ТАҶЛИЛИ 30 СОЛАГИИ ТАЪСИСЁБИИ ҚУВВАҲОИ МУСАЛЛАҲИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

0 26

        Санаи 20 уми феврали соли ҷорӣ дар Муассисаи давлатии таълимии «Коллеҷи тибби шаҳри Кӯлоб ба номи Раҳмонзода Р.А.» чорабинии фарҳангӣ таҳти унвони «Артиши миллӣ — кафили сулҳу субот дар Тоҷикистон», бахшида ба таҷлили 30 юмин солгарди таъсисёбии Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикисон ташкилу баргузор гардид. Дар чорабинӣ собиқадорони хизмат дар Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз ҷумла: Мирзоев Ҳикматуллоҳ — раиси ташкилоти ҷамъиятии маъюбони «ҷанг дар Афғонистон» — и Ҷумҳурии Тоҷикистон; Аҳмадзода Сайдалӣ — директори ташкилоти ҷамъиятии маъюбони «ҷанг дар Афғонистон» дар манотиқи Кӯлоб; Азимов Сӯҳроб — муовини директори ташкилоти ҷамъиятии маъюбони «ҷанг дар Афғонистон» дар минтақаи Кӯлоб; Саидов Носир — аъзои раёсати ташкилоти ҷамъиятии маъюбони «ҷанг дар Афғонистон»-и Ҷумҳурии Тоҷикистон; Суфиев Бобо — аъзои раёсати ташкилоти ҷамъиятии маъюбони «ҷанг дар Афғонистон»-и Ҷумҳурии Тоҷикистон; Сайдамиров Сайдалӣ — аъзои раёсати ташкилоти ҷамъиятии маъюбони «ҷанг дар Афғонистон»-и Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирок доштанд.

       Чорабинии идонаро бо сухани ифтитоҳӣ муовини директор оид ба таълим Эмомова Сайлигул кушода, меҳмонон ва иштирокчиёни чорабиниро, бахшида ба ин рӯзи пуршукӯҳ табрик намуд. Сипас сухан ба Мирзоев Ҳикматуллоҳ — раиси ташкилоти ҷамъиятии маъюбони «ҷанг дар Афғонистон» — и Ҷумҳурии Тоҷикистон дода шуд. Ҳикматуллоҳ Мирзоев қайд намуданд, ки воқеан Қувваҳои мусаллаҳи мамлакат бо талошу заҳматҳои шабонарӯзии Пешвои муаззами миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рӯ ба рушд ниҳода, имрӯз ба як нерӯи пуриқтидори мудофиаи Ватан табдил ёфтааст. Таҳкурсии Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон моҳи феврали соли 1993 амалан дар ҷойи холӣ, яъне дар шароити набудани пойгоҳи моддиву техникии зарурӣ ва нарасидани кадрҳои баландихтисоси фармондеҳӣ гузошта шуд. 18-уми декабри соли 1992 аз тарафи Раиси Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Қарор «Дар бораи таъсиси Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон» ба имзо расид. 23-юми феврали соли 1993 нахустин паради ҳарбии Артиши миллӣ баргузор гардид ва он рӯз расман санаи таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон эълон гардид.

       Дар чорабинии идона Азимов Сӯҳроб — муовини директори ташкилоти ҷамъиятии маъюбони «ҷанг дар Афғонистон» дар минтақаи Кӯлоб суханронӣ намуда, аз ҷумла тазаккур дод, ки имрӯз ҳифзи Ватан, сулҳу субот, осоиштагии мардуми сарзаминамон – ҷавҳари асосии ҷомеаи демократӣ ва ҳуқуқбунёд мебошад. Мо бояд меҳру муҳаббат ва тамоми ҳастии худро ба он равона созем, ки мардуми Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳис намояд ва хотирҷамъ бошад, ки Артиши миллӣ қобили муҳофизати марзу буми кишвар ва истиқлолияти Тоҷикистонро дорад ва онҳо метавонанд хотирҷамъ  зиндагии осоишта дошта бошанд.

     Дар фарҷоми суханронии худ Азимов Сӯҳроб ба роҳбарияти коллеҷ ба муносибати 34-умин солгарди хурӯҷи нерӯҳои Шӯравӣ аз қаламрави Ҷумҳурии Исломии Афғонистон ва хизматҳои содиқона ба Ватан ва ҳамкории босамар бо ташкилоту созмонҳои собиқадорони Артиши миллӣ ва тарбияи ҷавонон дар рӯҳияи ватанпарастӣ Сипосномаи Раиси ташкилоти ҷамъиятии «маъюбони ҷанг дар Афғонистон» — ро тақдим намуд.

      Ҳамзамон аз тарафи маъмурияти муассиса ба тамоми  меҳмон ба хотири иштирокашон дар чорабинӣ ва таҷлил аз 30-юмин солгарди таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон Сипоснома ва тӯҳфаҳои хотиравӣ тақдим карда шуд.

     Чорабинии идонаро бахши фарҳангӣ ҳусни анҷом пазируфт.

                                Ятимов Алишер  — сардори бахши кор бо ҷавонон

Дигар маълумотҳои ин категория

Шарҳ додан

Суроғаи почтаи электронии шумо нашр карда намешавад.