ТАҶЛИЛИ РӮЗИ ҶАВОНОН 0 14 Мубодила кардан Санаи 23 майи соли равон дар МДТ “Коллеҷи тиббии шаҳри Кӯлоб ба номи Раҳмонзода Раҳматулло Азиз” бахшида ба “Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон” чорабинии фарҳангӣ таҳти унвони «Поянда бод ҷавонӣ ва ҷавонон» ташкилу баргузор гардид. Ҳамоишро бо сухани ифтитоҳӣ директори муассиса доктори илмҳои тиб Азиззода Зубайдулло Абдулло оғоз бахшида, ҷавононро бо ин рӯз табрик намуд ва саҳми онҳоро дар рушди ҷомеъа арзишманд арзёбӣ намуд. Ҳамзамон қайд карда шуд, ки ҷавонон дар ҳама давру замон нерӯи пешбаранда ва созандаи ҷомеа ба ҳисоб мераванд. Вобаста ба ин, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон чунин таъкид кардаанд: “Имрӯз ҷавонони мо бо азму иродаи қавӣ ва бо завқи баланд илму донишҳои муосирро азхуд намуда, дар соҳаҳои гуногуни ҳаёти давлату ҷомеа ва ба хотири рушди кишвари маҳбубамон саъю талоши фаъолона доранд ва аз ин ру, имрӯз рушди сиёсиву иқтисодӣ ва иҷтимоиву фарҳангии ягон давлатро бе иштироки фаъолонаи ҷавонон тасаввур кардан аз имкон берун аст”. Сипас сухан ба роҳбари Созмони кор бо ҷавонони Муассиса Ятимов Алишер Рустамхонович дода шуд. Мавсуф зимни суханронӣ қайд намуданд, ки барои баланд бардоштани маърифати ҷавонон, ҷалби онҳо ба илмомӯзиву донишазхудкунӣ, дастгирии ҷавонони соҳибистеъдод ва барои таҳкими ҳисси ватанпарастии ҷавонон ҳамагуна барномаҳои мақсаднок таҳия ва амалӣ мегарданд. Дар заминаи ташаббуси Президенти кишвар аз 22-юми майи соли 1998 23-юми май “Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон” эълон гардид. Ин ташаббус аз дастгирии роҳбари давлат нисбат ба ҷавонон шаҳодат медиҳад. Мавсуф дар баромадашон қайд намуданд, ки аз ин дастгириҳои хирадмандонаи Пешвои миллат бояд ҳар як ҷавон рӯҳбаланд гардида, аз шароитҳои имрӯз дар ҷумҳурӣ барои онҳо муҳайё шуда самаранок истифода намоянд, пайи омӯзиши касбу ҳунар бошанд то Тоҷикистони мо сол аз сол рушд намудан гирад. Дар чорабинӣ ба донишҷӯёни фаъоле, ки дар озмунҳои фанӣ ва мусобиқаҳои сатҳи шаҳрию ҷумҳуриявӣ сазовори ҷойҳои намоён гашта буданд ифтихорнома ва тӯҳфаҳои хотиравӣ тақдим карда шуд. Ҳамчунин дар хобгоҳи донишҷӯён озмуни хона ва ошёнаи беҳтарин ҷамъбаст гардида, ғолибони он бо ифтихорнома ва тӯҳфаҳои хотиравӣ қадрдонӣ гардиданд. Роҳбари Созмони кор бо ҷавонон Ятимов А.Р. Раиси Иттифоқи касабаи донишҷӯён Хушвахтова Г. Пеш 1 то 45 саҳифа Баъдӣ 0 14 Мубодила кардан