ПАРЧАМИ МИЛЛӢ ИФОДАГАРИ ОЗОДИИ МИЛЛӢ

0 13

      Миллати тоҷик чи гуна дар давраҳои хосси таърихии худ дорои парчам ва нишони хеш буд, дар овони соҳибистиқлоли низ дорои парчами миллӣ худ мебошад. Парчами миллӣ ифодагари озодии миллӣ ва баёнгари соҳибихтиёрии давлат маҳсуб мегардад, ки дар он таърихи бойю ғанӣ ва ояндаи дӯрахшони миллат таҷҷасум гаштааст. Маҳз бо шарофати бозгашти истиқлол миллати тоҷик дигарбора соҳиби давлати озоду соҳибихтиёр гардид, ки ин марҳилаи бунёди давлати миллӣ ба шумор мерафт. Дар ин масир ҳифзи арзишҳои миллӣ, дастовардҳои таърихию фарҳангӣ ва рукнҳои давлатдории тоҷикон муҳим арзёби гардид ва зарурати таҷҷасум гардидани онҳо дар рамзҳои давлати дар ин марҳилаи нави давлатдори ба миён омад. Махсусан васл намудани андӯхтаҳои тамаддуни ориёи ба рукнҳои давлатдори, инчунин ифодаёбии онҳо дар рамзҳои давлати аз махсусиятҳои давлати навини тоҷикон мебошад.

          Бо назардошти ин ҳама баъд аз қабули эъломия дар бораи Истиқлолияти давлати аз сӯйи Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон комиссия дар бораи тартиб додани нӯсхаи нишон ва парчами миллӣ таъсис дода шуд. Баъд аз барраси ва муҳокимаронии тӯлони аз сӯйи вакилон нӯсхаи парчам бо рангҳои сурх, сафед ва сабз ҳамчун парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб гардид ва дар заминаи он қарорҳо дар бораи нишон ва парчами миллӣ қабул гардид. Парчами миллӣ, ки дар рӯйи он се рах кашида шуда, рахи болои аз ранги сурх, рахи сафед аз марказ ва аз поён бошад рахи сабз тасвир ёфтааст баёнгари озодии миллӣ мебошад.

     Дар соли 2010 бо ташаббуси Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бунёди манораи бузурги парчам дар яке аз мавзеъҳои зеботарини пойтахти кишвар оғоз ёфт, ки дар арафаи 20-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ифтитоҳ гардид, ки мавзеи ҷойгиршавии он «Майдони парчам» номгузорӣ шуд, ки Парчами давлатӣ дар баландии 165 метр, паҳноии 30 метр ва бо дарозии 60 метр афрохта шуд, ки дар китоби рекордҳои Гинес шомил гардид. Ҷанбаи байналхалқӣ-ҳуқуқии парчами давлатӣ дар муайян кардани доираи татбиқи юрисдиксия ва муқаррар кардани фазои давлатӣ ифода мегардад. Тибқи қонунгузории ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон шахс агар дар киштии обӣ ё ҳавопаймое,  ки таҳти Парчами Ҷумҳурии Тоҷикистон дар обҳои кушод ё фазои ҳавоӣ берун аз ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳаракаткунанда ҷиноят содир намояд, мутобиқи Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон (банди 3 моддаи 14) ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашида мешавад. Агар шахс дар киштии ҳарбии обӣ ё ҳавопаймои ҳарбии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиноят содир намояд, новобаста  аз  маҳалли содиршавии ҷиноят, шахст ибқи Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷавобгарӣ кашида мешавад.

     Парафшонии Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар пешгоҳи бинои Созмони Милали Муттаҳид ва биноҳои созмонҳои байналхалқии универсалию минтақавӣ ифодагари эътирофи Ҷумҳурии Тоҷикистон чун узви комилҳуқуқи онҳо мебошад.

      Бо ибтикори Президенти кишвар ба нишони эҳтирому садоқат ба парчами миллиамон ва гиромидошти ин рамзи давлатӣ соли 2009 24-уми ноябр ҳамчун Рӯзи Парчам эълон шуд.

      Имрӯз парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун муқаддасоти миллӣ ва рамзи давлатӣ дар тамоми чорабиниҳои расмӣ, мусобиқаҳо, маҷлисҳои тантанавӣ, мулоқоту вохӯриҳои сатҳи давлатӣ ва байналмилалӣ баланд бардошта мешавад.

         Мояи ифтихор аст, ки «Дирафши Ковиён» то замони мо аҳамияти таърихии худро ҳифз карда омадааст ва он дар маркази Ливои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷойгузин гардида, ҳамчун нишони абадияту бардавомии таърихии давлатдории миллии точикон маҳсуб меёбад.

       Президенти кишвар, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо ифтихор аз таърихи парчамдории миллати тоҷик иброз доштаанд, ки «Ҳанӯз дар парчами Куруши Кабир тасвири уқоб, ки нишонаи қудрату тавоноист, нақш гардида, он рамзи як давлати неруманди замона ба ҳисоб мерафт. Ливои Коваи Бузург  бошад — нишонаи равшани  муборизаву ҷоннисориҳои ниёгони мо мебошад».

     Аз ин рӯ, бузургдошти Парчами давлатӣ-арчгузорӣ ба таҷрибаи давлатдории гузуштагони форсу тоҷик маҳсуб ёфта, ҳимоя ва қадрдонии он ба кушишҳои ҳар як фарди ҷомеа тавъам мебошад.

      Аз он баъд низ  миллати тоҷик рисолати тамаддунофарии худро ҳамеша ҳифз намуда, дар интиҳои асри гузашта ба  истиқлолияти комил шарафёб  шуд.

       Парчами Тоҷикистони соҳибистиқлол 24-уми ноябри соли 1992 дар Иҷлосияи таърихии шонздаҳуми Шӯрои Олии Ҷумхурии Тоҷикистон қабул гардида, аз ҳамон давр инҷониб 24-уми ноябр ҳамчун Рӯзи парчами миллӣ  аз ҷониби мардуми сарбаланди кишвар бо шукуҳу шаҳомат таҷлил мегардад.

         Парчами миллӣ ҳамзамон ифодагари орзую омоли миллату давлат аст. Вай маҷмӯи рамзҳост, ки як ҷаҳон маъниро ифода менамояд. Дар маркази Парчам гузошта шудани ранги сафед ифодагари орзую омол ва ҳадафҳои миллату давлат мебошад. Бо ин рамз мо маҷозан ба тамоми оламиён маълум менамоем, ки роҳи мо, ҳадафи мо, кӯшишу талоши мо ҳамагӣ сафеду пок ва беолоиш аст. Ин роҳу равишро мо ҳам барои худ ва ҳам барои тамоми оламиён орзу дорем. Ранги сурх маънои миллати мубориз будани моро ифода менамояд. Ин миллат дар тӯли таърих бо нобасомониҳои зиндагӣ, душворию талхии ҳаёт, душманони дохилию хориҷӣ мубориза бурд ва дар оянда низ мубориза хоҳад намуд. Яъне, миллат миллати мубориз аст. Вай бо сари баланд тавассути меҳнату талош ва муборизаҳои шадид ба ҳамаи ҳадафои худ ҳатман даст меёбад.

         Ранги сабз рамзи сарсабзию шукуфоии миллат аст. Яъне, чун хадафи миллату давлати мо поку беолошиш аст, мо тавассути муборизаҳои фидокоронаи фарзандони баномуси миллат давлати худро ба баҳори ҳамешасабзу хуррам мубаддал мегардонем ва ин сарсабзию хуррамиро барои тамоми миллатҳои ҷаҳон хоҳонем.

         Парчамро дар баробари забону фарҳанг, нишону суруди миллӣ ва қаламрав муқаддас медонанд. Аз давраҳои қадим то ба имрўз парчам ба ҳайси як нишона, як аломати қавми муайян, халқи муайян ва миллати муайян хидмат кардааст. Дар парчамҳои халқҳои гуногун, пеш аз ҳама, ҷуғрофиё, иқтисодиёт, фарҳанг, заминаҳои таърихию тамаддуни ин ё он кишвар ва ё он халқ инъикос ёфтаанд. Аз ҷумла, парчами Ҷумҳурии Тоҷикистон низ ифодакунандаи дастовардҳои фарҳангию иҷтимоӣ ва иқтисодии миллат аст, ки аз даврони қадим бо халқи мо ҳамқадаму ҳаммаром будааст.

Латипов Сафаралӣ Шералиевич

Сардор шуъбаи таълим-и  Муассисаи давлатии таълимии  «Коллеҷи тиббии  шаҳри Кӯлоб ба номи  Раҳмонзода Раҳматулло Азиз»

Дигар маълумотҳои ин категория

Шарҳ додан

Суроғаи почтаи электронии шумо нашр карда намешавад.