҳое, ки монеаҳо эҷод мекарданд.

Ҳамзамон, ҳақ ба ҷониби Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аст, ки аз давраи нашри китоб то “…ин муддат илмҳои ҷомеашиносӣ, пеш аз ҳама, таърихшиносиву бостоншиносӣ хеле рушд намуда, ба дастоварду кашфиёт ва таҳқиқот ноил гардидаанд.”

Пас аз нашри китоби “Тоҷикон…”, балки баъди марги олими шаҳир соли 1977, ёдгории асри биринҷи Саразм, ки ба феҳристи осори шигарфи моддии ЮНЕСКО дохил аст, кашф гардид. Ёдгории Ғелоту Дарнайчӣ ва Кангуртут аз саҳифаҳои тозаи шаҳрсозӣ дар асри биринҷ, дар соҳили рӯди Йохсу маълумот доданд. Бостоншиносон дар Фархор осори хеле куҳанро дарёфтанд, ки молики чор ҳазор сол мебошад. Дар ин раванд намунаи барҷастаи шаҳрсозӣ дар минтақаҳои Тоҷикистон: Хуҷанд, Истаравшан, Кӯлоб, Ҳисор, Ҳулбук, Мунк ва Сайёд асрорашонро ба бостоншиносон намуданд. Хуб рушан аст, ки баррассӣ ва пешниҳоди осори пасин дар пурра гардидани таърихи халқи тоҷик аҳаммияти бағоят бузург дорад.

“Тоҷикон…” маҳсули пажуҳиши солҳои зиёд ва намунаи барҷастаи осори академи аст. Аз як тараф пажуҳишгаронро лозим аст, ки шева ва сабки истифодаи манбаъ ва адабиёти сершуморро аз олими шаҳир биёмӯзанд, ҳақиқатро аз ҳақиқатгуна тафриқа гузоранд, далелу асноди сараро ба ҳифзи манфиатҳои миллӣ истифода намоянд. Дар ин раванд бобоҳои якум ва дуюми китобро, ки барои хонандаи оддӣ ва ғайриҳирфаӣ душвориҳои зиёдро ба бор меорад, тафсир намоянд. Аз сабаби он, ки омӯзиши китоб на барои як солу ду сол аст шарҳи сода ва мафҳуми он, хеле мухтасар ба суди ҷомеи Тоҷикистон хоҳад буд.

“Тоҷикон…” – и Бобоҷон Ғафуров асоси назариявӣ ва дастурҳои роҳбари давлат Эмомалӣ Раҳмон мебояд роҳнамои амали донишмандони таъриху фарҳанг буда бошад. Дар ин раванд омӯзиши мушаххас ва комили ҳаводис ва падидаҳои таърихӣ ба нафъ ва суди миллатанд. Чуноне Бобоҷон Ғафуров аз ҳамлаи араб ёд оварда, аз корномаи мардуми Кӯлоб бо ифтихор васф ва таъкид мекунад: “Арабҳо дар муҳорибаи Хатлон чунон сахт шикаст хӯрда буданд, ки дар муддати бештар аз даҳ сол ишғол кардани онро ҳатто ба гӯшаи хотир ҳам намеоварданд.” Ин падидаи зафаровар сазовори омӯзиши пурра ва тарғиб аст.

Ишораи аллома Бобоҷон Ғафуров ба муҳорибаи соли 725 дар назди Кӯҳи Намак, шикасту шармандагии Асад ибни Абдуллоҳ ва тавлиди суруди тамасхуронаи “Аз Хаталон омадия…” мебошад. Тавлиди ин суруд ва чанди дигар аз корномаи мардуми Хатлон намунаи барҷастаи ҳифзи ному нанг буда, ҳамзамон нишонаи ташаккул ва ҳифзу пок нигоҳ доштан забони модарӣ низ ҳаст.

Чанде пас ба пайкори музаффариятноки Кӯҳи Намак (маъруф ба Хоҷа Муъмин) ва эҷоди суруди таърихӣ 1300 сол пур мешавад. Мебояд ин рӯхдоди таърихиро ҳамаҷониба ташвиқ ва тарғиб намуд. Месазад аз пирӯзии халқи точик бар муқобили араби истилогар филмҳои мустанад ва бадеӣ таҳия кард. Хосса лаҳзаи риққатовару шигифтангезе, ки дар “Таъриху-л- расул ва –л-мулук сабт шудааст. Бино ба навиштаи Бобоҷон Ғафуров бори дигар Асад ибни Абдуллоҳ бо лашкари 30 ҳазор нафара соли 737 ба Хатлон ҳуҷум кард. Аз ҷониби Хатлон сарварӣ ба дӯши Бадр-Тархон буд. Асад аз дарёи Омӯ гузашта, ба самти Кӯҳи Намак ҳаракат кард ва бо дастаҳои Бадр дар набард шуда, қалъаи Хуталро муҳосира намуд. Бадр -Тархон баъди муҳосира маҷбур шуд бо арабҳо сулҳ бандад.

Асад ибни Абдуллоҳ яке аз наздикони худро ба назди Бадр – Тархон фиристода, ӯро барои бастани сулҳ фаро хонд ва кафолат дод, ки ӯро саломат ба қалъаи худ бозмегардонад.

Аз мунозираи Бадр-Тархон бо Асад ибни Абдуллоҳ муаррихи мумтоз Табарӣ хотира кардааст, ки басе шигифтангез аст. “Нахуст (Асад ибни Абдуллоҳ – Ҷ.А.) сулҳро напазируфт ва гуфт:

— Ту марди бегонаи аз мардуми Бомиён, чунон ки ба Хатлон омадаӣ аз он ҷо берун шав.

Бадр -Тархон гуфт:

— Ту бо даҳ аспи думбурида ба Хуросон омадӣ ва агар аз он берун шавӣ бо камтар аз пансад шутур нахоҳӣ рафт. Ва ман бо чизе ба Хатлон омадаам, онро ба ман боз деҳ то чунон ки ворид шудаам аз он берун шавам.

Асад гуфт:

— Чӣ буд?

Бадр – Тархон гуфт:

— Ҷавон будам, ки омадам ва бо шамшер мол ба даст овардам ва Худо хонадону фарзанд ба ман насиб кард, ҷавонии маро бидеҳ то аз Хатлон биравам. Мегӯӣ аз пеши хонадону фарзандони хеш биравам, маро бе хонадон ва фарзандон будан чӣ суд?

Ин сухан Асадро хуш наёмад, Бадр-Тархонро дар банд кард ва ба Абӯасад супурд, ки ӯро шабонгаҳ ба урдӯгоҳ бибарад.

Бадр – тархон бидонист, ки паймони вайро шикаста ва реге бардошт ва ба тарафи осмон афканд ва бигуфт:

— Ин паймони Худост!

Он гоҳ реги дигаре гирифт ва ба тарафи осмон афканд ва бигуфт:

— Ин паймони Муҳаммад (с) аст!

Дар паймони амири мӯъминон ва паймони мусалмонон низ чунин кард. Асад бигуфт, то дасти ӯро бибуриданд.

Пас аз он Асад яке аз бани Аздро даъват кард, ки Бадр – Тархон яке аз ин қавмро кушта буд.

— Асад гуфт:

— Гарданашро бизан! Ва ӯ чунон кард.

     Пас аз он Асад бар қалъа тасаллут ёфт… Он гоҳ Асад сипоҳро ба дараҳои Хатлон пароканд.”

     Манзара ё саҳнаи шигифтангезест, ки аз диловарӣ ва ватандӯстии ҷавонмардони сарзамин далел мебошад. Куҷост адибе, ки ситоиши зумраи номоваронро ба имрӯзиён бинмояд? Як саҳнаи хотирмоне хоҳад буд барои филмномаҳои таърихӣ. То ҳар фарди ватандор аз дину диёнат ва фаросату хиёнати араби биёбонгард воқиф бишавад. Ва ин ҳама дар гирду ванаи Кӯҳи Намак ва инак маъруф ба Хоҷа Муъмин сурат гирифта буд.

    Дар ҳамин рав мебояд шикасти шармандавори араб ва тавлиди шеъри тоҷикиро таҷлил кард. Дар илми сарчашмашиносӣ он аз қотеътарин далел дар шинохти руҳи бешикасти мардуми тоҷик бар лашкари сершумор ва ҷангдидаи сагалдак аст. Ва ҳам мебояд дарк намуд, ки бо назокат тамасхур фармудани мардуми оддӣ ишораест аз ташаккули забони тоҷикӣ дар минтақа. Хидмати арзандаи мардумро дар ин фан қоил бояд шуд. Таърихнигорон собит кардаанд, ки тарона тасодуфӣ набудааст. Ҳамзамон пораи таронаи дигар, ки маҳалли пайдоишаш шаҳристони Ҳулбук аст, шаҳодати дигар хоҳад буд.

     Дар заминаи омӯзиши китоби “Тоҷикон…” ва дастурҳои ташаббускоронаи Сарвари давлат мебояд барои таҳқиқ ва тарғиби ҳамаҷонибаи ин падида шуғл варзид ва конференсияи илмиро бар сатҳи байналмилал созмон дод. Ширкати олимони ҳамзабон ва донишмандони ҳамсоя, Россия ва Аврупо ба суди таъриху фарҳангамон хоҳад буд.

    Бо дарназардошти ин ҳама зимни нишондодҳои Раҳбари давлат мебояд талош варзид бо такя ба манбаҳои хаттӣ, бостоншиносӣ, сикашиносӣ ва меъморию монументалӣ маводе омода шавад, ки мафҳуму дастрас ва ҳам намунаи механизми дарки сараи китоби “Тоҷикон…” дар маҳаллҳо бошад.

    Бино ба қавли коршиносон ҳикоёт аз замони гузашта, ё таърих фақат аз ҷангу хунрезиҳо, ҳукумати шоҳон ва тороҷгариву лашкаркашиҳо иборат набудааст. Таърих рӯзгор ва зиндагиномаи мардуму давлатсозон, саҳифаҳои дурахшон ва хоссаи давронҳост, ки ба василаи осори моддӣ ва маънавӣ муҷассам мешавад. Метавон ба ин васила ва осори катбӣ манзараи нисбии замонаро барқарор кард.

    Солҳои тулонист, ки китоби Б.Ғафуров “Тоҷикон…” ва пажуҳишҳои қаблиаш дар заминаи сарчшмаҳои боэътимоди хаттӣ, бозёфтҳои археологӣ, пажуҳиши таърихшиносону заабоншиносони хориҷию ватанӣ пойдевори дастурҳо ва китобҳои таълимианд. Ва ҳич гоҳ аз муомила ва истифода намеафтанд. Аммо баъзе нуктаҳое, ки дар “Тоҷикон…” аз рӯзгори ниёгонамон нигориш доранд аз ҷониби рақибони миллат, хурофотпарастони ҳамватан ва зумрае аз маҳаллгароён барои ҳангома ва тамасхур истифода мешаванд. Аз бадманишӣ ва бадгуҳарии онҳост, ки ба далерӣ, шуҷоат ва дастовардҳои халқи бузургамон таваҷҷуҳ накарда, ба нуктаҳои хурдагирӣ мекунанд, ки таърих аст. Ва инкори санадҳо раванди ташаккули инсониятро нокомил мегардонад. Табиист, ки то расидан ба зинаҳои тамаддун одам чи печутобҳоеро дар рӯзгор сипарӣ намудааст. Бо иллати дарк накардани зинаҳо ва марҳилаҳои рушд дар вохӯрӣ ва суҳбатҳо шахсе пайдо мешавад, ки аз он суол мекунад. Ва ҳам муғризона ба осори гаронбаҳо соя дармефиканад.

      Сухан атрофи андешаҳои баҳсбарангези таърих аст. Барои мисол дар заминаи навиштаҷоти сайёҳони чинӣ Бичурин ба хулосае меояд, ки дар байни Ҳайтолиён полиандрия (сершавҳарӣ) расм буд. “Бародарон як зани умумӣ доранд, зани шавҳараш бе бародар, яъне зани якто шавҳар дошта кулоҳи якгӯша мепӯшад; зани сершавҳар кулоҳе мепӯшад, ки чанд шавҳар дошта бошад, ҳамон қадар гӯша дорад; дар либос ҳам мувофиқи шумораи шавҳар пӯпак дӯхта мешавад.”

       Бичурин оё ин нуктаро сареҳан тадқиқ кардааст? Магар ба зайле нашуда бошад, ки сайёҳи чинӣ маълумотро аз забони рақибе шунида ва навиштаи дигаре бардошта бошад. Бостоншиноси шинохта Е.П. Денисов аз қавли Сюан Тсзан менависад, ки: “Ту – хо – ло аз сарзамине намояндагӣ мекунад бо мувофиқати кӯҳманзар бо водиҳо ва заминҳои ширадори серҳосил. Занҳои шавҳардор кулоҳҳоро бо шохҳои чӯбин ба сар мекунанд: шох аз пеш нишона аз шӯдорӣ ва аз пас аломати модар будан аст.”

      Чунончи, дар бахши “Сюан Сзан ва Хой Чао дар бораи Суғд” мухталифоти афкор вуҷуд дорад. Яъне ихтилоф дар навиштаи худи сайёҳон. Барои мисол Сюан Сзан (соли 629 ба Суғд омада буд), менависад: “Мардуми ин кишвар нисбат ба мардуми кишварҳои дигар дар санъат ва ҳунар пешқадам мебошанд… Аҳолӣ серғайрату пухтакору нотарсу далер мебошад. Ин кишвар дар мобайни кишварҳои “барбарӣ” ҷой гирифтааст. Тамоми халқҳои ҳамсоя дар хушахлоқӣ ва накӯкорӣ аз суғдиён ибрат мегиранд.”

     Зарурат дорад ба мардум фаҳмонд, ки ин таассуроти як бегона аст. Ва шояд барои ғароиботи сафар ва аҷобати зиндагиномаи халқҳо Хой Чао ин сифатҳоро барои мардум баста бошад. Ва Б.Ғафуров ҳамчун донишманди боназокат навиштаи сайёҳро тағйир надодааст. Ҳол он ки чиноии дигар Сюан Сзан аз мардуми Суғд бадгӯӣ накардаст.

   Аммо ҳангомаҷӯён ва раќибони ғоявӣ сифати зебои сайёҳонро нодида ба ҷумлае мечаспанд, ки на таъкиди Б. Ғафуров аст ва на баҳои олим. Балки бардошти Хой Чао аст, ки пас аз як аср (соли 726) ба Суғд омада буд. Ӯ навиштааст: “… Либоси мардум пахтагин аст ва шалвор ва ҷомаҳои онҳо пашмин. Мардон саллаи сафед мебанданд ва ришу мӯйсари худро тоза метарошанд. Забони онҳо аз забони мардуми мамлакатҳои ҳамсоя фарқ дорад. Урфу одати онҳо бад аст – ҳар занеро, ҳатто модар ва хоҳари худро ба занӣ мегиранд. Дар Эрон ҳам мард ҳақ дошт модарашро ба занӣ гирад.” Донишмандонро зарур аст барои ҳифзи таърихи хушрангу анъанаҳои шигарфу ҳикматомез силоҳи тавонои илмӣ аз бар намоянд. Ончуноне, ки замони пуртазод шоҳид аст таҳрифкорону бадгӯён дар ҳама давру замон вуҷуд доштаанд.

     Дар баробари ин ҳама муҳаққиқро мебояд ба ҳар чузъи таърихи ватан бепарво ва бетафовут набошад. Омӯхтани ҳар қитъа ба имрӯзиён ахбори нав медиҳад. Чунончи аз осори бостоншиносӣ маълум мешавад дар аҳди куҳан дар ду тарафи рӯди Ёхсу ва сарзаминҳо аз саргаҳу миёни Ёхсу ва Сурхоб, ки дар аҳди қадим Баҳманрӯд низ хонда мешуд ва парҳуни ду кӯҳи намоёни Хоҷа Муъмин ва Хоҷа Сартез маҳалҳои ободон ва шаҳристонҳои зебое қомат барафрохта буданд. Бозёфтҳои солҳои охири олимони Пажӯҳишгоҳи таърихи АИ федератсияи Россия бо сарварии Н. М. Виноградова ва Пажӯҳишгоҳи таърих, бостоншиносӣ ва мардумшиносии Академияи Миллии ҶТ, бо ҳузури академик Ю. Ёқубшоҳ, Т. Филимонова, Ш. Қурбонов дар мавзеъҳои соҳили рости рӯди Ёхсӯ: Осмонбика, Пӯшиён, Сартез, Ғелот, Кафтархона, Каримбердӣ, Қайнар, Хуҷағалтон, Манзартеппа матнҳои қадимро тасдиқ мекунанд. Дар чанд соли охир осоре ба даст омад, ки қаблан пайдо карданашро бостоншиносон орзу менамуданд.

    Бар замми он чи гуфта шуд моро лозим аст ба омӯзиши рамзу намодҳо, ки дар санъати меъморӣ, монументалӣ ва куртаҳои чакан муҷассам шудаанд, ҳиммат бигуморем. Барои он ҳунари кӯкзанӣ ва гиреҳкушоиро монои чакандӯзон, ки тимсоли амали пажуҳишгарони асил мебошад, ёд бигирем.

    ҶОНИБЕК АСРОРИЁН — мудири кафедраи Таърихи халқи тоҷик, ДМТ.

    ИБРОҲИМОВ СОРБОН ТОИРОВИЧ — мудири кафедраи “Фанҳои гуманитарӣ”-и МДТ “Коллеҷи тиббии ш.Кӯлоб ба номи Раҳмонзода Р.А.”

Дигар маълумотҳои ин категория

Шарҳ додан

Суроғаи почтаи электронии шумо нашр карда намешавад.