ПЕШВОИ МО – ИФТИХОРИ МО!

0 18

     Санаи 17 ноябри соли 2023 дар Муассисаи давлатии таълимии «Коллеҷи тиббии шаҳри Кӯлоб ба номи Раҳмонзода Р.А» дар асоси нақша чорабиниҳои гурӯҳи ҷавонони «Авангард»-и ҚМ РВКД вилояти Хатлон оид ба гурӯҳи ноҳияҳои Кӯлоб бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Конференсия илмӣ таҳти унвони «Пешвои миллат-поягузорӣ давлати навини тоҷикон» ташкил ва гузаронида шуд. Дар чарабинӣ сардори ҚМ РВКД вилояти Хатлон оид ба гурӯҳи ноҳияҳои Кӯлоб полковники милитсия Абдураҳмонзода Ф. А., нозири калони ХОПҲНҶ ҚМ РВКД вилояти Хатлон оид ба гурӯҳи ноҳияҳои Кӯлоб майори милитсия Бобохонзода С. Х., директори Муассисаи давлатии таълимии «Коллеҷи тиббии ш.Кӯлоб ба номи Раҳмонзода Р.А» доктори илмҳои тиб Азиззода З. А., роҳбари гурӯҳи ҷавонони «Авангард» — и ҚМ РВКД вилояти Хатлон оид ба гурӯҳи ноҳияҳои Кӯлоб Ятимов А. Р. ва ҳайати омӯзгорон ва донишҷӯёни муассиса иштирок намуданд. Сухани ифтитоҳӣ ба директори Муассисаи давлатии таълимии «Коллеҷи тиббии ш.Кӯлоб ба номи Раҳмонзода Р.А» доктори илмҳои тиб Азиззода З. А., дода шуд. Зимни суханронӣ қайд намуданд, ки пас аз ба даст овардани Истиқлолияти давлатӣ санаи 9-уми сентябри соли 1991 ва имзои Созишномаи сулҳу ваҳдати миллӣ дар таърихи 27-уми июни соли 1997 ҳамагон ба Сарвар ва  поягузори ин ваҳдати деринтизору сартосарӣ, Президенти мамлакат, Ҷаноби Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон шукронаву сипосгузорӣ менамоянд, ки мардумро ба парастиши сулҳу ваҳдат ва муттаҳидию сарҷамъӣ ва дӯстию бародарӣ  ҳидоят намуд. Бояд зикр кард, ки таърихи тамаддуни башарӣ наметавонад он чиро сарфи назар намояд, ки асри XXI сиёсатмадори сатҳи ҷаҳониеро дар симои Сарвари тоҷикони ҷаҳон, Президенти мардумии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмонро ба дунё овард. Халқи тоҷик бо чунин абармарди миллат ифтихор дорад бо ӯ ба ҷодаи комёбиҳо устувор гом мегузоранд.

        Сипас сухан ба сардори ҚМ РВКД вилояти Хатлон оид ба гурӯҳи ноҳияҳои Кӯлоб полковники милитсия Абдураҳимзода Фатҳулло дода шуд. Мавсуф зимни баромади хеш қайд намуданд, ки ин фарзанди фарзонаи миллат ҳанӯз аз оғози кор ба   ҳалли масъалаҳои муҳими сиёсию иҷтимоӣ, хотима гузоштан ба ҷанги бародаркуш, баргардонидани гурезаҳои иҷборӣ, ба эътидол даровардани вазъи дохилии кишвар, мусодира намудани яроқу аслиҳа аз дасти гурӯҳҳои силоҳбадаст, ба ҳам овардани тамоми сокинони кишвар, барқарор намудани ваҳдати комил дар саросари кишвар, наҷот бахшидани кишвар аз вартаи қашшоқию камбизоатӣ, ба даст даровардани сулҳу оштӣ, таъмини ҳуқуқу озодиҳои шаҳрвандон, танзими муносибатҳои ҷамъиятӣ, эътирофи давлатдории тоҷикон аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ ва наҷот додани мардум аз гуруснагӣ, беҳтар намудани шароити таълиму тарбия, баланд бардоштани  ҳисси худогоҳию хештаншиносӣ, ватандӯстӣ, арҷгузорӣ аз таъриху фарҳанги ниёгонамон, эҳё намудани санъату ҳунарҳои суннатию мардумӣ ва шинохти бузургони миллат ҳадафҳои стратегии хешро омода намуда бо як матонату ҷасорати нотакрораш баҳри амалӣ намудани онҳо саъю талош намуд.
Хушбахтона, сарвари оқилу доно тавонист, ки дар як муддати кӯтоҳ дар соҳаҳои иҷтимоӣ, махсусан рушду такомули маориф, фарҳанг, тандурустӣ ва ҳифзу ҳимояи ҳуқуқу озодиҳои сокинони кишвар, волоияти қонун ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ дигаргуниҳои ҷиддӣ роҳандозӣ намояд.
Айни замон, бо шукргузорӣ аз фазои орому осуда, тантанаи адолати қонун, пойдории давлати ҳуқуқбунёду демократӣ ва шодию фараҳи рӯзгор мо ин ҷашни бузургро, ки таҷассумгари ормонҳои миллати тоҷик мебошад, таҷлил намуда истодаем.

     Бигзор, кишвари азизи мо таҳти роҳбарии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон боз ҳам хурраму зеботар гардад.

     Сипас зимни баргузории ҳамоиши ҷашнӣ дар Муассисаи давлатии таълимии «Коллеҷи тиббии ш.Кӯлоб ба номи Раҳмонзода Р.А» ба як қатор аъзоёни гурӯҳ, омўзгорон, донишҷуён ва афроде, ки бо мақомоти милитсия ҳамкори намуда, дар чорабиниҳои гуногуни гурӯҳи ҷавонони “Авангард” иштирок ва дастгирӣ намуданд бо  Сипоснома ва Ифтихорномаи ва тӯҳфаҳои хотиравии сардори ҚМ РВКД вилояти Хатлон оид ба гурӯҳи ноҳияҳои полковники милитсия Абдураҳмонзода Ф. А. бахшида ба Рӯзи милитсияи тоҷик, Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва 31 солагии баргузории Иҷлосияи 16-и Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон  дар вазъияти тантанавӣ қадрдонӣ карда шуданд.

Муовини директор оид ба корҳои тарбиявӣ Хушвахтова Г.

Дигар маълумотҳои ин категория

Шарҳ додан

Суроғаи почтаи электронии шумо нашр карда намешавад.