САРБАЛАНДИВУ ШУКУҲУ ИФТИХОРАМ ПАРЧАМ АСТ

0 5

          «… муҳаббат ва эҳтироми парчами миллии мо бояд дар қалби ҳар фарди банангу номус маъво дошта бошад ва ӯро ба ифтихор аз давлату давлатдорӣ, таҳкими истиқлолияти миллӣ ва ҳифзи дастовардҳои он ҳидоят намояд. Яъне, эҳтиром ва арҷгузорӣ ба парчами давлатӣ ҳамчун рамзи давлати соҳибистиқлоли тоҷикон бояд рисолати таърихӣ, қарзи фарзандӣ ва вазифаи шаҳрвандии ҳар фарди ҷомеа бошад».

                                                            Эмомалӣ Раҳмон

        Парчам яке аз муқаддасоти миллӣ ва рамзи давлатдорӣ буда, ҳамчун муқаддасоти миллии дар ҳар давлату миллат махсусият ва таърихи худро дорост. Ҳамагон шоҳиданд, ки мардуми тамаддунофари тоҷик ҳанӯз аз замонҳои қадим дорои парчами худ буд. Парчами тоҷикон аз Диравши Ковиëн сарчашма гирифта, дар тӯли ҳазорсолаҳо ҳамчун ливои музаффарияту муваффақиятҳои тоҷикон буд.

        Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон 24-ноябри соли 1992 дар Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул карда шудааст.

         Бо ташаббуси Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар таърихи 19 ноябри соли 2009, таҳти №563 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рӯзҳои ид» (3 ноябри соли 1995 № 98) қабул карда шуд, ки дар асоси он 24 ноябр — Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун иди корӣ ҷашн гирифта мешавад.

     Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати Рӯзи Парчам дар таърихи 23-юми ноябри соли 2010 рангҳои парчами миллиро “Ифодагари роҳи таърихии халқи Тоҷикистон ва баёнгари арзишҳои фарҳанги миллӣ ва сиёсӣ” дониста, чунин иброз намуданд: “Ранги сурх – рамзи муборизаву ҷоннисории халқ барои озодӣ ва истиқлол, ранги сафед – нишони бахту саодат, умеду орзу ва ранги сабз – нишонаи сарсабзиву шукуфоӣ, сарбаландиву хуррамӣ ва абадият мебошад. Дар байни парчам тасвири тоҷ ва ҳафт ахтар ҷой гирифтааст, ки он ишора ба решаҳои таърихии давлатдории Тоҷикистони соҳибистиқлол мебошад”.

    9-уми сентябри соли 2011 ба муносибати 20-солагии Истиқлоли давлатӣ баландтарин парчам дар ҷаҳон (165 метр) дар пойтахти мамлакат шаҳри Душанбе бунёд шуд, ки он ба китоби Рекордҳои Гиннес ворид гардид. Пас аз ин санаи таърихӣ бунёди майдонҳои Парчам дар шаҳру ноҳияҳои кишвар ҳамчун иқдоми арҷгузорӣ ба ин рамзи давлат оғоз гардид.

    Парчами давлатӣ барои мо – тоҷикон нишонаи бақои давлат, ваҳдату ягонагӣ, ҳувияти миллӣ ва беҳтарин василаи тарбияи наврасону ҷавонон дар руҳияи ифтихор аз давлатдории миллӣ ва ҳифзи арзишҳои таъриху фарҳанги халқамон мебошад.

    Ҳамасола барои таҷлили Рӯзи Парчами миллӣ дар саросари ҷумҳурӣ чорабиниҳои гуногуни илмиву фарҳангӣ гузаронида шуда, ба Парчам шеъру суруд, оҳангу мусиқӣ, асару мақолаҳо аз ҷониби аҳли ҳунару зиёиёни мамлакат бахшида мешаванд. Ин иқдомот гувоҳи он аст, ки самимият ва садоқати аҳли ҷомеаи Тоҷикистон ба Парчам ва рамзҳою рукнҳои дигари давлатдории миллиамон воқеъист.

Декани факултети Кори Момодоягӣ Назарова З.

Дигар маълумотҳои ин категория

Шарҳ додан

Суроғаи почтаи электронии шумо нашр карда намешавад.